ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 21 2018


15.11.1920. Дар Женева-пойтахти Шветсария аввалин нишасти Ассамблеяи Лигаи Миллатҳо доир шуд.
15.11.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Раёсати Асосии Сиёсӣ (ГПУ) ба Раёсати Асосии Сиёсии Муттаҳида (ОГПУ) тағйири ном кард. Ниҳоди нав аз ҳайати НКВД бароварда шуда, вазоифи ҷазодиҳӣ низ аз он гирифта шуд.
15.11.1932. Дар собори (калисои ҷомеъ)-и Казани ш.Ленинград Осорхонаи дин ва атеизм ифтитоҳ ёфт. Он яке аз асоситарин марказҳои ошноӣ бо адёни ҷаҳонӣ дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт.
15.11.1982. Дар Маскав маросими дафни котиби генералии КМ ҲКИШ Леонид Брежнев барпо шуд. Брежневро дар Майдони сурхи Маскав ба хок супориданд. Ҳангоми дафн тобут канда шуда, бо шаст ба дохили гӯр фурӯ рафт.
16.11.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ шаҳри Керчро тасарруф кард. Бо ишғоли Керч нимҷазираи Қрим пурра ба дасти болшевикон гузашта, артиши сафедҳо охирин такягоҳи худро аз даст дод. Боқимондаҳои артиши генерал Врангел бошанд тариқи киштиҳо ба Туркия ва тунис интиқол дода шуданд.

Чоршанбе, Нояб 14 2018


8.11.1917. Шӯриши болшевикон дар Маскав. Баъди пирӯзӣ дар Петроград болшевикон дар Маскав алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ шӯриш карданд ва баъди задухӯрдҳои шадид тавонистанд пойтахти дуввуми кишварро низ ба тасарруфи худ дароранд.
8.11.1920. Артиши Сурх истеҳкомҳои Перекопро ишғол намуданд. Перекоп охирин садд дар роҳи ишғоли Қрим ба шумор мерафт. Ин нимҷазира охирин такягоҳи генерал Врангел ва нерӯҳояш буда, баъди ишғоли он сафедҳо ба пуррагӣ торумор гардиданд.
8.11.1943. Дар СССР ордени ҳарбии Ғалаба ва ордени Шарафи седараҷаӣ таъсис дода шуданд.
9.11.1923. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер баъди пивонӯшӣ дар пивохонаҳои Мюнхен нерӯҳои худро ба майдони марказии ин шаҳр баровард ва кӯшиш кард, ки ҳукуматро дар Мюнхен ғасб намояд. Аммо низомиёни олмонӣ садди роҳи фашистон шуда, шӯриши нозиҳоро пароканда карданд. Худи Гитлер ва Геринг дар рафти ин шӯриш ҷароҳат бардоштанд.
9.11.1940. Дар макотиби миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ ҷорӣ карда шуд.
9.11.1989. Оғози шикасти девори Берлин. Дарозии девори Берлин 45 км-ро ташкил медод ва дар ҷамъ девор миёни Олмони шарқӣ ва Ғарбӣ 120 км дарозӣ дошт.
10.11.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори комиссариати корҳои дохилӣ, ниҳоди милиса расман таъсис дода шуд.

Чоршанбе, Нояб 07 2018


1.11.1924. Дар АМО-заводи автомобилсозии ш.Маскав аввалин мошини боркаши шӯравии АМО-Ф-15 ҷамъоварӣ шуд. Тамоми қисматҳои мошин аз масолеҳи ватанӣ сохта шуда буданд ва 7 ноябр 10 мошини аввалин аз майдони Сурхи Маскав бо тантана убур намуданд.
2.11.1938. Дар СССР аввалин бор занон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шуданд. Нахустин қаҳрамонзанҳои шӯравӣ, ҳавонавардон Валентина Гризодубова, Полина Осипенко ва Марина Расков буданд.
2.11.1945.Ҷопони императорӣ дар ҷанги ҷаҳонии 2 шикаст хӯрд ва ба санади таслими бечунучарои худро имзо намуд.
3.11.1931.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Институти марксизм-ленинизм дар назди КМ ВКП(б) таъсис дода шуд. Он то охирин рӯзҳои мавҷудияти СССР фаъолият дошт ва яке аз бойтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои аввалин кишвари Шӯроҳо будӣ.

3.11.1983. Дар иёлоти Колифорниёи ИМА, дар рафти як семинар, ки ба бехатарии компютерӣ бахшида шуда буд, бори аввал мафҳуми "вируси компютерӣ" истифода шуд. Ин истилоҳро бори аввал донишҷӯи Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ Фред Коэн ба забон овард.

Панҷшанбе, Нояб 01 2018


24.10.1939. СССР ва Олмон созишномаи ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд. Тибқи он СССР ба Олмон ғалладона ва нафт интиқол медод ва дар иваз немисҳо технологияҳои муосирро ба СССР медоданд. Иттиҳоди Шӯравӣ то охирин лаҳзаҳо ба ин созишнома амал кард ва охирин қатораи ғалла ва нафт рӯзи 22.06.1941, дар рӯзи оғози ҶБВ ба Олмон интиқол дода шуд.
24.10.1941.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ 3-умин маркази интустриалии СССР-шаҳри Харковро тасарруф намуд.
25.10.1922. Соати 4 баъд аз зуҳр нерӯҳои Артиши Халқӣ-инқилобии ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии Иаким Убаревич ба Владивосток ворид шуданд. Худи ҳамин рӯз, охирин дастаҳои артиши японӣ Русияи Шӯравиро тарк карданд ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба поён расид.
25.10.1929. Оғози буҳрони умумиҷаҳонии иқтисодӣ. Он яке аз бузургтарин буҳронҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон аст ва аз с.1929 то с.1933 идома дошт. Буҳрон ба тамоми кишварҳои ғарбӣ таъсири манфӣ гузошт.
25.10.1962. Дар рафти буҳрони Кариб сафири ИМА дар СММ Эдлай Стивенсон аксҳои мушакҳои шӯравиро дар Куба ба намоиш гузошт. Баъди ин Никита Хрушев ваъда дод, ки мушакҳоро аз Куба берун мекунад, ба шарте ки ИМА аз тарҳи ҳуҷум ба Куба даст бардорад.

Чоршанбе, Окт 24 2018


17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет, аввалин шабакаи дастрасӣ ба Интернет ба фаъолият шурӯъ кард.
18.10.1920. Аз 18 то 21 октябр дар бинои Хонаи матбуоти Маскав якумин Анҷумани нависандагони пролетарӣ оғоз шуд. Дар он Оинномаи Иттифоқи умумирусиягии нависандагони пролетарӣ қабул карда шуд ва Иттифоқи нависандагони пролетарӣ созмон ёфт.
18.10.1918.Дар РСФС Декрети таъсиси ҷумҳурии мухтори Қрим дар ҳайъати РСФСР ба тасвиб расид. С.1954 мухторияти Қрим барҳам дода шуд ва Қрим ба вилоят табдил ёфт. С.1954 бошад Никита Хрушев ин вилоятро ба РСС Украина ҳадя намуд.
18.10.1929. Нахустин парвози тайёраи мусофирбари "К-5", ки онро муҳандис К.А.Калинин тарроҳӣ намуд. "К-5" аввалин тайёраи шӯравӣ шуд, ки бо теъдоди зиёд сохта мешуд. Он то с.1940 асоситарин тайёраи мусофиркаши Аэрофлот ба шумор мерафт.
18.10.1941. Дар пойтахти Япония-шаҳри Токио яке аз маъруфтан ҷосусони шӯравӣ Зихард Зорге (Рамзай) ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ аз зумраи ҷосусони дараҷаи аввали шӯравӣ маҳсуб меёфт, ҳатто рӯзи дақиқи ҳуҷуми Гитлерро ба СССР хабар дода буд.

Чоршанбе, Окт 17 2018


11.10.1922. Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети Шӯрои комиссарони Халқӣ (ШКХ) воҳиди нави пулӣ - червонетс ба муомила дароварда шуд.
11.10.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумати кишвар, савдои хусусӣ ба таври комил манъ карда шуд.
11.10.1961. СССР аввалин озмоиши атомии зеризаминиро дар полигони Семипалатински Қазоқистон анҷом дод.
12.10.1958. Дар рӯзномаи шӯравии "Патриоти шӯравӣ" бори аввал шиори "Нақшаҳои ҳизб-нақшаҳои мардум" рӯи кор омад. Баъдан ин шиор то охири мавҷудияти СССР мавриди истифодаи васеъ қарор дошт.
12.10.1960. Котиби генералии КМ ҲКИШ Никита Хрушев дар иҷлосияи 15-уми СММ аз минбари ин ташкилот бо кафши кашидааш ба "Ғарби пӯсида" хитоб кард, ки "мо модари Кузкаро ба шумо нишон медиҳем".
13.10.1921. Миёни Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аз яктараф ва Туркия аз сӯи дигар, созишномаи сулҳи Карсс ба имзо расид. Русияи шӯравӣ дар имзои ин созишнома ба ҳайси миёнарав баромад мекард.
14.10.1924.Таъсиси Ҷумҳурии шӯравии мухтори Тоҷикистон. Дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ тоҷикон ахир соҳиби кишвари кӯчаки мухтор шуданд.

саҳ 39 аз 60

Китобҳо

Flag Counter