8.03.1950. СССР ба ҷаҳониён эълон кард, ки дорои силоҳи атомист. Бо ин кор ба ҳукумати Шӯравӣ муяссар шуд, мувозинатро барқарор намуда, ба яккатозии ИМА дар ин майдон хотима диҳад.
8.03.1956.Дар СССР дар рӯзҳои пеш аз ҷашнӣ рӯзи кории 6-соата ҷорӣ карда шуд.
8.03.1963. Ҷумҳурии Халқии Чин созишномаи Айгунро, ки дар соли 1858 миёни импературии Русия ва Чин баста шуда буд, лағв кард. Тибқи созишнома сарҳади 2 кишвар бо дарёи Амур тақсимбандӣ гардид ва чиниҳо минтақаи зиёдеро ба Русия доданд. Коммунистони чинӣ созишномаро ноодилона хонда, аз СССР талаб карданд, ки ҳудуди ғасбшударо баргардонад.
3.03.1918. Русияи шӯравӣ ва Олмон сулҳи Брестро ба имзо расониданд. Тибқи ин сулҳнома болшевикон ба Олмон ҳудуди зиёди Украина ва Белоруссияро ҳадя карда, ба немисҳо товони бузурги ҷангӣ пардохт намуданд.
3.03.1933. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер дар шаҳри Потсдам таъсиси Рейхи саввумро ба ҷаҳониён эълон намуд ва худи ҳамон рӯз пулиси олмонӣ роҳбари коммунистони немис-Эрнст Телманро ба ҳабс гирифт.
22.02.1921. Дар РСФСР бо қарори ШКХ дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии банақшагирӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 1948 ин ташкилот ба Кумитаи давлатии нақшагирии Шӯрои Вазирони СССР тағйири ном кард.
22.02.1942.Генерали шӯравӣ Андрей Андреевич Власов бо ордени Владимир Илич Ленин мукофотонида шуд. Власов яке аз маҳбубтарин генералҳои Иосиф Виссарионович Сталин ба шумор мерафт ва дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам хеле хуб ҷангид.
14.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) Декрет "Оид ба Флоти Баҳрии Коргару Деҳқон"-ро ба тасвиб расонид.
14.02.1918. Болшевикон моликияти хусусӣ будани заминро бекор карданд ва тамоми заминҳоро ба моликияти давлат дароварданд.
14.02.1922.Артиши Халқӣ-инқилобии ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии В.К.Блюхер шаҳри Хабаровскро ба тасарруф даровард.
8.02.1924.Нахустин парвози аввалин тайёраи мусофирбари шӯравӣ АК-1. АК-1 дар корхонаи самолетсозии №5 бо маблағи латишони сурх сохта шуд.8.02.1925.Суди шӯравӣ дар вилояти Ленинград 7 масъули давлатиро барои ришваситонӣ дар соҳаи истеҳсоли чарм ба қатл маҳкум кард.
8.02.1945.Летчики шӯравӣ Михаил Девятаев бо ҳамроҳии 10 нафари дигар дар тайёраи бомбаандози немисии "Хейнкел 111" (“Heinkel He 111”) аз ҷазираи Узедом дар Олмони шимолӣ фирор карданд. Немисҳо дар ин ҷазира мушакҳои навтарини худ Фау-1 ва Фау-2-ро меозмуданд. Девятаев ҳамроҳи асирони дигари шӯравӣ дар ин ҷазира наздикии майдони ҳавоӣ кор мекарданд ва билохира тайёраро рабуда аз ҷазира гурехтанд.
2.02.1918.Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактаб ҷудо карда шуд.
2.02.1920.Имзои созишномаи сулҳи Тарту миёни Эстония ва Русияи шӯравӣ. Баъди имзои сулҳ миёни нерӯҳои озодихоҳи Эстония, ки онҳоро флоти ҳарбии Бритониё ва ихтиёриёни зиёди фин, швед ва даниягӣ дастгирӣ мекарданд ва Артиши Сурх дар шимолу ғарби собиқ императорӣ оташбас эълон шуд. Созишномаи сулҳи Тарту дар таърихи Эстония санаи бисёр муҳим буда, ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти кишвар ҷашн гирифта мешавад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар