ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 11 2020

Барои Модар, зану хоҳар ва маҳбубаву дӯстон дар арафаи Рӯзи модарон гул беҳтарин тӯҳфа аст. Маълум, ки дар арафаи ҳар иду айём, хосса баҳору 8 март ва Наврӯз нархи гул дар гулфурӯшиҳои пойтахт ба маротиб афзуда, то 30-40 сомонӣ боло меравад. Мо тасмим гирифтем 5 рӯз пеш аз иди бонувон ба гулфурӯшиҳои пойтахт баромада, ҳам нархи гулро бипурсем ва ҳам бубинем, ки кӣ ва кадом намуди гулро харидорӣ мекунад.

Садбаргҳои арзони тоҷикӣ...

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 14:10 дақиқа. Ба гузаргоҳи зеризаминии маркази савдои “Садбарг” ворид гардидем. Нархи 1 донаи гули садбарг, ки нисбати дигар гулҳо зиёдтар харидор дорад аз 10 сомонӣ оғоз мегардад. Яъне, 10-12 сомонӣ ин нархи гули садбарги тоҷикӣ аст. 1 гулдастаи миёна аз 85 то 100 сомонӣ нарх дошт. Агар гулдастаи бузургтару зеботар хоҳед бояд 200-250 сомонӣ пардохт намоед. Барои пурратар омӯхтани мавзӯъ ба назди гулфурӯшиҳои “Маркази савдои Тоҷикистон” (Сум) роҳсипор гардидем. Инҷо нарху наво каме гаронтар будааст. Барои 1 дона гули садбарг аз шумо 20-25 сомонӣ талаб мекунанд. Ростӣ,  гули 1 донааш 10 сомонӣ низ буд, вале барои гулдаста сохтан мувофиқ на. Ба иттилои фурӯшанда садбаргҳои сафед, зард, сурх аз Ӯзбекистон ва Россия оварда мешаванд. Маҳз ба ин хотир каме нархашон гарон аст. Шояд ҳамин аст, ки 1 дастагуле бо 41 дона садбарги сурх бо нархи 700 сомонӣ фурӯхта шуд.

Гул хареду гул ҳадя намоед!

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:16 дақиқа. Боз ба назди гулфурушони гузаргоҳи зеризаминии назди бинои “Сум” рафтем. То рӯзи модарон 5 рӯзи дигар мондааст, аммо аллакай нархи гул дар осмон. 1 гули садбарге, ки 10-12 сомонӣ арзиш дошт, аз 20 сомонӣ ҳам гаронтар шудааст. Нархи садбаргҳои аз ҳама машҳур, ки номи “садбарги ҳоландӣ”-ро доранд, то ба 40 сомонӣ омада расид.  Гароншавии нархҳоро аз фурушандаҳо пурсидем, гуфтанд, ки 8 март мавсими савдо асту, соле 1 маротиба пеш меояд.

Далер Аҳмадов, яке аз муштариёне, ки гул харидорӣ намуд, афзуд, ки мо ҳар рӯз гул намехарем, лекин рӯзҳое мешавад, ба хотири болидарӯҳии занҳои хонадон ба хусус модарон тӯҳфае намоем. Новобоста аз нархи гарони гул он беҳтарин тӯҳфа ба занону духтарон аст, аз ин мебояд гул хариду гул ҳадя кард.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

Вазорати фарҳанги ҶТ эълон намуд, ки сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ ва ш.Душанбе дар рӯзҳои  таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ширкат дар маъракаи ниҳолшинонию гулшинонӣ бинобар пешгирии сирояти коронавирус соли ҷорӣ бо иштироки доираи маҳдуд гузаронида хоҳад шуд. 

Тавре маркази матбуоти вазорати фарҳанги кишвар иттиллоъ медиҳад, тибқи дастури  Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати маориф ва илми ҶТ машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон-маршировка бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ қатъ карда шуданд.

 

СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, Март 04 2020

 

Тоҷикистон барои рақобатпазир будан бо донишгоҳҳои пешрафта, бояд дар макотиби олӣ сифат, усули дарсгузарӣ ва шароити хонданро дар ҷойи аввал монад, то шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон афзояд. Сиёсат ва “ғамхории” донишгоҳҳои мо набояд танҳо ба сару либоси донишҷӯён равона карда шавад, балки ба сифати таълим, саводи донишҷӯ низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. 

Бо даъвати президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии кишвари мо таҳсил мекунанд, сар аз аввали моҳи феврал барои идомаи таҳсил ба зодгоҳи хеш баргашта истодаанд. Вазорати маорифи ҶӮ мегӯяд, ки ин танҳо 1 пешниҳод ба донишҷӯёни ӯзбек аст, вале баргаштану барнагаштан тасмими худи донишҷӯ хоҳад буд. Бо мақсади баргаштан ба Ватан ва идомаи таҳсил дар макотиби олии ҶӮ аксарияти шаҳрвандони ин мамлакат, ки дар ҷумҳурии мо донишҷӯ буданд, аллакай тавонистанд ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, бираванд. Бо гузашти 2 ҳафта аз ин ҳаёҳӯй мо тасмим гирифтем ба ин мавзӯ таваҷҷӯҳ карда, бубинем, ки иллати баргашти донишҷӯён дар чист?

Меравем... ва меоем!

Теъдоди бузурги донишҷӯёни ӯзбек дар Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳсил мекарданд. Барои ошноӣ бо вазъият нахуст аз ин боргоҳ дидан кардам. Сабоҳат Ӯлмасова, яке аз донишҷӯёни ӯзбек, ки ҳанӯз тасмими баргаштро нагирифтаасту таҳсилашро идома медиҳад, мегӯяд, ки аксари донишҷӯёне, ки рафтанд, бо дархости падару модарон баргаштаанд.

-Дӯстонам рафтанӣ набуданд, зеро шароти таҳсилу зист инҷо хуб аст, нархи шартнома низ на он қадар гарон, лек волидайн маҷбур сохтанд, ки баргарданд. Ман мехоҳам донишгоҳро инҷо хатм намоям, аммо падару модарам талаб доранд, ки баргашта, таҳсилро дар Самарқанд дар факултаи филологияи тоҷик идома диҳам. Аксари дӯстонам, ки рафтанд, ҳоло мегӯянд, ки бармегардем ва агар ман хам равам, ҳатман дубора бармегардам, - иброз медорад ӯ.

 Садриддин Муллоев, 1 донишҷӯи дигари ӯзбекистонӣ, ки дар ҳамин боргоҳ таҳсил менамояд, қайд мекунад, ки талаби баргашти донишҷӯёни ӯзбек ба Ватан шояд 1 дастури вежаи ҳукумати кишвараш бошад, лек ин амал маҷбурӣ нест.

 -Масалан, падару модари ман гуфтанд, ки баргаштану барнагаштан тасмими худат аст, 1 соли таҳсилам мондааст, беҳтар аст дар Душанбе онро хатм карда, дипломамро бигирам. Дипломи ҶТ низ арзиши боло дорад ва дӯстону ҳамкурсонам низ бачаҳои хубанд, тасмим гирифтам таҳсилро ҳаминҷо хатм кунам, афзуд Садриддин.

Хориҷу барқарор шудан тибқи муқаррарот

Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба ин масъала мегӯяд, ки баргаштану барнагаштани донишҷӯёни хориҷӣ тасмими шахсии онҳост ва бояд тибқи муқаррароти қабулшуда амалӣ гардад.  Чуноне ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар иттиллоъ медиҳад, ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар кишварҳо дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ё баръакс, донишҷӯёни дигар кишварҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил дар давраи таътили тобистона ба муассисаҳои олии кишварҳои худ интиқол меёбанд. 

Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ мушаххас намудааст, ки донишҷӯе, хоҳиши ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар интиқол ёфтанро дорад, бояд ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ариза пешниҳод намояд. Донишҷӯ бояд баъди гирифтани розигии хаттии ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда (дар ариза бояд имзо, мӯҳр ва розигии ӯ возеҳ бошад) ба ректори муассисаи олии касбие, ки дар он таҳсил менамояд, бо ариза ва ба он замима гардонидани нусхаи асли аризаи ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ирсолнамудааш муроҷиат намуда, розигии ӯро низ ба даст орад. Инчунин, дархости донишҷӯ ҷиҳати интиқол ёфтан дар Комиссияи барқарор ва интиқоли муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда дар асоси пешниҳод гардидани аризаҳои ӯ бо розигии ректорони ҳарду муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.  

 Сифати таълим ё шартномаи арзон?

Шартномаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон назар ба кишвари ҳамсоя на он қадар гарон аст ва ин яке аз омилҳои нарафтани баъзе аз донишҷӯёни хориҷист. Вале бояд сифати таълим, гузариши дарс ва шароити донишҷӯёни хориҷӣ дар мадди аввал истад. Пардохти шартнома барои бархе аз донишҷӯёне, ки дар донишгоҳои олии олам таҳсил мекунанд на он қадар муҳим аст. Агар сифати таълим хуб бошад, донишҷӯ таёр аст маблағи калон супурда, дар донишгоҳи дилхоҳаш бо шароити беҳтарин таҳсил намояд. Масалан дар донишгоҳҳои шинохтаи олам ба мисоли Оксфорд, Гарвард, Кембридж ва амсоли инҳо, ки дар рейтинги донишгоҳои беҳтарини ҷаҳон макони аввалро ишғол мекунанд, шартнома хело гарон аст. Аммо бо сабаби сифати хуби таҳсилу омӯзиш  ва шароити замонавӣ донишҷӯён он ҷо ба шартнома нигоҳ накарда, таҳсилро давом медиҳанд ва шумораи донишҷӯёни хориҷию ватанӣ дар ин макотибҳо зиёд мешаваду кам не.

Тоҷикистон барои рақобатпазир будан бо чунин донишгоҳҳои пешрафта, бояд дар макотиби олӣ сифат, усули дарсгузарӣ ва шароити хонданро дар ҷойи аввал монад, то шумораи донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар Тоҷикистон афзояд. Сиёсат ва “ғамхории” донишгоҳҳои мо набояд танҳо ба сару либоси донишҷӯён равона карда шавад, инчунин ба сифати таълиму усули дарсгузарии муаллимон ва саводи донишҷӯён низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

Чоршанбе, Фев 26 2020

Меҳрона Ҳакимова, хонандаи мактаби миёнаи №30-и пойтахт ба идораи редаксияи Газетаи мардумии СССР занг зада хоҳиш намуд, ки дар бораи шустани ҳайкалҳои ш.Душанбе, хосса муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар боғи ҳамноми шоир ва муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ дар боғӣ ба номи Фирдавсӣ маълумоти бештаре омода намоем. Мо ин дархости хонадаи газетаро пайгирӣ намуда, бо Толиб Раҳимзода, муовини раиси ш.Душанбе оид ба масъалаҳои ободонӣ сӯҳбат намудем.

Зангҳоро пок мекунанд…

Толиб Раҳимзода дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири газета иброз дошт, оне, ки мардум фикр мекунанд, ҳайкалҳоро бояд ҳафтае 1 маротиба ва пас аз боридани барфу борон шуст, аслан хатост.

- Ҳайкалҳоро шустан мумкин нест, зеро рангу намуди зоҳириашон метавонад иваз шавад. Муҷассаи Исмоили Сомониро мутахассисон умуман намешӯянд, зеро он аз маҳсулоти хеле ҳам гарон ва нозук бунёд ёфта, шустани он қатъиян манъ аст. Танҳо бо маҳлули махсусе, ки олимони Академияи илмҳои ҶТ тайёр менамоянд, доғҳои занги бархе аз қисматҳои муҷассамаро хеле эҳтиёткорона пок карда мегиранду халос. Муҷассамаи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсиро низ ҳамин тавр аз зангу доғҳо пок мекунанд!

Ҳайкалҳоро шустан мумкин нест!

Толиб Раҳимзода мегӯяд, ки ҳайкалҳоро ҳатто тез-тез пок кардан мумкин нест, алалхусус бо маҳлули собуну хокаи шустушӯӣ. 

   - Истифодаи чунин моддаҳо ҳайкалҳоро хароб мекунад. Меъморон ҳангоми эҷоди онҳо иқлим, таъсири обу ҳаво, гармиву сардиро ба назар гирифта, маҳсулоти махсусро истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз нигоҳубини муҷассамаву ҳайкалҳо корбарии хосро талаб менамояд ва хар кас иҷозати пок кардани онҳоро надорад, зеро ин ҳам 1 санъати бузург аст. Масъули тозаву озода нигоҳ доштани ҳайкалҳо Раёсатҳои истифодабарии роҳҳо ва ободонии ҳар 1 ноҳияи пойтахт буда, нигоҳубини муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯабдулло Рӯдакӣ бошад, ба мутахассисони Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ вогузор шудааст, таъкид дошт муовини раиси ш.Душанбе.

   Тавре огаҳӣ ёфтем дар ҳудуди ш.Душанбе беш аз 50 муҷассамаву ҳайкалу нимпайкара гузошта шудаанду агар шумо гоҳе дидед, ки рӯи ҳайкалҳо паррандаҳо амсоли ҳайкали В.И.Ленин дар гузаштаву Камоли Хуҷандӣ  ва ғ. ва ҳ. «номаъқулӣ» кардаанд, нигарон набошед: мутахассисон медонанд, ки кай ва чӣ гуна онҳоро тоза кунанд.

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

 

Панҷшанбе, Фев 20 2020

Шахси воқеӣ бо шахси мансабдоре ҷуръат карда, оиди танзим баҳс мекунад.

- Ҳоло инсоф тамоман аз байн рафтааст. Масъулони танзим фақат шахсони воқеиро ғам медиҳанд, ҷарима мекунанд, бо баҳонаи «обунаи рӯзнома» гуфта кисапулӣ мерӯёнанд, ки ин беинсофии маҳз аст.

- Чаро шумо ношукрӣ мекунед? Аз шахсони мансабдору ҳуқуқӣ дида, ба шахсони воқеӣ бештар ғамхорию сабукӣ додаанд.

- Чӣ хел ғамхорию сабукӣ?

- Масъулони қонун агар барои вайрон кардани тартиботи муқаррар намудан қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба шахсони мансабдору ҳуқуқӣ 250-500 ҳадди ақали музди меҳнат ҷарима муайян шуда бошад, ба шахсони воқеӣ 100 ҳадди ақали музди меҳнат. Магар ин ғамхорӣ ва сабукӣ ба шахсони воқеӣ нест?

- Ба шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ 1000 ҳадди ақалӣ музди меҳнат ҷарима муҳаё шавад ҳам, агар онҳо худро шоҳу табъашонро вазир гиранду тағоҳои дастдароз нагузоранд, ки ба мӯйи онҳо хоре халад, ба буҷаи давлат чӣ фоида?

Табаралӣ Авсақолов, узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор 

 

Чоршанбе, Фев 12 2020

 

Қарор аст, ки 1-уми марти соли ҷорӣ дар кишвар интихоботи вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардад. Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсии кишвар пешниҳодшуда ҳанӯз 20.01.2020 тасдиқ карда шуда буд. СССР пайгир шуд, ки ин аҳзоб дар парлумон ҷавон мешаванд ва ё пиртар?

 

70 номзад кист?

 Тибқи рӯйхати тасдиқкардашуда 70 нафар, аз ҷумла аз ҲХДТ-28, ҲАТ-13, ҲДТ-4, ҲИИТ-7, ҲКТ-6, ҲСТ-8 ва ҲСДТ- 8 нафари пешниҳодшуда тасдиқ гардид. 

 Дар интихоби дарпешистода Саймурод Фаттоҳзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ранохон Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода, Фирӯза Шарифӣ, Идигул Қосимзода, Хайрулло Амонулло, Саодатшо Матробиён, Абдураҳим Холиқзода, Абдулло Табарӣ, Музаффарҷон Маҳмудов, Файзалӣ Идизода, Муҷибахон Ҷавҳарова, Бибиосия Аюбӣ, Шарофиддин Ҷӯразода, Файзалӣ  Назаров, Тағоймурод Ҳасанзода,  Рухсора Давлатзода, Сафиямоҳ Тешаева, Саёҳат Дадаҷонова,  Ҳабибулло Амирбекзода, Зулфия Давлатзода, Дилноза Аҳмадзода, Бахтиёр  Ҳамдамов, Фирдавс Ёдгорӣ, Фариза Абдуллозода ҲХДТ-ро намояндагӣ хоҳанд кард.

 Рӯйхати баъдиро Рустам  Латифзода, Фазлиддин Икромов, Мансур Усмонов,  Неъматулло Холбойзода, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Шодӣ Мӯсозода, Музаффар Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Ҷонона Ҳайдарзода, Нуралӣ Ниёзов, Рупия Сафарова, Раҳмон Зиё ҳамчун  номзад аз ҲАТ, Саидҷаъфар Усмонзода, Диловар Холов, Таваралӣ  Зиёзода, Зӯҳро Мирзоева аз ҲДТ, Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашӯров, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Зафар Ализода, Абдулатиф Раҳимов, Баҳодур Раззоқов аз ҲИИТ, Мироҷ Абдуллоев, Зарагул Мирасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Ҳамидов,  Азизҷон Раҳмонов аз ҲКТ давом дода, Абдуҳалим Ғаффоров, Маъруфхуҷа Юсупов, Зариф Наимов, Миҷгона Рустамова, Фаррух Боқиев, Давлатхоним Саидошурова, Наргиза Бобоҷонова, Уғул  Қобилова аз ҲСТ,  Раҳматилло Зойиров, Шокир Ҳакимов, Дилбар Самадова,  Бахтиёр Насруллоев, Нигина Шоназарова, Маҳмурод Одинаев, Қиёмиддин Азизов, Сиддиқ Саидов аз ҲСДТ дар рӯйхати тасдиқшуда ҷой гирифтаанд.

Парламент пиртар мегардад!

 Аз пайгирии руйхати номзадҳо маълумамон гардид, ки  Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ 31 сола буда, аз ҳама ҷавонтарин номзад дар интихоботи оянда ба ҳисоб меравад. Амирбекзода Ҳабибулло (41 сола),  Абдуллозода Фариза Саидқул (42 сола), Идизода Файзалӣ Фузайлшо (43 сола), Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна (44 сола) ва Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода (44 сола)-ро низ ба руйхати ҷавонон шомил кардан мумкин аст. Номзадҳои дигар ба сини нафақа наздиктаранд. Оё 2- 3 нафар ҷавонон сиёсати ҷавононро дар Парламенти нави тоҷик метавонанд ба пеш баранд? Ба фикри ман не! 

Ба забони дигар метавон гуфт, парлумони мо дар даврони бовар ба ҷавонон ва ҷавонсозии ҳукумат, ҳамагӣ 1 ҷавони он ҳам аз 31 сола боло дошта, пиртар мегардаду ҷавонтар не...

                                                                                                            

Омиронаи Сайёф, СССР

 

саҳ 31 аз 83

Китобҳо

Flag Counter