ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 20 2019

Фаридун Маҳмадалиев-корманди Вазорати мудофиа, ровии барномаи Сарбози Ватан, ки ҳамакнун дар ш. Москва тадриси такмили ихтисос мегираду Худо хоҳад соҳиби унвони пуршарафи генерал мегардад, имрӯз зодрӯз дорад. Зимнан аз номи куллияи хешу табор, ҳаводорон ва пайвандону мухлисонаш ӯро бо ин рӯз табрик мегӯям:

Сари сабзат ҳамеша дар амон бод, 

Дилат аз зиндагонӣ комрон бод!

Насиби ту бувад шодии олам,

Ғами олам насиби душманон бод!

Бо эҳтироми қавӣ, Вилоят Каримова аз номи ҷамиъи дӯстон

 

Панҷшанбе, Нояб 14 2019

Шоираи Раҳимҷон, журналист, шоира ва продюсери маъруфи Тоҷик, ки ҳафтае қабл аз сафари тӯлонии Амрико баргашт, дар меҳмонии газетаи СССР қисса кард, ки Тоҷикони соҳиби «грин-корт» дар шаҳру штатҳои Амрико хеле зиёд шудаанд ва ҳама ҷои кор доранд. Амрико ҷоест, ки дилхоҳ нафар бо кор таъмин мешавад, чӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва чӣ иҷтимоиёт. Бо 1 ҳарф ба ҳама ҷои кор мерасад!!! Вале ошкоро мегӯям, ба кулли онҳое, ки дар орзуи «грин-корт»-анд, ҳаргиз фикр накунанд, ки зиндагии хусравонӣ меёбанд. Албатта сароғоз мушкил аст, вале ба оҳистагӣ ҳастанд тоҷиконе, ки муваффақ шудаанд. Амрико шаҳри орзуҳост. Фарзи мисол, Лоиқ Раҷабови Тоҷик, ки дар тӯли андак вақт чемпиони PFL шуд. Ӯ дар Лас-Вегас 3 бор пирӯз омад ва ифтихори мо-Тоҷикони амрикоӣ буд. Тоҷикони зиёд дар Нйю Йорк, Вашингтон, Колорадо, Массачусетс… кор мекунанд… Тасмим дорам, дар шумораҳои ояндаи СССР ҳатман сафаргуфтори худро чоп кунам. Амрико 1 вежагие дорад, ки ҳаргиз ба ранги пӯст ва дину мазҳабатон касе аҳамият намедиҳад. 4 моҳ будам ва бо табъизи нажодиву мазҳабӣ дучор наомадам, чи хеле ки дар Русия ба чашм мехӯрад. Бо ин ҳама ватан-ватан асту вақте аз самолет дар Душанбе фаромадам, хоки Ватанро бӯсидам. Бовар мекунед, ҳатто дашному ҳақорати тоҷикон самимист. Воқеан, баъдан ба Кобул рафтам ва медонед чӣ? Дасти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мебӯсам, ки чунин сулҳу оромишу зиндагонии осударо барои мо таҳия кардааст. Барои қадрдонии ин хидмати Президент бояд ҳар тоҷик ақаллан 1 бор Афғонистон равад ва бинад, ки сарватмандтарин афғону соҳибмансабтаринаш низ интизор аст, ки ҳамин ҳоло ӯро метарконанд ва ё мепарронанд. Садқаи хоку обу боду ҳатто дашному ҳақоратҳои Ватан!!! Мо Метавонем!!!

 

 

Чоршанбе, Нояб 13 2019

Акаи Салмон Расулов сокини ҷамоати «Панҷоб»-и н.Ҳамадонӣ, соҳибистеъдоди фитрист. Бачагию наврасии акаи Салмон бо зиндаёд, ҳофизи машҳури машриқзамин-Одина Ҳошим гузашта, ҳамсабақи мактаби миёнаанд ва дӯстии онҳо то рӯзҳои вопасини умри ин абармарди санъат давом дошт. Ӯ дар бораи дӯсти номвараш хотираи зиёде дорад:

-Сароғоз Одина на аълохону на сустхон, ки миёнахон буд. Аммо дар давраи камолот бо суръати кайҳонӣ пеш рафт. Бе муболиға уқёнуси шеъру ғазал шуд. Чун дигар бачаҳои ин синну сол шӯху ҳазлкаш буд. Ҳамсинфон ҳам ҷои сусти ӯро ёфта буданд: Бисёр содаю зудбовар буд. Кадом 1 дурӯғеро, ки намудатро ҷиддӣ гирифтаю нақл мекардӣ, рост қабул мекард. Масалан, ба ӯ мегуфтанд, ки фалон муаллим суроғат дошт. Ҳамин кифоя буд, ки пайи ҷустуҷӯи муаллим равад. Баъди бо сари хам баргаштанаш қаҳқаҳаи бачаҳо ба осмон мерасид. Ҳамин содагию зудбоварӣ то охири умр ӯро тарк накард. Ҳамаи шикасту афтодагиҳо, нокомию садамаҳои зиндагӣ Одинаро аз ин қалби бузургу зудбовараш буданд. 

Фоҷеа дар консерти Ҷурбаек Муродов

Чӣ қадар таҳдиду озорҳое надид. Гуноҳ-ҳунари худододаш. Боре дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ шаби эҷодии Ҳунарманди халқии СССР-Ҷӯрабек Муродов мегузашт. Одина ҳам даъватӣ буд. Лаҳзаҳои дамгирии Ҷӯрабек ӯ табъи ҳозиринро хуш мегардонд. Ин замон касе омада, ба гӯшаш чизе мегӯяд. Ҳофиз саросемавор толорро тарк мекунад. Назди мошини сабукрави «Волга»-аш меояд. Ва мебинад, ки шишаҳои мошин зада шикастагию тунукаҳояш пачақ кардагӣ. Фиттаҳои сабти сурудҳои охираш, коғазхати ёрмандии ҳофиз ба Ветнам ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим рабуда…

-Дод аз дасти фалаки каҷрафтор ва ин кӯрдилони нобакор, - гуфта Одина Ҳошим ба замин нишаста мемонад.

Ин гуна пешподиҳиҳо, илҳомшиканиҳо дар ҳаёти ҳофиз кам набуд. 

«Фавт»-и нобиға дар Сочӣ

Боре ҳини ин гуна хастагиҳо дӯсти дигари Одина Ҳошим, собиқ раиси номдори хоҷагии ҷамоавии ба номи Ленини н.Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) шодравон Иззатулло Шарифов ба ӯ таклиф мекунад, ки биё, барои рафъи ин кӯфтагиҳо ба истироҳатгоҳи Сочӣ равем. Ҳофиз қабул мекунад.

Истироҳатгоҳи машҳури Сочӣ. 1 рӯз онҳо вақти сайругашт бо гурӯҳи ҷавононе вохӯрданд, ки аз магнитофонашон суруди «Ало, хам зада кокул»-и Одина Ҳошим танинандоз буду онҳо бо шавқ мерақсиданд. Суруду рақс анҷом меёбад. 

-Гӯяндаи суруд кист?- мепурсад Иззатулло Шарифов.

-Марҳум оғои Одина Ҳошим, - ҷавоб медиҳад яке аз онон, ки аз даризабонони Афғонистон буданашон маълум буд.

-Барои чӣ марҳум? – сӯи Одина ноаён чашмак зада суол мекунад раис.

-Магар гузашта нашудааст? – нобоварона мепурсад ҷавони афғон.

-Ана наздатон истодааст-мегӯяд И.Шарифов.

Одина Ҳошим 2-3 сурудро бе мусиқӣ, аз ҷумла «Ало, хам зада кокул»-ро низ мехонад. Ҷавонони афғон пойҳои ҳофизро ба оғӯш мегиранду бахшиш мепурсанд ва бо шавқи зиёд аз ӯ соядаст мегиранд. Маълум мешавад, ки ин ҷавонон устодро дар Душанбе ҷустанӣ омада будаанд, вале касе аз «рафиқон»-и Одина гуфтааст, ки ӯ кайҳо мурда…

Мардакии Гулрухсор

Устод Одина бо муаллифи сатрҳо шиносоии наздик дошту асосан навиштани хотираи сафарҳояшро ба банда мефармуд. Вақтҳои бекориаш ба идораи рӯзнома омадану бо рӯзноманигорон сӯҳбат карданро дӯст медошт. Боре дар аснои сӯҳбат:

-Мирзо (вай маро бо насабам ном мебурд) медонӣ чӣ, Гулрухсор мардак будаст.

Устод бо ваҷоҳате гуфт, ки ман бо шигифт пурсидам:

-Чӣ хел?!

Устод бо ҳамон ваҷоҳат ҷавоб дод:

-Вақти ба ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ пешниҳод шуданам, он ҷо 1 номзади ҳарифи ман пайдо мешавад. Шиносу ҳаммаҳаллаҳояш дар ҳайати комиссия зиёдтар будаанд, ки вай бартарӣ пайдо мекунаду ба ҷоизадор шуданаш лаҳзае мемонад. Ин дам Гулрухсор, ки ӯ низ узви комиссия буд, мушт болои миз зада аз ҷо бармехезад ва мегӯяд:

-Ҳой, мардум, як лаҳза аз аспи ҷаҳл фароед. Шумо чӣ кор карда истодаед? Одина Ҳошим куҷою ҳофизаки шумо куҷо? Охир Одина Ҳошимро Шарқ мешиносад. Агар ин тавр бошад, ман талаб мекунам, ки ҷоизабарӣ ба тариқи раъйпурсӣ гузаронида шавад. Мебинем, ки устод Одина Ҳошим раъй мегирад ё ҳофизаки шумо?!

Латтаи ҳакамони мухолиф ба об мезанад ва маро ҷонибдорӣ мекунанд. Магар мардак набудааст? - баъди шарҳ пурсид маро устод.

Ҷӯрабекро ба миллат баргардонед!

Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов-3 хунёгари санъат, 3 ҳофизи соҳибмактаб, намояндаи 3 маҳалли Тоҷикистон-Хатлону Рашту Суғд ба сетор шабеҳ буданд. Имрӯз аз он 3 тор 2 тораш канда шуда, тори сеюмаш бурун аз пойтахт, ҷудо аз гӯшаку қуббааш шудааст, ки басо риққатовар аст. Аммо мо аминем, ки масъулони соҳа охирон ҳунарманди аршад-тори саввуми санъати миллӣ-Ҷӯрабеки Муродро дар зиндагониаш ба мо-Тоҷикон бармегардонанд.

Саъдулло Мирзоев,

н.Ҳамадонӣ

 

Панҷшанбе, Нояб 07 2019

    Аз 11 то 15 ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳанд гашт. Ифтитоҳи ботантанаи ин рӯзҳо қарор аст рӯзи 12.11.2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ сурат бигирад.

   Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, инчунин дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо баргузор гашта, дар назар аст, ки 13.11.2019 ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба н.Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намоянд. 14.11.2019 бошад дар ш.Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

Ҷумъа, Нояб 01 2019

Равони устод Мадиброҳим Норматов-яке аз забоншиносони маъруфи кишвар субҳи имрӯз ба раҳмати Ҳақ пайваст. Устод Мадиброҳим Норматов моҳи феврали соли гузашта 80-ро пур карда буд. Бо он ки бознишаста буд, устод ҳамоно ба шогирдон дарси забон меомӯхт ва бастагонаш мегӯянд ҳатто рӯзе қабл ҳам Донишгоҳ рафта буд.

 

 Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми  филология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). 

 Мадиброҳим Норматов соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда то соли 1968 ба омӯзгорӣ пардохта, дар вазифаҳои лаборанти  калон, ассистент, муаллим, муаллими калон фаъолият намудааст. Аз соли 1968 дотсенти кафедраи забони муосири тоҷик.

 Ба қалами ӯ зиёда аз 50 рисола, дастури таълим, барнома, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таалуқ дорад. Норматов Мадиброҳим бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин), «Собиқадори меҳнат», мукофотонида шудааст, инчунин дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ аст: ассистент буд, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 то ҳол дотсент. Дар давоми фаъолияти  илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. 

 Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

   Мадиброҳи Норматов муаллифи асарҳои зерин аст:

Муқаддимаи забоншиносӣ («Маориф», 1995.- 172 с.; «Матбуот», 2006.- 240 с.):

Забоншиносии умумӣ («Маориф», 1991.- 160 с. ; «Матбуот», 2007.- 256 с.):

Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик («Матбуот», 2001.- 184 с.):

Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис) («Матбуот», 2011.- 324 с.):

Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он («Матбуот», 2008.- 148 с.).

Аз Мадиброҳи Норматов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед хонд:

Омӯзиши ҷумлаҳои соддаи яктаркиба. – Душанбе: Маориф, 1988. – 152 с.

Забоншиноси умумӣ. – Душанбе: Маориф, 1991. – 160 с.

Муқадимаи забоншиносӣ. – Душанбе: Маориф, 1995. – 176 с.

Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Матбуот, 2001. – 183 с.

Сухандонон сухан санҷида гуянд: Маҷмӯаи мақолот. – Душанбе: Оптима, 2005. – 200 с.

Таҳлили синтаксис ва навъҳои он. – Душанбе, 2008. – 148 с.

                                              

Дар бораи дотсент Норматов:

Хоҷаев, Д. Норматов Мадиброҳим: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти забоншинос, номзади илми филология // Энсиклопедияиолимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С.221.

Камолиддинов, Б. Хирадмандо, ба шогирдон хирадмандиву сухандонӣ биомӯз!: Аз фаъолияти илмиву омузгории номзади илми филология, забоншинос Мадиброҳим Норматов // Баҳори Аҷам. –   2018. – 30 январ.   

 

Ҷумъа, Окт 25 2019

 

24.10.2019. Валӣ Самад-адабиётшиноси тоҷик, корманди собиқи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон дар синни 83 даргузашт.

Валӣ Самад 20.01.1936 дар деҳаи Ворухи н.Исфара ба дунё омада, с.1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом ва с.1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят,сипас ба сифати муаллими донишгоҳи Хуҷанд фаъолият кардааст. С.1964 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шомил шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронид ва соли1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаиXIX»рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбекмебошад.

Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаиXIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ–омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и ҶИ Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар «Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.

Устод узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) мебошад. Аз с.1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

 

саҳ 35 аз 83

Китобҳо

Flag Counter