ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 05 2020

(Кӣ ба онҳо иҷозаи фаолият додааст?)

Дар яке аз шумораҳои газета мо дар бораи фаъолияти шабонаи тарабхонаи «Караоке «Прайд», ки дар шафати бинои Сирки давлатии Тоҷикистон қарор дошта, мардуми майпарасту ҷанҷоливу занҳои сабукпо онҷо аз поси шаб то субҳи содиқ ҷамъ омада, бо садои баланду гӯшхароши худ ба оромиши сокинони биноҳои ҳамсоя халал мерасонанд, навишта будем. Дар мавриди он, ки мақомоти қудратӣ-Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, ШВКД Фирдавсӣ-2, Прокуратураи н.Фирдавсии пойтахт оё нисбати шикояти мо ягон чораандешӣ кардаанд ё не, хабар надорем, зеро аз ин сохторҳои дар боло зикрёфта вокунише ба идораи редаксия ворид нашудааст. Аҷиб аст, ки онҳо ба кӯчактарин матлаби хонандагон эрод гирифта, парванда боз кардаву ҳафтаҳо таштишот мебаранд, лек нисбати шикояте, ки далели ҷиддӣ доштаву шоҳидонаш аз 17 нафар зиёданд, касе лаб во накард… 

    Мо сари ин мавзӯ боз ҳатман хоҳем баргашт, вале бояд ин нуктаро зикр намуд, ки пас аз нашри матлаби танқидӣ дар бораи «Караоке «Прайд» ба идораи редаксия садҳо нафар хонандагон ва сокинони пойтахт занг зада, дар бораи тарабхона, қаҳвахона ва даҳҳо клубҳои шабонаи дигар арзу шикоят карданд.

 «PMS»-бародари «Караоке «Прайд»?

   Давлатмурод Ҷабборов, 1 сокини пойтахт дар бораи тарабхонаи «PMS», воқеъ дар к.Борбади ш.Душанбе ба редаксия шикоят кард. Мавсуф иброз дошт. ки ин қаҳвахона ё тарабхона, ки дар ошёнаи 1-уми бинои истиқоматӣ ҷойгир аст, пас аз соати 21-и шаб ба кор сар карда, то субҳ ба макони айшу ишрат, даъвову додувойи майпарастону занҳои сабукпо ва фисқу фуҷур мубаддал гашта, мардуми маҳал аз дасти ин бетартибиҳо на осоиш доранду на оромиш. Шабе нест, ки дар ин ба ном клуби шабона ҷанҷолу низоъ ба вуқӯъ напайвандаду кӯдакон аз хоб бедор шуда, чунин ҷангҳои бидуни қоидаро тамошо накунанд.    Шикояти чандинкаратаи сокинон ба милисаву прокуратура бенатиҷа монд ва «PMS» ҳанӯз ҳам боз аст.

Иҷозат дар дасти кист?

    Тибқи Фасли 2-юми Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш.Душанбе, бо имзои раиси ш.Душанбе ба тасвиб расида, омадааст, ки «Дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе манъ аст:

а) дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300 то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда ё таҷҳизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ мегарданд;». 

Саркашӣ аз ин Қоидаҳо ҷавобгарии маъмурӣ дошта сохторҳои қудратӣ ва назоратӣ барои риояи он муваззафанд. Вақте дастури шахсии раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳаст, пас чаро мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои дигари марбута сари ин масъала ҷиддӣ намеандешанд?

 То ҷое хабар дорем барои фаъолияти тарабхона ва клубҳои шабона иҷозатномаи махсус дода мешавад. Мо дунболи ин мавзӯ ҳам ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ва ҳам ба МИҲД ш.Душанбе муроҷиат намудем, аммо дар ягон сохтор бароямон ҷавоби аниқ ва дуруст надоданд. Пас, кӣ ба чунин тарабхонаҳои кӯчагӣ амсоли «Караоке «Прайд» ва «PMS» иҷозати фаъолияти шабона додааст? 

Зидди клубҳои шабона нестем, аммо…

Дар ш.Душанбе клубҳои шабонаи хеле ҳам хуб, амсоли «Гэтсби», «Гэлекси», «Роял Клаб», «Лофт», «Х.О.» хеле зиёданд ва хизматрасонии онҳо дар дараҷаи олист. Муҳимтар аз ин мо ҳеҷ гоҳ садои мусиқии баланд ва шурӯ мағали мардумро дар чунин ҷойҳо намешунавем, зеро дари онҳо баставу таҷҳизоти садобарории мусиқиашон ҳам тибқи талаботи меъёр асту касеро нороҳат намекунад. Бигузор чунин клубҳо бошанд, вале на клубҳое мисли «Караоке «Прайд»-у  «PMS» ва даҳҳо ба қавле «забегаловка»-ҳое, ки хизматрасониашон бад буда, на шароити хуби мусиқӣ доранду на ошхонаи хуб ва на ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯянд. То он ҳадде шароит надоранд, ки дар фасли зимистон дар ҳарорати -4 низ дар берун караоке гузошта, барои гарм шудани савдои худу мизоҷони майпараст дарёи арақ мерезанд, то каме ҳам бошанд гарм шаванд. Мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Панҷшанбе, Янв 30 2020

Масали Дер ояду Шеррр ояд, ба Аҳмадӣ Иброҳим дахл дорад. Ӯ дертарак ба журналистика омад, вале ин оламро шуре, таконе, таҳрике дод! Ба ҳар чизе даст зад, муваффак буд. Ёдам ҳаст, вақте ба ҷои Суҳробшои машҳур, Аҳмадро сармуҳаррири Оҷонсии Иттилоотии Хатлон-Пресс мондам, ҳама хайрон шуданд. Гуфтам, ҳоло мебинед, ки Ӯ чи шуре бар меоварад. Ва чунин ҳам шуд!...

Шери нар аст! Вақте хонаашро пок- покиза сел шуст, мерафтаму метарсидам, ки дар чашмонаш ашк мебинам (ман мардони гирёнчакро дуст надорам!). Вале Ахмаддд моро ба дастурхони пурнозу нузи мураттаб аз 2 пора нони хушк, вале хандаи "даҳон то бехи гуш" пешвоз гирифта гуфт: Биёед, мо-кулобиҳо мешканем, вале намерезем!".... Зиёд мехонад ва таҳлилҳояш низ ба умқи асрҳо мебаранд. Журналист аз ин муваффактар намешавад, ки аз корманди одди то сардабири яке аз газетахои фаъоли давр бирасад. Китобҳои таърихияш таккондиҳандаанд. Аз руи онҳо метавон кино сохт!!! 

Сахт миллист! То ҳадде, ки ҳатто манро ҳайрати мекунад. Русиро ба ҳадди Гоголу Пушкин медонад. Зиёдарави накардаам, ман руисро хуб медонам, вале Ӯ русии кадимаро медонад! Забонеро, ки кам урусе медонад. Вале дар ҳама семинархо мегуфту мегуяд, ки "ман намефаҳмам, шумо русзабонон дар бораи матбуоти тоҷики чаро шарм надошта, баҳс мекунед?! О, шумо-ку онро намехонед???".

Усулан грант намегирад аз хоричиҳо-зеро ба тоҷикони асил унҳо пул намедиҳанд! Вале ин ки Газетаи Пайкро ба дахсолаи 2-юм тавонист овардан ва он ҳам дар музофот...кофист, ки ба Аҳмад Хайкал гузорем. 

Неъ! Дар Кулоб не! Дар Душанбе!!! Зеро касе агар имруз арзанда аст, маҳз Ахмад аст!

Зодрузат муборак, дустам. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

    Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 24.01.2020 Боймурод Шарифзода директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ таъин гашт.

    Ӯ дар ин симмат Сахидод Раҳматуллозодаро иваз намуд. Гуфта мешавад, ки Сахидод Раҳматуллозода яке аз номзадҳо ба курсии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ буда, шояд рӯзҳои наздик ба ин вазифа таъин карда шавад.

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

    Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

   Бояд гуфт, ки рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

    Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон-тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст. Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТдар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб-ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд. Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.

Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.

     Гирдогирди рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» бошад 3 хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, 2 хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст. Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз-кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.

 

Панҷшанбе, Янв 23 2020

   

Новобаста аз ҳисоботҳои ҶСК «Телерадиоком» дар бораи насби фиристандаҳои рақамӣ ва таҷҳизоти муосири мавҷзананда дар миқёси мамлакат, боз ҳам дастрасӣ ба ТВ-ҳои марказӣ мушкилзо мегардаду сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар аз тамошои шабакаҳои давлатӣ маҳрум шуда истодаанд.

Мухлисони газетаи мардумии СССР дар бораи дастрасӣ надоштан ба шабакаҳои телевизионии давлатии мамлакат хеле зиёд мегӯянду менависанд. Алалхусус, сокинони ноҳияҳои наздимарзии кишвар бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистон на як бору ду бор дар бораи қадам ба қадам ғасб шудани мавҷҳои шабакаҳои телевизионии тоҷик аз ҷониби фиристандаҳои телерадиокоммуникатсионии ин давлатҳо ҳушдор медиҳанд.

«Том ва Ҷеррӣ»-и қирғизиву «мутар»-и афғонӣ…

    Чанде пеш яке аз хонандагон ва муаллифони доимии газета аз ш.Истаравшан Маннон Махсумов дар робита ба гум шудани ТВ-ҳои ватанӣ дар каналҳои ин шаҳр ва ба ҷойи каналҳои тоҷикӣ пайдо шудани каналҳои ТВ ӯзбекӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба ғайр аз эшон, боз чанд тан аз муаллифони ҳамешагии газетаи СССР аз ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Исфара, Мастчоҳ, Панҷакент, Турсунзода, Шаҳритуз, Фархор, Панҷ, Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб низ занг зада аз дастрасӣ надоштан ба шабакаҳои телевизионии ватанӣ шикоят карда, менавиштанд, ки мавҷ ҳаст, аммо тез-тез гум шуда, ба ҷойи онҳо каналҳои ӯзбекиву қирғизӣ ва афғонӣ пайдо шуда, пахшашон тоза ва бидуни ягон нуқсони техникист. Ва ин рӯзи аввал нест! Вазъият ба ҳадде расидааст, ки кӯдакон дар ҷамоятҳои н.Б.Ғафуров филми тасвирии «Том ва Ҷеррӣ»-ро алакай бо забони қирғизӣ аз худ кардаанду мардуми бархе аз деҳаҳои наздимарзии Фархор, ки мухлиси сериалҳои афғонианд, мошинро «мутар» мегуфтагӣ шудаанд.

   Холо мо Мурғобу Ашту Исфараву Панҷакентро 1 сӯ мегузорем, дар бархе аз деҳаҳои ш.Турсунзода, ки аз пойтахт ҳамагӣ дар масофаи 40 дақиқа воқеъ аст, дар бораи каналҳои телевизионии тоҷик умуман тасаввурот надоранд-чун ТВ тоҷикӣ намебинанд! Аз он ҷумла дар деҳаи дурдасти Шулум, ки шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ минтақаро пурра фарогир шудаву ман шахсан худам соли гузашта зимни сафар ба ин деҳа шоҳиди он гашта будам. 

   Хуллоса, новобаста аз ҳисоботҳои хушбинкунандаи ҶСК «Телерадиоком» дар бораи насби фиристандаҳои рақамӣ ва таҷҳизоти муосири мавҷзананда дар миқёси мамлакат, боз ҳам дастрасӣ ба шабакаҳои ТВ тоҷикӣ мушкилзо мегардаду сокинони минтақаҳои дар боло зикршуда аз тамошои шабакаҳои давлатии кишвар бо тадриҷ маҳрум шуда истодаанд.

«Телерадиоком», АЛЛЛООО!?

    Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ва огоҳ шудан аз вазъи воқеӣ мо тасмим гирифтем бо раҳбарияти ҶСК «Телерадиоком», ки таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар бахши ТВ ва радио вазифаи ҷониашон аст, сӯҳбат намоем. Номаи мухбирони редаксияи Газетаи мардумии СССР ба унвони ин ниҳод ким-кай, 27.12.2019 равона шуд, вале аз ин Кумита на пай ҳасту на Ҳайдар. 

   Тавре ба мо дар шуъбаи умумии Кумитаи РТВ рӯзи 9.01.2020 хабар доданд, номаи мо пеш аз фарорасии соли нави милодӣ ба унвони директори ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов ирсол гаштааст, вале бо гузашти 15 рӯз мо аз ин ҷамъият натавонистем на хабаре бигирем ва на ҷавобе.  Ҳоло он, ки тибқи Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таҳти №622 шахсони мансабдор бояд дар муддати 3 рӯзи расидани номаву дархост вокуниш нишон дода, посух бигӯянд. Идораи ин ҷамъиятро низ натавонистем пайдо кунем-ба тозагӣ ба макони нав кӯчидаанд…

   Пас аз зангҳои пайдарпай мо тавонистем бо яке аз муовинони Хуршед Ҳабибов сӯҳбати телефонӣ намуда, суолҳои редаксия ва хонандагонро вобаста ба таъмини амнияти иттиллоотӣ ба мавсуф тариқи почтаи электронӣ фиристем. Зимни сӯҳбат таъкид ҳам намудем, ки дар сурати дастрас нашудани посух мо ҳатман тариқи рӯзнома ба Хуршед Ҳабибов муроҷиат хоҳем кард. Боз ҳам бо гузашти 3 рӯзи корӣ на ҷавобе шуд ва на вокунише. Ҳоло аз номи хонандагон ба таври расмӣ ба директори ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов муроҷиат намуда, хостори онем, ки эшон ба суолҳои мо ҳарчӣ зудтар посухи расмӣ бигӯянд.

 

1.Лутфан бигӯед, ки идораи нави шумо дар куҷо ҷойгир аст ва таҷҳизоти ҶСК «Телерадиоком», ки дар бинои қаблии корхона дар маркази шаҳр қарор дошт, ҳоло дар куҷост? Аз рӯи овозаҳо бо сабаби набудани ҷойи муайян қисме аз таҷҳизот дар ҳудуди н.Рӯдакӣ ва бархе дар ҳудуди ш.Ҳисор дар анбор хобанд, оё ин овозаҳо асос доранд?

2. Дар тӯли соли 2019 чӣ қадар фиристандаҳои рақамии муосир насб карда шуданд ва дар кадом минтақаҳо? Дар умум, корхонаи шумо барои таъмини амнияти иттиллотии мамлакат чӣ тадбирҳои ҷиддиро анҷом додааст? 

3.Сокинони деҳоти дурманзари бархе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-Истаравшан, Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Фархор, Б.Ғафуров аз он шикоят мекунанд, ки шабакаҳои ӯзбекиву қирғизиву афғонӣ ҷойи шабакаҳои тоҷикиро танг намуда, ғасб карда истодаанд. Шарҳи шумо дар ин маврид…

4.Ва дар охир: имрӯз тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии тоҷик бо таҷҳизоти наву муосир фаъолият намуда ба пахши рақамӣ гузаштаанд. Бо дарназардошти тамоми ин имконият оё гузаронидани «Рӯзи профилактика»-ҳар ҳафта рӯзи душанбе дуруст аст? 

Интизори посухи расмии шумо ба суолоти хонандагони Газетаи мардумии СССР ҳастем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

саҳ 32 аз 83

Китобҳо

Flag Counter