ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 02 2020

   Дар арафаи фарорасии соли нави милодии 2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе микроавтобусҳои нави муосирро ба кӯча бароварда, бо номгузории хатсайри мардумии «Мусича» роҳандозӣ намуд.

   Бояд гуфт, ки микроавтобусҳои нав дар хатсайри микроавтобусии №16, ки нуқтаи аввал маҳаллаи Чортеппа ва охири он маҳаллаи Чаноро мебошад, аз 31.12.2019 ба роҳ монда шуда, ин амал бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиётӣ пеш гирифта шуда, раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар микроавтобусҳои мазкур пурра тариқи ғайри нақдӣ ба роҳ монда шудааст.

 

 

Ҷумъа, Дек 27 2019

   

   Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии мамлакат таъкид доштанд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» чоп карда шуда, ин китоб бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, ки соли 2021 бо тантанаи хосса дар кишвар таҷлил хоҳад шуд, ба ҳар 1 оила ҳамчун тӯҳфа тақдим гардад.

 

Омирона Достиева, коромӯзи СССР

 

 

Чоршанбе, Дек 25 2019

 

Холмурод  Сафарзода, Узви ИЖТ, ш.Панҷакент занг зада гуфт, солиёни 90-ум дар дабистонҳо омӯзгорон қатор-қатор намоз мехонданд... О бародар ҷойи намозхонӣ масҷид аст, ки меҳроб дорад, аммо он солҳо ба гӯши фанатҳо ин ҳарфҳо намефорид. Чи шуду чӣ монд, шояд айби замон аст, ки шоиру нависандагон аз мардум дур шуданд, охир мо донишҷуёни солҳои 70-ум ба дидори Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Ашур Сафар, Ғаффор Мирзо, Муъминшоҳ, Гулрухсор, Лоиқ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Бозор Собир мебаромадем, дар маъракае, ҷашнворае, зодрӯзе эшон бошанд шодмонӣ мекардем, пеши хонаи маорифи сиёсӣ (он вақт аксари чорабиниҳо инҷо мегузашт) соатҳо меистодем, то симои устодонро бинем. Имрӯз касе парвои шоиру адибро надорад. Ҳама боз рӯ ҷониби масҷид. Соли 90-ро такрор мекунем-чӣ?

 

Чоршанбе, Дек 18 2019

 Ҳадиси марги ту пурсӯзу талху  нобаҳангом аст,                  

На кӯҳ онро бубардорад, на дарёву на  ҳомуне…

Додарам Нурмаҳмад…

 Инак аз марги мармузу нобаҳангоми ту як моҳ сипарӣ шуд. Моҳе бе ту… Моҳе, ки бо гузашти он то ҳанӯз ба воқеияти он наметавонам бовар кунам. Хабари марги ту он қадар нобаҳангом буд, ки он соат гӯё маро зеботарин эҳсос, гармтарин шодӣ, баландтарин фараҳ, тавонотарин неру тарк гуфт. Ақлу  мағзам қудрати дарк ба ин жарфнои фоҷеаро надоштанд…  

 Оҳ, эй фалак! Дигар сар ба кадом кӯ занаму, рӯ ба кӣ ораму мадад ҷӯям!

Пазмони табассумҳои малеҳу чашмони меҳрпошу суханони дилосоят шудааам додари ҷавонмаргам!  

  Ва ногоҳ ба гӯшам аз дуриҳои дур садои хирадманде танин меандозад: 

- Нақл мекунанд,  ки подшоҳеро ду писар дар ҷанг шаҳид шуд. Чанд муддате гузашту бародари ҷигарбандашро  низ аз даст дод. Вузаро аз он  ҳайратзада буданд, ки  подшоҳ барои марги бародараш  он қадар сӯгворӣ  кард, ки ҳатто ба марги фарзандони азизаш чунин таъзиядорӣ накарда буд. Чун пурсиданд посух дод: -Агар худо хоҳаду саломат бошам, мумкин аст боз соҳиби фарзанд шавам. Вале он волидайне, ки бояд бароям бародар биёранд, кайҳост ин дунёро тарк намудаанд.

Оре: Нусхаи поки падарро, дӯсти соҳибҳунарро аз даст додаам ..

   Ва садои синасӯзи  хунёгари бузурги аср Муродбеки Насриддин қалбамро реш месозаду ашки фироқ аз дидагонам ҷорӣ мегардад:  

Ман намегӯям, ки зар гум кардаам,

Салтанат ё карру фар гум кардаам.

Вой бар ҳоли ману танҳоиям,

Оҳ, фарзанди падар гум кардаам.

Нақти ҷон, лахти ҷигар гум кардаам.

  Додарам ҷавонмаргам Нурмаҳмад! Аз он, ки ту дар даҳсолагият аз меҳру шафқату  навозиши дастони   модарӣ маҳрум гаштӣ (гардиши фалакро бубин, ки нахустдухтарат Таманно дар ин айём аз навозиши падар маҳрум гашт) азизи ҳамагон будӣ. Зиндагӣ идома меёфту ту ҳам бузург гаштӣ. Донишгоҳро дар Душанбе ба итмом расонида, дар манзиле, ки қиблагоҳ бароямон харидорӣ намуда буданд,  иқомат доштӣ. Пайваста дар ҷустуҷӯю пажуҳиш будӣ. Ин буд, ки дар баробари таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-пойтахт аз омӯзгорӣ то ба ҳайси сарвари Муассиса расидӣ. Он айём ту ҷавонтарин сарвари муассисаи таълимӣ дар синни 24-солагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ будӣ. Ин буд самараи ҷаҳду талошҳои ту, ки пазируфтанд туро ба ҳайси Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Сино. Дар ин маснад бо шарофати хислатҳои бузургӣ одамӣ – хоксоривую дилу нияти пок ва эҳсоси дарди атрофиён   обрӯву эътиборат дар байни дӯстону ҳамкорон даҳчанд гардид. 

Имрӯз лолу ҳайрон пазмони дидори туву зангҳои телефонӣ ва ҳамон садои дилнишини «Ако, чи хелед?» - гӯиҳоят гаштаам. Борҳо чун дар маъракаҳои хонаводагӣ ба ҳам меомадем (аз шаш нафар албатта нафаре ширкат намекард)  ту бо лаҳни шӯхӣ мегуфтӣ: - Ин баччаҳои Холи Давлата дигар пурра ҷамъ карда намешавад. Бехабар аз он, ки ту моро барои абадият тарк мегӯиву дигар маъракаорои мо нестӣ.  

  Ин лаҳзаҳо андеша мекунам, ки дар зери он табассумҳои зебою малеҳ дар умқи чашмонат ғаме ниҳон буд. Ғаме, ки аз найрангҳои рӯзгори нобасомон, хиёнатҳои ёрон, заифиҳои мардон  ва  бо сияҳномае бо номи  ТАНҲОӢ  сиришта шудааст. Вале ҳама ин аламҳоро андаруни сина мекашидиву ба атрофиён зоҳир намесохтӣ. Шояд ин дили бузурги саршори ишқу зиндагӣ дигар тавони бардоштани ин бори сангинро надошт.  Оре: Он дил, ки ранҷ мекашад то кай баҳиммат аст…

 Имрӯз иқрор  мекунам, ки бо ҳама донистанҳо ману арофиён ба дарки розу андешаҳои ту оҷиз будем. 

 Розҳо, андӯҳҳо, гуфтаву ногуфтаҳо  моро тарк карданд ба сӯи олами қудсӣ.  

 Боз Устод Муродбек бо наъраи ҷигарсӯз ба имдодам меоянд:

Мондаам дар талхии ғурбатсаро,

Сӯҳбати ширу шакар гум кардаам.

Ӯ бародар не, бароям дӯст буд,

Дӯсти соҳибҳунар гум кардаам.

Оҳ, фарзанди падар гум кардаам.

Нақти ҷон, лахти ҷигар гум кардаам.

      Рӯзи видоъ бо ту ва чунин ҷанозаро Куҳдоман пас аз гусели ҷияни ҷавонмарги 31 солаамон Фирӯзҷон ба хонаи охират   кайҳост дар хотир надошт.  Ҳама, ҳамсари ҷигарбирёну се кӯдакони ҳанӯз аз оламу одам бехабар, ёру дӯстон, хешу ақрабо бо сарварии акои Ҳоҷӣ Мулоназар Давлатмоҳу Ҳоҷӣ Маҳадсид, Бобои Саид, Ёрмаҳмаду Ҷамшеду Дӯстмурод, Каёнӯшу Фарида Ҳангомаю  Фархунда, Баҳрому Мулошарифу Диловар, Далеру Баҳодуру Анас ва даҳҳои дигар  дар фиғон буданд.  Наъраи  мардафкани  додарам Шомаҳмад гӯё синаи талу теппаҳои Кӯҳдоманро пора  месохт. Оре, Шомаҳмад ба шодравон меҳри хосае дошт. Шояд фарзандвор ва аз он ҳам бештар.   Ҳама хоса аҳли маорифи пойтахт он рӯз  бо сарварии бонуи кордону ташкилотчӣ, Раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе Нигина Ҷӯраева  ашки талх мерехтанду афсӯси маргҷавонӣ мекарданд.  Он рӯз ба чашми дил дарк кардам, ки чӣ тавр инсон метавонистааст бо хулқу одоби баланд дар ҳалқаи ҳамкорон маҳбуб гардад. Хонаи хоксоронаи ман барои издиҳоми видоъгӯён лаболабу пуропур гашта буд. Эй хок бар сарам, кош эшонро дар дигар маърака пазироӣ мекардам. 

Бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин

Ҳар кӣ яктост, ҳар кӣ беҳамтост,

Маргаш аз зиндагӣ номитар,

Мурданаш низ чун худаш зебост.

.Имрӯз домони сабру шукрро пеша кардаам ва хешро тасаллӣ медиҳам. Зеро дар ояти Қуръони Азимуш-шаън омада: «Изо ҷоа аҷалуҳум ло ястаъхиру соъатан ва ло ястақдиму». Яъне, чун аҷал ояд на як соат таъхир мекунад ва на як соат пеш меояд. 

Инак зодрӯзи туст…

Аҷал як моҳи дигар  имконе  надод, ки синни 37-ро пур намуда ба 38-солагӣ қадам гузорӣ.  

Боре маро сари мизи корӣ машғули навис-навис дарёфтӣ. –Ҳа ако, худо хоҳад маҷмӯа ҳам чоп мешавад, албатта? – суол намудиву афзудӣ, - чӣ ном мондед ба он? - «Таронаҳои шаҳри туманолуд» - посух додам ман.  – «Чаро туманолуд» - гуфтию ба умқи андеша рафтӣ.

 Ин номгузории ман албатта маҷозӣ буд. Марсияномаҳое, ки ба марги фоҷиавии Махсум Олимӣ, Кароматулло  Қурбонов, Мавлон Раҷаб, Фирӯзи ҷавонмарг  рӯи саҳифа рехта буданд шояд боис гардида буд. Вале эй доди сарнавишт, ки дар як шаби туманолуд риштаи ҳаёти  туро барканду  чойгузини олами таронаҳои туманолуд гаштӣ. Дигар ба туману ҳавои туманолуд бо нигоҳи ҳарос менигарам. 

 Инак зодрӯзи туст. Вале бе ту... Сари хони ту ҷамъ меоему оёоте чанд аз Қуръони Азимуш-шаън қироат мекунем. 

 Вале ҳанӯз ҳашт чашми интизор ҳамсару фарзандонат сӯи даранд. Гӯё ҳоло ворид мешавию… Хоса «додоҷонам кай меоянд?»- пурсиданҳои Насринаи хурдакак синаи сангро сӯрох мекунад. 

 Осуда хоб кун додари ҷавонмаргам!   Фарзандонат идомабахши роҳи кӯтоҳу пурбори туянд. Аллакай Таманно дар маҳфилу озмунҳои мактаби фаъолона ширкат меварзаду аз ояндаи некаш гувоҳӣ медиҳад. Амина низ кӯдакона ӯро пайравӣ  дорад.

Вале ман дигар ман хоб мебинам кӯчаву паскӯчаҳои Дарғи Шарифро, кӯҳу дараҳои Ғидифи Санкиротро, хиёбонҳои азими Душанбешаҳрро,айёме, ки кӯдакиву ҷавониямон сипарӣ гаштааст…

Дигар дар хоб мебинам рухи зебову табассумҳои малеҳи туро…

Дигар ҳама тӯи хотираҳои абадӣ , аз ёдҳо , азёдҳо…

Дигар дар баландиҳои деҳи Ҷангалак ҳамсару фарзандони ҷигарбирёнат дар ёди ту ашки талх мерезанд… 

Эй ҳамнафам, дар шаби ҳиҷрони ту оҳ,

Рафтивӯ маро чашми талаб дар  сари роҳ.

Чун нома ба тақрир кунам қиссаи шавқ,

Аз чашми қалам фурӯ чакад хуни сиёҳ.

P\S. Аз номи аҳи хонадон ба ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзҳои сахту ҷонсӯз ҳамеша дар паҳлуи мо буданд хоса  ба Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Нусратулло Файзулло , Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, Раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, бонуи воқеан сиришта аз меҳру модарӣ  Нигина Ҷӯраева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Муқаддас Носирзода  ва ҳамаи аҳли маорифи пойтахт арзи сипосу миннатдорӣ менамоям. Худованд моро танҳо дар рӯзҳои неку шодӣ чунин сарҷамъ созад. Омин!

Гулмаҳмади Давлатёр 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шанбе, Дек 14 2019

13.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 17:00 дақиқа. Толори китобхонаи Маркази кӯдак ва наврасони ш. Душанбе. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раҳбари ин даргоҳ-Комилҷон Холов, журналист ва ровии камназир, маҳфили муаррифӣ-презентатсияи китоби нави Ҳунарманди аршад ва саршиноси миллат-Ҷамшед Исмоилов, бо унвонии «Истиқлоли Ватан» баргузор гардид. 

Китоби мазбур, ки дар ҶСП «Ганҷ нашриёт» ба дасти чоп расид, 50 суруди Ҷамшедро бо матн ва нота-адворбандияш фароҳам дар бар гирифта,  дар олами мусиқаи миллӣ камназир аст. Зеро кам дидаем, ки ҳунармандон суруду таронаҳои хешро адворбандӣ кардаву нашр сохта бошанд. Мутаассуф, аксарияти ромишгарон такя бар хотираи радиову телевизион доранд, вале мо шоҳидем, ки бо сабабҳои усуливу аслӣ ва табииву солзадагӣ суруду таронаи ишон гум мешаванд. Фарзи мисол, аз Акашариф Ҷӯраеву Одина Ҳошим, Зафар Нозиму Маъруфхоҷа Баҳодуров ва ғ. ва ҳ. кам суруду тарона боқӣ мондааст. Яъне нашри «Истиқлоли Ватан»-и Исмоилов паёме бар сарояндагони саршинос аст, ки ба бӯи диску флешу интернету радиову телевизион нашуда, таронаҳошонро адворбандӣ кунанд. Зеро китоби адвор барои абадият аст!

Дар маҳфил, ки садраш профессор Иброҳим Усмонов буд, ҳунармандони аршади санъати мусиқаи миллӣ-Файзалӣ Ҳасан, Давлатманд Холов, Ҳаётой Муъминова, Дона Баҳром, Фурқат Саид, Ҷумъахон Исмоилов, Толиб Бобоев, Сӯҳроб Мирзоев, шоири тавоно-Гулназар Келдӣ, журналистон Ҷонибек Асрориён, С. Мизроб ва даҳҳо тани дигар ширкат ва суханронӣ намуданд. 

Минҷумла сардабири газетаи мардумии СССР дар суханронияш изҳори нороҳатӣ кард, ки мутаассуф имрӯз сурудҳои ватанпарастӣ, миллатдӯстдорӣ, давлатсипосӣ ва таронаҳои бахшида ба Сарвари Давлатро нафароне низ месароянд, ки тавон, ҳунар ва масъулияти онро надоранд. Ӯ гуфт:

-Ҷамшед Исмоил вақте суруди «Ӯ ҷони миллат аст!»-ро мехонад, вуҷуди касро ифтихор фаро мегирад. Вале чигуна шуда, ки имрӯз нафаре таронаи кӯчагии бемаъниву бе мантиқ мехонаду пагоҳ даъват ба ватанпарастӣ менамояд? Мардум ин ҳамаро мебинаду медонад ва дар чашми халқ патриотизм ва давлатпарастӣ ба 1 манзараи танз ва хандахариш мубаддал мегардад. Шумо дидаед, ки фарзи мисол, Алла Пугачёва ё Филипп Киркоров таронаҳои патриотӣ ва ватанпарастӣ хонанд? Не! Пас, чаро дар мо ҳар сакалтуву бодоварда ҳатман суруди ватанпарастӣ мехонанд? Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон, Кумитаи Радиову Телевизион бояд сари ин масъала умқан биандешанд ва садди роҳи ин раванд шаванд, ки оқибати нек надорад!

 Пешниҳоди фавқро аксарияти кулли ҳозирин дастгирӣ намуданд.

Дар охири маҳфил устоди устодони санъати миллӣ ва асосгузори «Сабки пойтахт»-Ҷамшед Исмоилов бо шогирдонаш табъи ҳозиринро хуш ва чанд суруд-шлягери хешро тақдими аҳли маҳфил карданд. Мо Метавонем!

М. Мубориз

СССР

 

Чоршанбе, Дек 11 2019

Боварнокарданист, вале Мирзоватан Миров, яке аз пояҳои устувори театру синамо ва мусиқаи Тоҷик ин ҳафта ба синни мубораки 70 мерасанд! Чаро боварнакарданист? Зеро Маэстро имрӯз ҳам ҳамонгуна ҷавон, зебо, пурҳаракат ва серкор аст, ки Худо ба 100 солагӣ чунинаш расонад. Дар бораи эҷоди ӯ метавон рӯзу ҳафтаҳо сӯҳбат кард. Вале мо танҳо 2 нақши боризи ӯро ин ҷо мегӯему хонандаро ба мутолиаи матлаб даъват мекунем. 1. Миров аз ангуштшумор ҳунармандонест, ки ба ӯ офаридани нақши Ленин-доҳии пролетариатро дар айни авҷи сотсиализм бовар карда буданд. Огаҳон медонанд, ки нақши Ленинро ба кам касоне бовар мекарданд. Ва дуввум ин ки ӯ муаллифи яке аз таронаҳои маъруфтарини Одина Ҳошим- «Кӯҳандиёро» мебошад.

Юбилей муборак, устоди устодони саҳна!!! Мо Метавонем!

 

МИРЗОВАТАН МИРОВ 70-сола шуд!!!

Ходими хизматнишондодаи санъатиТоҷикистон,Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ, М.Миров 8-декабри соли 1949,дар деҳаи Кунгураи собиқ ноҳияи Дашти Ҷам (ҳозира ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 хатмкунандаи омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ба номи Ҷ.Бӯйдоқов. Соли 1972 факултети санъати донишгоҳи омӯзгории ба номи Т,Г.Шевченко-факултети “Актери театрҳои мазҳакаи мусиқӣ”-ро хатм менамояд. Аз соли 1972 дар театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси актер-овозхон ва баъдан ба сифати саррежиссёри театр кор мекунад.

Соли 1980 Курси олии режиссёриро дар шаҳри Москва хатм менамояд. Аз соли 1980 то соли 19992 Роҳбари бадеии театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб шуда кор кардааст. Соли 1993 то соли 1995 режиссёр ва баъд то соли 1997 роҳбари бадеии театри Академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ. Соли 1999 то соли 2001 сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ буд. Соли 2002 раиси иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 2003 ба вазифаи саррежиссёрии театри давлатии Ҷавонон ба номи М Воҳидов таъин мегардад.

 

Парвози Парастуи Мирзои Ватан

Соли 1989 дар Фестивал-озмуни театрҳои Ҷумҳурӣ «Парасту» бо спектакли драммаи мӯсиҷии «ФИШОР»-и С.Аюбӣ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, сазовори Шоҳ-Ҷоиза мегардад. Худи ҳамон сол дар Фестивали байналхалқии театрҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоизаи «Беҳтарин спектакли мусиқӣ»-ро сазовор мегардад. Соли 1995 дар театри Академӣ-драммавии ба номи А.Лоҳутӣ фоҷиаи В.Шекспир «Ромео ва Ҷулета»-ро ба саҳна гузошта, дар Фестивал-озмуни театрҳои Ҷумҳурӣ «Парсту» ба гирифтани ҷоизаи «РЕЖИССЁРИ БЕҲТАРИН» сазовор мегардад.

Соли 1998 роҳбари бадеии барномаи консертии «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон» таъин мегардад ва барои бо муваффақият гузаштани ин чорабинӣ, аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гирифтани Унвони Ҳунарпешаи халҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардад.

Соли 2001 дар асоси оҳангу сурудҳо ва анъанаҳои суннатии мардумӣ, намоиши мусиқи-фолклории «Тӯй, ё ишқи духтари ҳамсоя»-ро таҳия мекунад. Худи ҳамон сол бо ин спектакл дар 111-умин Олимпиадаи умумиҷахонии театрҳо,дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, иштирок намуда,сазовори баҳои баланд мегардад. Мутахасисони соҳаи   театрҳои касбӣ аз шаҳрҳои Москва, Петербург ва давлати Полша ин намоишномаро як равияи нав дар санъати театрии ҷаҳон номиданд.

Соли 2003  спектакли мусикӣ-фолклорӣ «Рақси Нодира»-ро дар театри рақсии «Падида» таҳия мекунад (муаллифон Ҳ.Абдураззоҷов ва М.Миров) ва дар фестивали байналмилалии театрҳо ба номи А.П.Чехов дар шаҳри Москваи Фадаратсияи Русия   ширкат варзида, сазовори баҳои баланди мунаққидон ва тамошобинон мегардад.

 

Фаолият дар хориҷи кишвар

Соли 2005 дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар муддати 1 моҳ ба ҳунармандони Афғонистонӣ аз фанни режиссёрӣ ва маҳорати актёрӣ дарс гуфта, дар театр-студияи Офтоб, аз рӯи асари Н.Табаров спектакли «ТАРС»-ро бо ҳунармандони Афғонистон таҳия намуда, ба тамошобинони сершумор пешкаш менамояд.

Мирзоватан Миров Солхои 2007,2008,2009,2010, 2011 ва 2012 дар Фестивали байналхалқии мусиқии «ГУЛИ  СУРХ» дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати роҳбари гурӯҳҳои мухталиф ва чун овозхон иштирок намуда,  «Лауреати фестивали байналхалқии мусиқии Гули Сурх»мегардад.

Соли 2009 бо спектакли «ЧАШМОНИ БАРОДАРИ ҚИЁМАТӢ»-дар шаҳри Кобули Ҷумхурии Исломии Афғонистон, дар Фестивали 6-ӯми театрҳои Миллии Афғонистон баромад намуда, ба гирифтани ҷоизаи «КОРГАРДОНИ БЕҲТАРИНИ ФЕСТВАЛ» сазовор мегардад.

Мирзоватан Миров соли 2010 бо спектакли « Чашмони бародари қиёматӣ» дар 10-ӯмин фестивали байналхалҷии театрҳо бо номи «Шери тиллоӣ» дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина ширкат меварзад ва дар қатори дигар театрҳо сазовори дипломи ин фестивал мегардад.

 

Мусиқаи Мири Ватан

Мирзоватан Миров чун оҳангсоз ба спектаклҳои зерин оҳанг навиштааст: “Садбарг”- Султон Сафаров, »Зани оҳанин»-и драматурги шинохтаи   Ӯзбакистон Шароф Бошбеков, »Карим-Девона»-и Турахон Аҳмадхонов, Ҷавонмардро кӣ дуздид»-и драматурги доғистонӣ Иссо Баташев,”Як танга тилло»-и Ато Ҳамдам, барномаи мусиқии театрикунонидашудаи«Ганҷи Парешон» (Муаллиф ва коргардон М.Миров),  драммаи мусиқии «Гурд»-и С.Аюбӣ, мазҳакаи мусиқии «Моҷарои имтиҳон»-и А.Атобоев, мазҳакаи мусиқии «Биё, барфибобо,биё, соли нав»-и Наримон Бакозода ва ғайраҳо.

 

Андешаи санъатшиносон оиди эҷодиёти  Мирзоватан Миров.

(Оиди спектакли «Салом падарони азиз!»Н.Отколенко.)

«Спектакль  поставлен  живым режссёром и живые актёры на сцене.Это очень професанальный режиссёр».

Соколянский А.Ю. Театральный  критик, Кандидат искусствоведения, 1988.г.

 

 Оиди спектакли «Фишор»

«Надо отдать должное режиссёру Мирзоватану Мирову, что ни разу в своем прочтении пьесы он не изменил идее причти и режиссура выстроена самым талантливейшим образом.И актёрам было предложена форма самочувствия, которая не имеет ничего обшего с элементарно бытовым поведением»

Михалёв В.П. Доктор философских наук. Искусствовед, г.Москва

 

«С огромным интересом смотрел спектакль «Фишор».Получил истинное удовольствие от слияние музыки, авторов, артистов, зрителя».

Марк Захаров,Народный артист СССР, Главный режиссёр театра Ленинского Комсомола Г.Москва

 

         

«Тӯй ё ишқи духтари ҳамсоя»

(Намоиши мусиқи-фолклорӣ)

«Свадба или любовь к соседской дочке,(Реж. Мирзоватан Миров) явился не просто ярким зрелищем,завораживающим своими,песнями,танцами—это была какая-то космическая стихия; в этом действе пульсировала живая,настоящая энергия!».

Алла Часовникова театральный критик, Кандидат искусствоведения Г.Москва

 

 

саҳ 33 аз 83

Китобҳо

Flag Counter