ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 23 2019

(Аз дафтари хотира)

Бо устод Низом Қосим дар дафтари кораш машварате доштем... Ҳама нима монд, чун ба меҳмонии устод, аввал нависанда Сайфи Раҳимзод омад ва пас аз даме, устоди суратгарӣ Олимпур дами дар буд. Ба устодон чой мерехтам, ки устод Раҳмони Остон омад ва андаке нагузашта, устод Мастон. Устод Остон аз кадом як суратгаре ва нақши гове қиссае намакин мекард, ки аз дар устод Бозор Собир даромад. Дуруд бифиристоду бо ханда гуфт:

-Агар касе бигӯяд, ки "обонкрот" чӣ мешавад, 1 байташ менависам, балки 1 соядаст ва китобамро армуғонаш мебарам.

Ҳама дар хаёл уфтоданд... Чун устод Бозор ҷавобе нагирифт, гаҳе, ки аз дар бурун мерафт, дигарбора бо ханда гуфт:

-Ин мардум на байт мехоҳанду на шоҳбайт! На сояву на соябасту на соядаст...

Банда пас аз ним соат бо устодон хайрухуш кардам. Дар дами дарвозаи ИНТ дубора бо устод Бозор сар задем, ки сигор равшан карда буд.

Гуфтам:

-Устод, "обонкрот"-ро фаҳмидед?

Хаёлӣ фармуданд:

-Барои байте лозим аст... валлоҳ, ки дар нӯги забонам буд, аммо...

Гуфтам:

-Устод, шояд "варшикаста" бошад.

Хеле хушҳол гашту гуфт:

-Нав сарат омад? Чаро он ҷой нагуфтӣ?

Гуфтам:

-Устодо, он ҷой устодон буданд... беҳурматӣ мешуд... шояд...

Ба китфам бо дасти муборак тап-тап заду гуфт:

-Офарин!

Ва бо хандаи ширине изофа фармуд:

-Пагоҳ барои китобат биё...

***

Омадам. Бароям навишт, дар муқоваи китоб:

Натавонӣ шудан ту Юсуфи Миср,

Метавонӣ ту гашт Юсуфи шеър!

 

Муҳаммадюсуфи Давронзод,

адиб

 

Чоршанбе, Окт 16 2019

Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300.000 мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700.000 мисраъ, ба ривояте аз 300.000 байт ва ё ҳатто аз 100.000 байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас. Ва ин аст, ки чун аз миёни сафҳаҳои китобе донишмандон қитъае ё байтеро аз устод пайдо мекунанд, табиист, ки боиси хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад. Инак, донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае 3 байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони адаб ироа додаанд.

Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” (Шарҳи “Баҳр-ул-ғароиб”) дар маҷаллаи “Матншиносии адаби форсӣ” (1397, шумораи 4(40) чоп шудааст. Бояд гуфт, фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” фарҳанги дузабонаи форсӣ ба туркӣ буда, дар ҳудуди асри 9 ҳиҷрии қамарӣ (15 мелодӣ) ба риштаи таҳрир даромадааст. Муаллиф вожаҳои форсиро ба забони туркӣ шарҳ дода, баъд ашъори шуарои форсизабонро ба шоҳид овардааст. Дар ин луғат (чунонки дар фарҳангҳои форсии дигар низ) ашъори Рӯдакӣ фаровон истифода шудааст. Зимнан, бояд таъкид кард, ки ин фарҳанг низ аз маъохизи устод Саиди Нафисӣ будааст, вале зоҳиран эшон аз нусхаи ноқисе аз ин луғат истифода бурдаанд, чун 3 байти тозаеро, ки танҳо дар ин луғат дида мешавад, дар китоби хеш наёвардаанд. Муаллифони мақола, 2 нусхаи ин луғатро, ки дар китобхонаи миллии Эрон ва китобхонаи Маҷлис нигаҳдорӣ мешавад, ҳамчунин фарҳанги Шуъуриро, ки низ фарҳанги туркӣ ба форсӣ буда, аз фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” таъсир гирифтааст, баррасӣ кардаанд. Инак, 3 байти навёфтаи Рӯдакӣ, ки дар ин фарҳангҳо омадааст ва дар ҳеч маъхази дигаре дида намешавад:

Мар маро дар банди ғам созад асир,

Чун зи пича бозгирад пичабанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои “пича” ва “пичабанд” ба гунаи “пунҷа” ва “пунҷабанд” омада, ва “пунҷа” ба маънии “пешонӣ” шарҳ шудааст ва муаллифони мақола бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро ба гунаи дуруст сабт кардаанд. Азбаски “пича” ва “пичабанд” вожаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ будаанд (ки ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон роиҷ аст) бештари фарҳангҳои форсӣ ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати “пунҷа” ё “пунча” овардаанд. Байти дувум дар нусхаи Маҷлис ба сурати

Нахусб, кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар,

Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ.

омада, вале дар нусхаи Китобхонаи миллӣ мисраи аввал ба гунаи

Махусбу кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар

омада, ки низ боиси тааммул аст. Ва муаллифони мақола ҳадс задаанд, шояд калимаи аввали байт “нахуст” бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон “нахусб”-у “махусб” афзалтар менамояд. Байти севум, ки зайли вожаи “навард” ба маънои “дархуранда” (сазовор, писандида) омада, ин аст:

Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст,

Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард.

Ҳамчунин дар ин луғат байтҳое ҳастанд, ки дар фарҳангҳои дигар ба шоирони дигар мансубанд ва дар ин ҷо ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд, ва низ байтҳое мавҷуданд, ки дар соири фарҳангҳо ба номи Рӯдакӣ омада, дар ин луғат ба номи шоирони дигар забт шудаанд. Ва низ байтҳое аз Рӯдакӣ дар ин луғат бо ривоятҳои дигаргуна омадаанд, ки чун баҳси ихтисосӣ аст, аз шарҳи онҳо худдорӣ кардем...

Абдуқодири Рустам,

адиб

 

Чоршанбе, Окт 09 2019

Соли 1986 Кумитаи ҷавонони н.Колхозобод (ҳоло Ҷ.Балхӣ) мо-5 нафар ҷавонро ба курси кутоҳмуддати мактаби олии комсомол барои таҳсил фиристод. Дар вақти таҳсил мо худро аз ҷиҳати одобу фарҳанг мудом муаррифӣ мекардем. Дар як муддати кутоҳ маро сардори гуруҳ оид ба чорабиниҳои фарҳангӣ-адабӣ интихоб карданд. Ба тамошои ш.Маскав мебаромадем ва ҳар вақте пиронсолон вориди трамвай мешуданд, зуд аз ҷо хеста, ёрӣ мерасонидам. Онҳо бо изҳори сипос ба сару либосам чашм давонда мепурсиданд, ки аз кадом миллатам. Вақте бо виқор мегуфтам, ки «аз Тоҷикистон», харитаҳои дастиро бароварда, меҷустанд, ки дар ватани ман кадом миллатҳо истиқомат мекунанд. Харитаро нишон дода мегуфтам, ки кӯҳҳои баландтарини дунё дар Тоҷикистон-Помир аст. Онҳо ба калимаи Помир, нигариста мегуфтанд, ки «о, шумо аз Боми ҷаҳон (Крыша мира) ҳастед?». Фахр мекардем, Помир вилоятест дар Тоҷикистон. Боз суол мекарданд, ки оё ҳамаи тоҷикон чунин меҳрубону ғамхоранд? Бо фахр мегуфтам, ки бале!

Рӯзи дигараш ба тамошои Мавзолейи доҳии пролетариат В.И.Ленин рафтем. Дар вақти бо автобус сафар кардан бо донишҷӯёни Туркия ҳамсуҳбат шудем. Онҳо низ ба либоси миллии мо нигариста, саволборон мекарданд. Вақте фаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонам, яке бо ҳаяҷон пурсид, ки «пас Одина Ҳошимро мешиносӣ?». Ҷавоб додам, ки бале! Ӯ қисса кард, ки падараш сафир асту боре бо корҳои давлатӣ ба Тоҷикистон сафар карда, мухлиси Одина Ҳошим шуда, «пластинка»-ҳои ӯро ба Туркия, ба аҳли оилааш туҳфа бурдааст. Ва оилаи онҳо давоми 10 соли охир сурудҳои ӯро гӯш ва роҳат мекардаанд. Ҳатто донишҷӯи турк суруди «Ало, хамзада кокул…»-и О.Ҳошимро каме зам-зама ҳам кард. Дар охир гуфт, ки орзу дорад боре ба ватани Одина Ҳошим сафар кунаду либоси миллии ин мардумро, ки дар тани ман дида буд, ба модару хоҳараш туҳфа барад. Суроғаамро ба ӯ навишта, ваъда додам, ки агар меҳмон шавад, худам ба ӯ 2 куртаи миллии зебои тоҷикиро туҳфа мекунам ва бо бародаронам ӯро ба зодгоҳи Устоди санъати тоҷик, булбули машриқзамин Одина Ҳошим мебарам.

Аз ман бисёр хоҳиш мекард, ки дар бораи аҳли хонаводаи ин булбули Шарқ маълумот диҳам. Мутаассифона, он давра дар бораи О.Ҳошим ва аҳли аёли ӯ дар рӯзномаҳо чизе нахонда будам. Бисёр афсӯс хӯрда, бахшиш пурсидаму дар дил гуфтам, ҳамин ки ба Тоҷикистон баргаштам, аз ҳаёту фаъолияти ситораҳои машҳури давр-Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабеки Мурод… албатта маълумот дарёфт мекунам. Хушбахтона с.2004 ба Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи устод А.Бобоқулов ба кор омада, бо Фирдавс-набераи устод О.Ҳошим, ки дар курси 2-и шуъбаи «Сурудхонии анъанавӣ» таҳсил мекард, баъдтар бо устод З.Нозим ва бо писари хурдиаш-Қаландар, ки дар литсейи Коллеҷ мехонд, аз наздик шинос шудам. 

Гавҳар Муродова,

муовини директори Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов

 

Чоршанбе, Окт 02 2019

 

(ин ашъор ба онҳое, ки ба худ мекашанд, дахл надоранд!)

 

Пайрави оина гашта, тӯтии гӯё шудӣ,

Дар нигоҳи аҳли маънӣ гӯйё доно шудӣ.

 

Қиссаи устураат з-устураҳо шуд кӯҳнатар,

Кӯҳна худ аз қиссаи устураҳо кайҳо шудӣ.

 

Нестӣ чун пештар дигар ба чашми мо азиз,

Ҳар замон бегонатар бар дидаи бино шудӣ.

 

Ҳамчу афғонбаччае дар соҳили Баҳри Кабуд,

Гушна будӣ, ногаҳон босарвату доро шудӣ.

 

Ҳар куҷо раҳбар шудӣ, пули калонро қап задӣ,

Соҳиби ҷоҳу ҷалолу қасри сарболо шудӣ.

 

Дӯстонро кай шиносӣ дигар аз бодавлатӣ,

Дар худат гум гаштаву аз кибр нопайдо шудӣ.

 

Ҳеҷ кас дар зиндагӣ дасти мадад аз ту надид,

Чун мазори бешафоат ҷой дар боло шудӣ.

 

Шеър дар занҷир

Дарди ман имрӯз бетадбир шуд,

Мурғи завқам бемадору пир шуд.

 

Бар ту гӯям, ҳокими мулки сухан,

Зиндагӣ аз кори ту дилгир шуд.

 

Не ба симо шеъри хуш, не дар садо,

Шеър бар ҷону дилам чун тир шуд.

 

Ҷои шеър устура хонанду шиор,

Шери шеърам пой дар занҷир шуд.

 

Завқи мардум он қадар коҳида гашт,

Ҳарфи Соиб пӯчу бетаъсир шуд.

 

Панди Ҳофиз гум шуду аз Мавлавӣ,

Саъдию Ҷомию Бедил қир шуд.

 

“Зинда боду зинда боду зинда бод!”,

Умри мо гӯё, ки бетақсир шуд.

 

Хоб дидам маҳфили бигзаштагон,

Лек хоби дида бетаъбир шуд.

 

Беғалат як байтро ҳам нашнавӣ,

Гӯши дил аз лаҳни нотиқ сер шуд.

 

Гӯиё ҷои биринҷ аз деги ош 

Рег моро ҷой дар кафгир шуд.

 

Шеърро бар тахти худ ору нишон,

Ҷони ман безор аз таҳрир шуд.

***

Курсии роҳбарӣ зуд дигар кард туро,

Аз раҳи одамият ребу бадар кард туро.

 

Яку якбора нагирад назарат моро ҳеҷ,

Дур аз ақлу тамизу зи назар кард туро.

 

Меҳр дар дил, ки каму ним будат, гум гардид,

Ҳамчу як сангдили даври қамар кард туро.

 

Дӯш устоди ту аз пушти дарат нолон рафт,

Ранги бетарбияи оқипадар кард туро.

 

Кор нею фақат андеша кунӣ фоидаро,

Як ҳарисе ба дами шому саҳар кард туро.

 

Ба идора хатари нестшавӣ омада пеш,

Нафси беохират аз аҳли хатар кард туро.

 

Саг суроғат накунад аз раҳи нафрат фардо,

Дӯсти беғараз имрӯз хабар кард туро.

 

Ту кистӣ, ман кистам

Эй ошнои нонӣ, ё ҷӯраи забонӣ,

Бӯе набурдаӣ ту аз дӯстии ҷонӣ. 

Беманфиат чу мондӣ, якбора канда гаштӣ,

Бенангият аён шуд аз нав ба зиндагонӣ.

                  Вақт аст, бемуҳобо, то бигзарем аз ҳам,

                  Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

Ғарқида дар ғурурӣ, дилмурдаеву кӯрӣ,

Андешаҳот ботил, аз кори хайр дурӣ.

Қаҳри туро чӣ  гӯям, заҳри туро чӣ гӯям,

Сӯи ҳаво фуки ту, гӯё ба мо зарурӣ.

                      Ҳаргиз намехӯрам ғам, ман бешам аз ту, не кам,         

                  Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

Аз хоки дигарӣ ту, аз хоки дигарам ман,

Як умр бо китобу бо килку дафтарам ман.

Аз суҳбати бузургон дарси адаб гирифта,

Қалбам макони меҳр аст, як меҳрпарварам ман. 

                  Нисфи ҷаҳон бидидам, ман мешиносам одам,  

                  Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

 

Дунёи ту дигар ҳаст, савдои ту дигар ҳаст,

Дар фикри ҷоҳу мансаб авзои ту дигар ҳаст.

Умрат ба ҳирсу бо оз бо ранҷ пушти сар шуд,

Чашмат гурусна бошад, пайдои ту дигар ҳаст.

                   Кардӣ хаёл, аз ғам пӯшам либоси мотам,

                   Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

Рубоиҳо

Бо устурахонӣ нашавад мулк обод,

Бо устурахонӣ нашавад дилҳо шод.

Эй устурахон, устурахонӣ кам кун,

Бо устура аз дард нагардем озод.

***

Гаҳ устура аз Исфара мегӯяд ӯ,

Гаҳ устура аз Данғара мегӯяд ӯ.

Гӯё, ки ҷаҳони тозае ёфтааст,

Карда лабу рӯ якпара, мегӯяд ӯ.

***

Ҳар кас ба тариқи худ калонӣ дорад,

Бо хоҳиши хеш комронӣ дорад.

Зинҳор, ки дар кор муваффақ нашавем,

То Хоҷаи мо устурахонӣ дорад.

*** 

Сад дарду алам ба ҷисму ҷон афтодаст,

Дур аз тани ман тобу тавон афтодаст.

“Ман тарки китобу дафтарам хоҳам кард”,

То раҳбари мо устурахон афтодаст.

*** 

Бе азму ҳадаф ба зиндагонӣ айб аст,

Фориғ будан аз зӯри ҷавонӣ айб аст.

Эё Хоҷа, ба даври сохтмонҳои азим,

Инсоф бидеҳ, устурахонӣ айб аст.

*** 

Эй Шер, ба атроф назар кун ту, назар,

Аз қудрати худ гаҳе хабар кун ту, хабар.

Рӯбоҳ агар ёр шавад бо давлат,

Аз давлати рӯбоҳ ҳазар кун ту, ҳазар.

 

Чоршанбе, Сен 25 2019

Гумонам аз ин бештар навистан наметавонам. Шигифт ҳам намешавам, ки чаро гурӯҳе дӯстон як чизи аз рӯз рӯшанро дидан наметавонанд, ё дидан намехоҳанд. Зиндагӣ ҳамин аст, дигар. Одамон гуногун, андешаҳо ранг ба ранг. Ман наметавонам барои сухан кардан ба порсие, ки дӯстон мегараванд, бимираму пеши Фирдавсию Саъдию ҳазорон суханвари дигар равам. Ва онҳоро зинда кардан ҳам наметавонам. Ягона чизе, ки мебинам, ин дигар будани забони мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза аз забони мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрони имрӯза аст. Мебинам, ки 2 кӯдаки мо ҳамдигарро намефаҳманд. 

Оре! Бе гуфтугӯ 1000 сол, 100 сол ва то 40 сол пеш мо бо мардуми ҶИЭ бо 1 забон сухан мекардем. Ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Вале имрӯз забонҳои мо дигари дигаранд! Забони имрӯзаи навиштори бародарони эронӣ барои мо мардуми Тоҷикистон бегона аст. Хуб карданд ё не, ин кори онҳост, ки ба оҳистагӣ аз порсӣ ба арабӣ гузаштан доранд. Ин забони онҳост, ҳар чӣ дилашон хост, бикунанд. Намешавад бо 2 "ч"-ю "ж" порсӣ номид. Арабии суриёнӣ ҳам ин садоҳою чанд вожаи худро дорад. Бо ҳамаи бовар мегӯям, ки ягон (!!!) кӯдаки тоҷик, ба шумури фарзандони ҳамин дӯстони порсихоҳ, аз китобҳои дабистони Эрони имрӯзӣ ҳич чизе намефаҳмад! Пас барои кӯдаки тоҷик чӣ гуна як забонеро, ки фаҳмидан наметавонад, метавон забони модарӣ хонд? Агар гуфтаҳои маро дурӯғ пиндоред, бигиреду чанд китоби дабистони Эронро бинед, хонед. Шояд худи шумо мефаҳмед. Ман ҳам хуб мефаҳмам, чунки каму беш арабиро ҳам дар ёфтаам. Лекин кӯдаки мо намефаҳмад. Магар забони адабӣ аз дабистон оғоз намешавад? 

 

Забони порсии Эрон мемирад!

Боз ҳам мегӯям, ки рӯзгори забони порсӣ, ки мо мегаравем, дар Эрони азиз бошумор монда аст; 40 ё 50 сол пас дар Эрон аз порсии Фирдавсӣ танҳо Шоҳнома ба ёдгор мемонад. 

Арабисозии порсӣ кори наве нест. Фашизми арабӣ 1400 сол дар пардаи дин пинҳон шуда, забонҳои мардуми бисёреро бурид. Дар миён агар Сомониён пайдо намешуданд, мо ҳам араб мебудем имрӯз. Пеш аз тохтутози русҳо, каме монда буд, ки забонро бозем. Аҳмади Донишро хонед, бинед ба чӣ порсӣ менавист.

Сипос аз Абаромӯзгор Айниро, ки боз ба тоҷикии тоза рӯ овард. Шояд барои бародарони эронӣ беҳтар аст, ки навиштаҳои Имом Ризоро осонтар фаҳманд. Ин кори онҳост. Нӯшашон бод! Лекин ман мехоҳам, ки Рӯдакиро ояндагонам бе баргардон фаҳмидан тавонанд. Ва мегӯям, ки забонам тоҷикист. Бо порсии бостон як аст, лекин аз форсии имрӯз дигар. Мурдапараст, ки нестам. Барои имрӯзу фардо меандешам. Мо Метавонем!

Сафват Бурҳонов,

Одесса, Украина

 

Ҷумъа, Сен 20 2019

 Пагоҳ, 21.09.2019 дар Маҷмааи савдои “Меҳргон” Иди себ баргузор хоҳад гашт. 

   Иди мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва Вазорати кишоварзии ҶТ ташкил карда шуда, тибқи иттиллои расида, қарор аст дар он боғпарварон аз тамоми минтақаҳои мамлакат намунаи беҳтарини себҳои тоҷикиро ба намоиш ва фурӯш гузоранд.

 

 

 

 

 

 

саҳ 36 аз 83

Китобҳо

Flag Counter