ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Июн 2021 11:35

Салом ба аҳли эҷодии рӯзномаи СССР! Яке аз варзишгарони ҷавони 23-солаи ш.Исфара, номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев мебошад. Мустафохӯҷа аз синни 6-солагӣ ба шоҳмотбозӣ машғул аст. Ба Мустафохӯҷа бозии шоҳмотро падараш Исмонхӯҷа Ҳусейнхӯҷаев омӯзонидааст. 

Ӯ соли 2005-ум дар мусобиқаи шоҳмот дар ш.Душанбе байни наврасони ҷумҳурӣ ғолиб омада, чемпиони Тоҷикистон гардид. Соли 2016 Мустафохӯҷа ҳамчун аъзои дастаи шоҳмотбозони яккачини Тоҷикистон байни давлатҳои Осиёи Миёна, соли 2018 дар олимпиадаи умумиҷаҳонӣ, ки дар ш.Батумии Ҷумҳурии Грузия баргузор гардид, иштирок дошт. Дар ин мусобиқа намояндагони 185-давлат ширкат варзиданд. Соли 2019 бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври вилоятӣ оид ба шоҳмот то сини 30-сола байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳо Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев сазовори ҷои 1-ум гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, медал ва диплом сарфароз гашт.  Ӯ чанд карат чемпиони вилояти Суғд мебошад. 

   Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев ҳамчунин иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озорбойҷон ва Гурҷистон асмт. Мавсуф ҳамчун мураббӣ имрӯз дар литсейи № 6-и ш.Исфара ба наврасон дарси шоҳмот медиҳад. 

Муқсидҷон Сатторов, 

ш.Исфара

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 11:32

 Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ҳоло дар мактабҳо таътил шудаасту омӯзгорони деҳот, волидонро маҷбур мекунанд, ки барои фарзандонашон аз мактаб сару либоси ягона харидорӣ кунанд. Нархи либоси мактабии духтаронаву писарона ба сифаташ ҷавобгӯ нест. Бисёр хуб мешуд агар, сару либоси талаба якранга бошад, ки хонанда буданашро бифаҳмем. 

   Ҳоло аз масъулин 1 чӣ пурсиданиям: чаро мо ҳуқуқи аз бозор харидорӣ кардани либоси мактабиро надорем? Чаро худи омӯзгорон сару либоси ягона надоранд? Муаллимро аз нафари одии кӯчагӣ фарқ намекунӣ. Бигузор талаба мисли талабаву муаллим мисли гуфтаҳои педагоги №1-и СССР Антон Макаренко либос пӯшад! 

Юсуфӣ Баҳодур, 

н.Кӯшониён тел: 11 116 66 67

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 11:31

- Салом ба кулли кормандони газетаи мардумии СССР! Дар арафаи пешвозу таҷлили ҷашни тақдирсози 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ қарор дорем. Дар муддати 3 соли ахир дар тамоми ҳудуди мамлакат чӣ қадар дигаргунӣ ба амал омада, Тоҷикистони азизи мо шукуфт. Инро мебинаму меболам, вале вақте ба ёдам роҳҳои ноободи ш.Исфара меояд, нигарон мешавам. 

30 сол мешавад, ки роҳи байни ҷамоатҳои Чилгазӣ-Лаккон обод нест, раисони қаблӣ, ки омаданду рафтанд, дар ҳар мулоқот ваъда медоданд, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвар ин роҳ таъмир мешавад, вале 30 солагӣ ҳам расиду аз таъмиру азнавсозии ин 22 км роҳ дараке нашуд. 

Раиси собиқ Сулаймон Акрамзода вобаста ба ин масъала боре гуфта буд, ки барои таъмири ин роҳ ҳатто буҷҷаи вилояти Суғд ҳам намерасад, ин тавр бошад ин роҳ боз чандин даҳсола ҳамин тавр хоҳад монд? Вазъи ин роҳ хеле бад буда, вақҳои ахир садамаҳои автомобилӣ дар ин масир афзудаанд. Ронандаҳое, ки дар ин масир равуо доранд, ҳар моҳ то 1500 сомонӣ андоз месупоранд, лоақал аз ҳамин маблағ қисмеро ҷудо карда, роҳро таъмир кунед, мансабдорони азиз! 

Дигар ин, ки 86 км роҳи байни Конибодом ва Б.Ғафуров низ, ки байналмиллалист, таъмирталаб буда, бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият азнавсозӣ мешуд, вале он ҳам ҳамин тавр монд…

Юсуфбой Файзиев, ш.Исфара, тел: 98 704 05 54

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 11:26

Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ синамогарони тоҷик ба он муваффақ шуданд, ки чандин кинофилмҳои бадеӣ, таърихӣ, ҳуҷҷатиро пешкаши тамошобини пурбардошту пуртоқат намоянд. Чаро пурбардошту пуртоқат-савол ҷавоб мехоҳад. Дилхоҳ кинофилме, ки шабакаҳои ҷумҳуриявию вилоятию ноҳивӣ пешкаши тамошобин менамояд, саросар аз ғуссаю алам саршор мебошанд. Дар аксари филмҳои синамогарони тоҷик ҷаноза, мурдагуркунӣ, гиряю нола, фироқи бепадарию бемодарӣ пешкаши тамошобин мегардад. 

Дар филмҳои “Коса”, “Муаллим”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Марди мутаалиқи ду зан” ва ғайраҳо яъсу ноумедӣ, беҳуқуқии зан, гиряву нола, мурдан дар хорию зорӣ ба риштаи сужа кашида шудааст. Ин филмҳоро тамошобин дида, барои худ ғайр аз навмедӣ чизи дигаре эҳсос намекунад. Ҳоли қаҳрамононе, ки аз дасти замона , фарзандон, наздикон ба ҷабру ҷафо гирифтор шудаанд ва барои ҳаёти худ коре карда наметавонанд, тамошобинро ба гирдоби ғам мекашад ва хоҳ-нохоҳ ашки чашмаш мешорад. 

Масалан, падарро дар оғил ҷой кардан, аз сари китфи писар ба даруни қабр афтидани падар, зани бешавҳар бо кӯдаки хурдсол дар хона зиндагӣ намуда, зери фуш-фушҳои марди лаққӣ монда, навҳаву фиғони ятимбачагон ва ғ. ва ҳ.  ва амсоли ин ҳаракатҳое, ки касро ба яъсу навмедӣ мебарад. 

Ҳунармандонро низ мо куштем!

Дар давоми 1 соли охир ҳунармандони асил-Саврӣ Сабзалиева, Раҳмондӯсти Қурбониён, Марат Орифов аз дасти пирӣ ва касалӣ нафавтидаанд. Онҳоро ролҳои иҷронамудаашон, ки пур аз ғаму дарди қаҳрамонҳояшон буд, ба хонаи охират гусел кард. Дар айни камолоти эҷодӣ, ҳангоми додани овоз Назирмад Мӯсоев ба олам падруд гуфт. Бовар кунед, овози ӯ низ ҳамеша садои нақши гирёнчакеро ба гӯш мерасонид. 

Бо ин гуфтаниям, ки сенариянависҳою синамогарони тоҷик аз филмҳои маишии пур аз ғаму дард, ки пешкаши тамошобин мекунанд, худдорӣ намоянд. Вақти он расидааст, ки қаҳрамонии халқи тоҷикро, ки давоми солҳои истиқлолият ба даст омадааст, пешкаши тамошобин намоянд. Киноҳои мо пурраву комилан ба шаҳрвандони Тоҷикистон яъсу номуедӣ ва нобоварӣ аз фардо талқин мекунанд. Чӣ магар сенариянависони Тоҷик ба фардои кишвар бовар надоранд???

Бовар дорам, тасвири хушҳолиҳо ва ҳаёти осоиштаву пурумед ба дарозумрии ҳунармандон низ таъсири мусбат мерасонад ва иҷрокунандаи нақши қаҳрамонҳои олиҷаноб  сакта шуда намемуранд...

Зайнулобиддин Ҳусейнов, 

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон.

 

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 11:18

Бӯҳрони шадиди сабзӣ, онгуна фалаҷии вазорати кишоварзӣ, камфаолиятии «Тоҷикматлубот», нолозимии раванди шахсикунонии хоҷагиҳои дар собиқ колхозу совхозҳоро нишон дод, ки мехоҳӣ фарёд занӣ:

-Колхозу совхозҳоро ақаллан 1 донагӣ дар 1 шаҳру ноҳия барқарор кунед! Заминро аз дасти нео-феодалҳо гирифта, ба Давлат в Ҳукумати ҶТ баргардонед. Танҳо дар ин сурат, мо ақаллан ба бӯҳронҳои сабзиву тушкаву пиёз дар намемонем. Мо Метавонем! 

Хатлон: захираи сабзӣ кам аст!

   Сокинони кишвар дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани нархи сабзӣ, ки то ба сабзӣ захира накунад, пас он барои чӣ ва кӣ лозим аст?11 сомонӣ барои 1 кило ҷаҳидааст, нигаронанду аз Хадамоти  зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ талаб доранд, ки  нархро  ба танзим дароранд. Коршинос Сабоҳатулло Музаффаров дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки соли 2020 танҳо аз ҷониби шарикони рушд 21 сардхона дар вилояти Хатлон сохта шудааст. Вале ин ками дар кам мебошад. Зеро Хатлон ягона вилоятест, ки бояд шабонарӯзӣ аҳолии пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷануби давлати Тоҷиконро бо маҳсулоти тару тозаи полезӣ таъмин намояд. 

Сардхонаҳои холии Хатлон

 Савдогарони 2 бозори калони шаҳри Бохтар дар мусоҳиба ба мухбири газетаи мардумӣ гуфтанд, ки сабзиро аз сардхонаҳои ш. Душанбе харидорӣ карда, бо сарфи роҳкиро ба Хатлон меоранд. Вақте пурсидем, ки чаро аз сардхонаҳои вилояти Хатлон харидорӣ намекунед? Дар ҷавоб гуфтанд: 

- Чунки дар сардхонаҳои вилояти Хатлон сабзӣ захира карда нашудааст. 

   Абдулвоҳид Бурунов, муошовир оид ба тарҳрезии маҳсулот ва маркетинг дар ин бора чунин ибрози назар кард: 

 - Танҳо дар комбинати хӯроквории ш. Бохтар айни ҳол 150 тонна сабзӣ захира асту бас. 

Пурсида мешавад, агар сардхона барои ҳамин шабу рӯзҳои бӯҳронӣ, захира надошта бошад, ба кӣ ё чӣ лозим аст?

   Дар ҳамин маврид Рустам Саъдуллоев, роҳбари корхонаи мазкур иброз дошт, ки дар ҳақиқат дар сардхона 500 тонна сабзӣ захира карда будем, айни ҳол 100 тоннаи дигар дорем. Намояндагон аз ҳукумати вилоят дастур доданд, ки ба миқдори муйян ба бозор барорем. Ҳангоми ҷамъоварӣ сабзиро 1 сомону 70 дирам харидорӣ карда, ҳоло ба савдогарон 1 кг сабзиро бо нархи 6-7 сомонӣ медиҳем. Чунки тӯли 6 моҳ барқ сарф шуда, низ ба коргарон маош додаем.

Бо забони дигар, масъулини сардхона сабзиро 1-2 сомонӣ харида, захира карда, сипас 400-500% гарон мефурӯшанд. Ана дар куҷо ниҳон аст, сирру асрори гароншавии нархи сабзӣ!!!

 Аз сӯи дигар, кишоварзон мегӯянд, сабаби гарон шудани нархи сабзӣ ин кам кишт кардани  сабзавот мебошад, яъне хоҷагидорон, ки соли гузашта зарари молиявӣ ва талафоти зиёд дида  буданд,  кишти сабзиро  кам карда, дар ҷояш пиёз коштанд…

Баҳодур Абдусалом, 

СССР

Аз СССР: Нархи сабзӣ, сабзӣ-гейт, бӯҳрони сабзӣ, ки бояд бо истеъфои вазири кишоварзиву раиси «Тоҷикматлубот» хатм мешуд, ба фолклор низ роҳ бурдааст. Фарзи мисол:

Дидам санаме нишаста мекард хурӯш,

К-эй мардаки бетаъбири картошкафурӯш,

Хоҳӣ, ки ба коми мо замона гардад,

Ё сабзӣ бикор, ё бирав сабзӣ фурӯш!!!

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 11:16

16.06.2021. Соат ба вақти Женева 22:57 дақиқа. Агар гӯем, ки тамоми ҷаҳон дидор ва ҷанги лафзонии рӯбарӯи Путину Байденро интизор буд, чизе гӯиё нагуфта бошем. Воқеан ҳам, Вохӯрии «7-гона», ки ҳамасола политикаи рушду тараққиёти минбаъдаи ҷаҳонро муайян мекунад, ин бор нақши 2-дараҷа гирифт. Зеро ҳама мунтазир буд, ки президентҳои 2 абарқудрат, пас аз чақ-чақ ҳатман занозанӣ ҳам мекунанд.

Вале тӯли 2 соат онҳо чӣ гуфтанду чӣ карданд, аз назари оламиён пӯшида монд. ВВП ва Ҷо Байден ҳатто пресс-конфронси муштарак, ки интизор мерафт, надоданд.

Баъди дидор ВВП тани танҳо пеши журналистон ҳозир шуд ва ба фарқ аз ҳамтои амрикоияш бо онҳо гуфтугӯ кард. Путин дар Брифинг чанд нуктаи муҳими чақ-чақро зоҳир кард:

-Дидор душманона набуд!

-Сафирони 2 давлат ба кори худ бармегарданд (Антонов моҳи март ба Маскав ва Салливан апрел ба Вашингтон бозхонда шуданд);

-Тарафҳо ҳалли мушкилро меҷӯянд;

-Амрикоиву русҳо аз зиндонҳо мутаносибан озод мешаванд;

-Тасдиқи суоли «ВВП одамкуш ҳаст!», ки воқеан ҳам муносиботи 2 кишварро ба ҳадди пасттарин (ниже плинтуса-ВВП) оварда буд, матраҳ нашуд дар ин чақ-чақ, зеро «Ҷо қаблан бо телефон ба ман ин нуктаро шарҳ дода буд»-гуфт ВВП.

-Байден хеле дипломат ва сиёсатмаоб аст;

-Навалний худаш худашро ҳадафмандона суд кард, на мо;

-Мо ба таҳдидҳо бо таҳдид ҷавоб мегӯем!!!

Байден, ки ин брифингро пурра тамошо кард, баъдан гуфт:

-Фазои сӯҳбат бо Путин хуб ва позитив буд;

-Путин «ҷанги сард»-ро намехоҳад;

-Мантиқи чақ-чақи мо ним сол пас равшан мегардад;

-Путин бояд бизнесмени амрикоӣ Майкл Клавипро озод кунад (ин нафар бо иттиҳоми авомфиребӣ-мошенничество боздошт шуда буд);

-Ба кибератакаҳои хакерӣ Россия хотима бахшад!!!

 Дар асл паси ин изҳороти кӯчак, албатта, амалҳои бузурге меистанд. Хотиррас мешавем, қабл аз ин дидор, дар таърихи 14.06.2021, Путин бо хабарнигори NBC Кир Симмонс,  беш аз 1,5 соат чақ-чақ ва ба суолоти моҷароҷӯёнаи ӯ посух дода, ҳатто бо лабханд таъкид ҳам кард, ки журналист этика надорад ва сухани ӯро мебуррад.

Дар ҷамъ, ВВП бори дигар исбот намуд, ки ҳарифи сар-сарӣ нест ва барои хойдан ва фурӯ бурдани ӯ на дандони Байден мерасаду на аз НАТО ва тем более на аз Аврупо, ки вассал ё худ лаббайкагӯи Вашингтон шудааст.

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 09:15

Чоршанбе, 30 Июн 2021 09:05

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 11

Китобҳо

Flag Counter