ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Декабр 2021 16:24

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 11:22

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 11:12

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 09:20

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 09:13

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 09:09

 

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 09:02

 

ИБТИДО

Ба андешаи ағлаби муаррихони садаи бисти тоҷик Инқилоби буржуазию демократии солҳои 1905 – 1907 ва Инқилоби феврали соли 1917 дар Россия шууру синфи заҳматкаши тоҷикро бедор кард ва он ба болоравии ҳаракати инқилобӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.

Соли 1916 дар шаҳри бостонии Хуҷанд шӯриши халқии зиддифеодалӣ ва зиддимустамликадорӣ оғоз ёфта, ба зуди дар тамоми Осиёи Миёна ва Қазоқистон паҳн гардид. Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия такони пурқуввате буд ба ҳаракати инқилобии заҳматкашони Туркистон.

 

ИНҚИЛОБ

Дар охири соли 1917 – ибтидои соли 1918 Ҳокимияти Советӣ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон барпо карда шуд. Соли 1918 дар Помир ревком (кумитаи инқилобӣ) ба вуҷуд омад. Дар охири моҳи августи соли 1920 Ҳизби Коммунистии Бухоро (РХСБ) ташкил шуд.

Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди ҳозираи ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) Ҳокимияти Советӣ танҳо моҳи майи соли 1921 ғалаба кард.

Бо барпо шудани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна бо дастгирии империалистони хориҷӣ дастаҳои босмачиён амалиёт сар карданд. Онҳо болшевикон, комсомолон, фаъолон ва ҳар як шахсеро, ки Ҳокимияти Советиро дастгирӣ мекард, ваҳшиёна мекуштанд. Тамоми халқ ба муборизаи зидди босмачиён бархост ва дар миёнаи соли 1926 дар ҳудуди кишвар ба ҳаракати босмачигарӣ хотима дода шуд.

 

РАСС ТОҶИКИСТОН

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои советии Осиёи Миёна РАСС Тоҷикистон (дар ҳайати РСС Ӯзбекистон) созмон ёфт. Вилояти Махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати РАСС Туркистон шомил буд, ба Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва мувофиқи қарори Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии СССР аз 2 январи соли 1925 ба ҳайси РАСС Тоҷикистон дохил гардид.

Чоршанбе, 08 Декабр 2021 08:58

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter