ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 12 Феврал 2021 16:59

   Дар ш.Турсунзода дар ояндаи наздик минтақаи нави иқтисодӣ-технопарк дар ҳудуди 21 гектар замин таъсис хоҳад ёфт. Дар ин бора Парвиз Акрамзода, раиси ш.Турсунзода рӯзи 12.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

   Бино ба иттилои мавсуф дар минтақаи нави иқтисодӣ корхонаҳои саноативу истеҳсолии нав бунёд шуда, он дар чаҳорчӯбаи амалиёбии ҳадафи 4-уми стартегӣ-саноатикунонии мамлакат анҷом меёбад. 

   Дар умум, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ш.Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 12 коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

СССР

 

Ҷумъа, 12 Феврал 2021 16:55

   Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ гуфт, ки аввалин бастаҳои ваксинаи «Астрозенека» ба кишвари мо дар охири моҳи феврал-аввали моҳи март ворид хоҳад шуд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи COVAX ройгон оварда шуда, барои ваксинатсияи 20% аҳолӣ пешбинӣ мегардад.

   - 6 миллиону 740 ҳазор нафар аҳолии кишварро бояд ваксинатсия кунем. Ин эмкунӣ бояд 2 маротиба бо гузашти 21 рӯз пас аз ваксинатсияи якум анҷом дода шавад. Инчунин, бо ҳамтоёни рус дар бораи хариди ваксинаи русӣ низ гуфтушунид дорем ва дар сурати бомуваффақият гузаштани он аз тадқиқот, ҳатман дар мавриди харидаш тасмими ниҳоӣ хоҳем гирифт. 80% аҳолии ҷумҳурӣ тавассути ваксинаҳои харидаи худи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ эм гашта, пеш аз ҳама муаллимон, табибон, онҳое, ки бо мардуми зиёд сарукор доранд, дар тӯли ҳамин сол ваксинатсия мешаванд, - таъкид дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

   Бояд гуфт, ки сар аз 31.12.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаст. Аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 93,3% солим ва 90 нафар фавтиданд.

 

Ҷ.Мақсуд, СССР

 

Панҷшанбе, 11 Феврал 2021 14:38

10.02.2021. Соат дар Душанбе 09:00 дақиқа. Нишасти хабарии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷ,Т. Дар ин нишасти хабарӣ раиси Кумита, Давлатзода Сулаймон бо чанд муовинаш ва муфтии Тоҷкистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ширкат варзиданд. Давлатзода Сулаймон дар рафти нишасти хабарӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод:

Ҳаҷи номаълум

Аз ҷумла раиси кумитаи дин ба саволи мо, бобати роҳандозии ҳаҷҷи имсола гуф: Кишвари Арабистони саъудӣ ҳанӯз  тасмими ниҳоиро бюобати баргузории ҳаҷҷи имсола нагирифтааст. На не гуфтаанд ва на ҳо! Бастаги дорад ба вазъи эпидимиологӣ. Агар вазъи эпидимиологӣ хуб шавад, ҳаҷ баргузор мегардад. Бобати умра низ, Тоҷикистон дар листи кишварҳои сабз қарор дошт ва тарафи Арабистон ба омадани ҳоҷиёни тоҷик иҷозат дода буд. Аммо баъди зуҳури вируси нави англисӣ, Арабситони Саъудӣ 2 бора вуруди ҳоҷиёнро ба кишвараш манъ кард. 

6000 квота

Дар мавриди шумораи ҳоҷиёни тоҷик ва нархи ҳаҷ, раиси Кумита гуфт: Кишвари Арабистони Саъудӣ оморро бобати шумораи шаҳрвандони ин ё он кишвар аз СММ дарёфт мекунад ва квотаҳоро тибқи ин омор медиҳад. Барои Тоҷикистон 6000 квота ҷудо гардидааст. Шояд ин кам бошад, аммо ҳама чиз аз тарафи квотадиҳанда вобаста аст. Бале Кумитаи мо дар ин самт бо тарафи арабистонӣ кор мекунад ва ҳамин, ки авзо беҳтар шуд, шояд битавонем шумораи квотаҳоро зиёд кунем. Нархи ҳаҷ ҳам ба гуфти Давлатзода ҳоло дақиқан маълум нест.

Монополистҳо

Бобати ширкатҳои ҳоҷибар низ аз Давлатзода суол кардем. Раиси Кумита гуфт, бале мо дар ин самт бо 2 ширкат ҳамкорӣ дорем. "Расул сохтмон" ва "Ормон". Аммо ин, ки чаро танҳо бо ин 2 ширкат. Бубинед мо то соли 2018 танҳо бо "Расул сохтмон" ҳамкорӣ доштем. Чаро, ки ин ширкат иҷозаи интиқоли ҳоҷиёнро аз кишвари Арабистони Саъудӣ дорад. 2 сол қабл ширкати “Ормон” ба ин лист изофа шуд. Ин ширкат ҳам иҷозаи бурдани ҳоҷиёнро аз Арабистони Саъудӣ дарёфт кард. Фикр накунам инҷо монополияе вуҷуд дошта бошад. Мо омодаем бо ҳар ширкате, ки иҷозаи ин корро дошта бошад, музокира карда, қарордод бибандем. Мутаасифона ҳеҷ ширкати дигаре бо ин пешниҳод ба мо муроҷиат накардааст. 

 Масҷидҳо ва намоз

Мо аз раиси Кумита инчунин бобати фаъолияти масҷидҳо баъди бозшуданашон суол кардем. Давлатзода гуфт: Кумитаи дин дар якҷоягӣ бо Ситдои ҷумҳуриявии зиддикороно, риояи қавоиди беҳдоштиро дар масҷидҳо назорат мекунад. Бале Ситод ҳаққи бастани масҷидҳоро дар суртаи риоя накардани талаботи қонун дорад. Хушбахтона дар масҷидҳо ба ин кор диққати ҷиддӣ дода мешавад ва мо то ба имруз, ҳолати бастани масҷидро бо ин далел надорем. Каме мушкил дар нигаҳдории фосила буд, ки он ҳам ҳаллу фасл шуд. Аммо агар дар оянда масҷиде бо ин сабаб баста шавад, мо ҳатман шуморо огоҳ хоҳем кард.

 

Панҷшанбе, 11 Феврал 2021 11:47

   Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон барои азму заҳмату талош баҳри ободии маҳал ва саҳм гузоштан дар рушди деҳот ба мардуми вилоят ва соҳибкорони хатлонӣ арзи сипос баён намуд. Мавсуф зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 10.02.2021 баргузор гашт, гуфт, ки новобаста аз авҷу хуруҷи пандемияи коронавирус мардум натарсида ба сари заминҳо баромаданд ва ба киштукору нигоҳубини боғоту ҳосили хеш идома дода, аз пайи захираи маҳсулот шуданд. 

   - Соҳибкорони вилояти Хатлон дар 1 соли ахир ба маблағи то 30-40 миллион сомонӣ дар маҳалҳо иншооти ҳаётан муҳим, аз қабили мактабу муассисаҳои томактабӣ, корхонаҳои муосири саноативу истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд намуданд, ки бархе дар ҷумҳурӣ аз лиҳози сифати сохтмону технология ҳамто надоранд, таъкид дошт Қурбон Ҳакимзода.

   Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7667 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба 1.01.2021 дар 5811 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар соли 2020 бошад 2105 иншооти нав ба мавриди истифода қарор гирифт. 

Ҷ.Максуд, СССР   

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 13:02

 

 - Салом СССР-и азиз! Соли гузашта, дар ҳамин шабурӯз дар бораи зарурати бунёди мактаб дар чанде аз деҳаҳои дурдасти н.Балҷувон навишта будам. Баъди ин мақола ҳукумати н.Балҷувон саросема шуда, замин ёфта, мардуми деҳаҳоро бовар кунониданд, ки мактаб бунёд мекунем. Хурду калон хушҳол гаштанд, ки дар деҳаи зиёда 170 хоҷагӣ мактаб бунёд мешаваду фарзандонашон соҳиби мактаб мегарданд, аз азобу шиканҷаи раҳи дури пурхоку чанг халос мешаванд. Масъулон ваъда доданд, ки сохтмони мактабро сар мекунему дар қатори мактаб бунгоҳи тиббӣ ҳам бунёд мешавад, ки мардуми деҳа роҳи дуру дарозро тай карда ба маркази ноҳия кӯдаконро бурда аз муоинаи тиббӣ нагузаронанд. Вале ин ваъдаҳо дар коғаз монданд, дигар касе сӯи ин деҳаҳо назар намекунад. Кадом деҳаҳо мепурсед шумо, масъулони н.Балҷувон? Даъват кунед, худам мегӯям!

Аҳтам Одинаев, н.Ховалинг

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:56

Салом ба СССР-и азиз! Ман маъюби гурӯҳи 2-юм мебошаму чашмонам хира шуда, имкони фаъолияти меҳнатӣ надорам. Соҳиби 2 фарзанд буда, 3 нафар дар 1 хона зиндагӣ мекунем. Чанде пеш ман ба раиси ноҳия Тоҳир Азиззода бобати ҷо ба ҷо кардани писарчаам дар боғчаи баччагона муроҷиат кардам. Раис тавсия дод, ки ба Шӯъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намоям. Мудири маориф Нуриддин Боқиев ба ман гуфтанд, ки имкони ройгон ба боғча ҷо кардани писарчаатон ҳаст ва шумо барои ин кор ба мо хаттӣ бо ариза муроҷиат кунед. Ман ариза навишта, ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам, аммо дар шӯъбаи маориф ба ман гуфтанд, ки ройгон намешавад, бояд 50% маблағро супорӣ. 

Ман ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирам ва бо ин пул 3 нафарро бояд хӯронаму пӯшонам. Имкони пардохти ҳамон 50%-ро ҳам надорам. Ва дар умум оё кӯдакистонҳо ва боғчаҳои баччагона, ки давлатианд, пулакӣ шудаанд? Шояд дар н.Мастчоҳ пулакӣ шудаанду ман хабар надорам!?

Баҳориддин Абдуллоев Баҳориддин, шаҳраки Бӯстон, н.Мастчоҳ 

Аз СССР: Мутаассуф, бори чандум аст, ки мардум дар бораи ваъдаҳои хушку холии раиси н. Мастчоҳ-Тоҳир Азиззода ба редаксия муроҷеъ мешаванд, коре, ки дар овони раёсати раиси қаблӣ набуд. Зери ин коса чӣ нимкосаест? СССР ҳатман сари мушкили Мастчоҳ ва ваъдаҳои раисаш бармегардад. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:54

Бояд гуфт, ки дар баробари МИҲД н.Қубодиён ва дигар вазорату кумитаҳо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар шукуфоии меҳан кам нест, вале аз чӣ бошад, ки соҳибкорони қубодиёнӣ бештар дар маркази ноҳия даст ба бунёд корӣ зада, деҳаҳои дурдастро фаромӯш сохтаанд.

Дар руйхате, ки ба дасти мо расид, номи беш аз 10 нафар соҳибкорону тоҷирони шинохтаи ин ноҳия дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, Манучеҳр Гадоев, роҳбари ҶСП «Аввалин», Холназар Достиев роҳбари ҶСШК «Носири Хусрав», Хурсандшо Раҳматов-директори КТ «Авесто-5», Зайнуддин Зарипов, роҳбари ҶДММ «Зариф-1», Карим Гулмаҳмадов, роҳбари ҶДММ «Насими Раҳим», Абдуғафор Асоев, роҳбари ҶДММ «Истеҳсолот», Юлдошбой Султонов, сарвари ҶДММ «Ясмен-мед». 

Сокинони деҳаҳои дурдасти н.Қубодиён аз ин 12 нафар умеди зиёд доранд, зеро медонанд, ки инҳо имконият доранд барои сокинон боғчаи кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ бунёд намуда, дар таъмири роҳҳову хатҳои барқ низ саҳмгузорӣ намоянд. Магар танҳо маркази ноҳия бояд обод шавад? 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:50

 Кормандони Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо намуда, нуқтаҳои таъкиднамудаи  Сарвари давлатро дар Паёми имсола ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар ниҳоят самимӣ пазируфтанд.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Гуфта шуд, ки соли 2020 мо дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5% афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.Дар ин давра 9,7% афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8%, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8% заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

   Дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6% зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест.

   Ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое гуфта шуданд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

   Аз ин лиҳоз, ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳо таъмин намояд.

   Дар ин раванд, бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ барои ба низоми бонкӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро бояд амалӣ намоянд.

   Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод карда шуд, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад.

 

Натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020

  Дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳимова Дилбар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе -Мирзозода Иброҳим ва муовини-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020 натиҷагирӣ намуданд.

   Дар оғози ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ифтитоҳи биноҳои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» 17 декабри соли 2019 баён доштанд» ва омодагиҳо ба истиқболи сазовор аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

   Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти «Амонатбонк» баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

   Қайд кардан зарур аст, ки кормандони Амонатбонк дар аксияи эълон намудаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард”, ки бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар саросари ш.Душанбе амалӣ гардида истодааст, фаъолона иштирок намуда, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, воқеъ дар н.И.Сомонии ш.Душанбе 270 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинониданд. Аъзои ташкилот аз усулҳои муосири таблиғот, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар тарғибу ташвиқи барномаҳои ҲХДТ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Ҳамасола ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” ташкилоти ибтидоии “Амонат” аз аввалинҳо шуда, обуна мешавад.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли ҷорӣ 8 ҷаласаи ҳизбӣ ва соатҳои сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони «Амонатбонк», ки аксарияти онҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин зиёда аз 40 нафар кормандони фаъоли Бонк дар ин давра аъзои ҳизб гардиданд.

   Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе ва намояндагони ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ дар ҷаласа баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз сулҳу субот ва осоиштагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор аст, ки саҳми арзандаи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода назаррас мебошад.

   Аз ҷавонони худогоҳу хештаншиноси даврони истиқлол, ки имрӯз аз тамоми шарту шароити мусоид барои таҳсилоту фаъолият ва рушди зеҳнии худ баҳравар мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри неъмати бебаҳои Истиқлол расида, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат ва фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мебошнад.

   Дар охири ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномаи ҲХДТ, инчунин анҷом додани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа, бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе сарфароз гардонида шуд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» 

 

саҳ 6 аз 11

Китобҳо

Flag Counter