ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 15:02

18.02.1930 Бригадаи фурӯши ашёи гаронбаҳо ба хориҷ аз Оружейная палатаи Кремли Маскав ба маблағи 1 миллиону 300 000 рубл ҷавоҳирот гирифт. Ин ҷавоҳирот баъди чанде, бо маблағи 680 000 рубл ба хориҷа фурӯхта шуд. 

 19.02.1918. Оғози амалиёти “Сафари яхин”. Ин амалиёт барои наҷоти Флоти Балтикии рус аз дасти немисҳо роҳандозӣ гардид. Амалиёт дар шароити бисёр душвор, ки ҳамаҷоро яхбандии шадид фаро гирифта буд, амалӣ шуд. Дар натиҷа ба болшевикон муяссар гардид, ки 236 киштиро наҷот диҳанд. 

19.02.1930. Артистони Маскав бори аввал ба Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ омаданд ва дар Хонаи деҳқон (бинои Театри собиқи Маяковский) чанд барномаи консертиву намоишномаи театрӣ иҷро карданд.

19.02.1949. СССР бо ҳамроҳии РСС Беларус ва РСС Украина аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ берун омад

19.02.1954. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР Вилояти Қрим аз ҳайати РСФСР ба ҳайати РСС Украина гузаронида шуд. 

20.02.1926. Дар Душанбе аввалин стансияи гидрометеорологӣ таъсис дода шуд, ки обу ҳаворо дар кишвар пешгӯӣ мекард. 

20.02.1932. Ҳукумати СССР Лев Тротскийро, ки он ҳангом дар Норвегия сукунат дошт, аз шаҳрвандии СССР маҳрум намуд.

21.02.1920. Дар РСФСР бо қарори Раёсати ВСНХ Комиссияи давлатии электрикунонии Россия (ГОЭЛРО) таъсис дода шуд. 

21.02.1921. Ишғоли Душанбе аз ҷониби Артиши Сурх. Нерӯҳои Артиши Сурх Бухорои шарқиро ишғол карданд ва дар ин сарзамин ҳокимияти шӯравӣ таъсис дода шуд.

22.02.1921. Дар РСФСР бо Декрети ШКХ дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии ба нақшагирии умумӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Соли 1948 ин комиссия ба Кумитаи давлатии банақшагирӣ тағйири ном кард ва ба Шӯрои Вазирони СССР итоат мекард.

23.02.1918. Дар РСФСР даъвати умумии ихтиёриён ба Артиши Сурх оғоз гардид. Сабаби ин даъват, ҳуҷуми артиши олмонӣ ва шикасти пурраи артиши собиқи подшоҳӣ гардид, ки роҳро барои немисҳо ба Петроград боз кард. Солҳои тӯлонӣ ин рӯз дар СССР чун Рӯзи Артиши Шӯравӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд. 

23.02.1925. Дар Душанбе аввалин бемористони ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт. 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:59

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Ҷайҳун мақолаи «Ҳукумати электронӣ: он шуморо ба ҳукумат  наздик кард ё на?»-ро, ки дар ҳафтаномаи СССР аз 26.11. 2020, №46 (635) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун» дорои сомонаи расмии www.jaihun.tj буда, дар ин давра дар сомона зиёда аз 140 маводи иттилоотӣ ҷой карда шудаанд. Инчунин, дар сомона акс ва тарҷумаи  ҳоли раиси ноҳия ҷойгир аст. Баъзан вақт бинобар сабаби хуб набудани интернет (садамаи системавӣ), хабару эълонҳо, қарору амрҳои раиси ноҳия ва дигар масъалаҳо аз вақти муайяншуда  дертар дар сомона ҷой карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии н.Ҷайҳун рафти иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7. 02. 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои  танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»- ро таҳти назорати доимии худ қарор додааст.

Абдулҳафиз Одиназода, 

раиси н.Ҷайҳун 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:56

 

Холмаҳмад Маннонов, сокини н.Абдураҳмони Ҷомӣ меҳмони редаксияи СССР шуд ва гуфт: 

   - Ман ба ҳайси посбони объекти ёдгории бостонии Сайёди ноҳия фаъолият мекунам. Мо якҷоя бо бахши фарҳанги н. А.Ҷомӣ гирду атрофи ин ёдгории таърихиро, ки вазифаамон аст, тоза кардем, аммо хоҷагии ҷангали н.Хуросон моро барои ин кор, ба суд додааст ва суд моро 7540 сомон ҷарима баст. Ман бо ин қарори суд розӣ нестам ва аз масъулини хоҷагии ҷангали н.Хуросон мехоҳам, ки дар дидгоҳашон таҷдиди назар кунанд. Ин ёдгориро чанде қабл оташ ҳам зада буданд ва мо онро 2 бора обод кардем. Биёед ба қадри ёдгориҳои таърихии кишварамон бирасем! Наход ҷангал аз фарҳанг болотар бошад? Судяҳо магар адолати иҷтимоиву судиву фарҳангиро медонанд???

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:54

 Муҳаммад Шарифзода аз н. Ҳамадонӣ ба мо занг зада (тел: 900 55 60 16) гуфт: 

   - Саравал миннатдории худро ба якояки кормандони газетаи мардумии СССР мерасонам, зеро банда чандин мақолаҳои худро бо дастгириҳои кормандони ин газета ба чоп расонидаам. Имрӯз бошад мехоҳам бори дигар аз самими қалб миннатдории худро ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Дӯшанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ баён кунам, зеро ӯ бо имзо намудани 1 қарор, тавонист сатҳи ҷавонони донишмандро дар кишвар ва хусусан пойтахти мамлакат зиёд намояд. Ин қарор, ташкил намудани курсҳои ройгони забони русӣ барои наврасони Душанбешаҳр мебошад. Ин иқдом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба наврасон диққати махсус медиҳад.

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:51

 Фозил Хоҷабеков, собиқадори маориф аз ш.Панҷакент ба мо занг зада (тел: 92 641 19 71) гуфт: 

   - Ман 54 сол муаллимӣ кардаам ва шогирдони зиёдеро ба воя расонидаам. Имрӯз 1 мушкил маро водор кард, ки ба газетаи шумо муроҷиат кунам. Духтарам бо 2 фарзанди ноболиғ танҳо мондааст. Шавҳари ӯ 6 сол қабл дар садама ҳалок гардид ва ҳукумат ба ҳар дуи ин ноболиғ 162 сомонӣ нафақа таъин кард. Дар ин солҳо аз ҷониби ҳукумати ш.Панҷакент ҳеҷ кӯмаке ба ин 2 ятим нашудааст. Ҳол он, ки Президенти кишвар, пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояш таъкид мекунад, ки ба ятимону бе парасторон кӯмак кунед. Баъди зиёд гардидани нафақаҳо дар Тоҷикистон, нафақаи ин 2 ятим ҳам бояд 30 сомонӣ зиёд мешуд, аммо ин тавр нашуд. 

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:47

 

Салом СССР-и арҷманд!

 «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ, 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар Сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусалмонон 1 Худо, 1 паёмбар ва 1 Китоб доранд, вале хиёбонҳояшон ба хуни ҳамдигар сурх шудааст! 

Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар!

Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар!

Ва куштаҳои 2 тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем дин чист!»

Ангела Меркел-сарвазири Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Аз СССР: Ин суханон дар арафаи «таваллуд»-и Давлати исломӣ ва авҷи олии фанатизми исломӣ дар сартосари олам гуфта шуда буданд. Мо ёд дорем, Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:32

Салом СССР-и арҷманд! Фарзанди ман Қурбонов Саъдӣ соли 2020 дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кушониён таҳсил мекард. Аз сабаби омадани пандемия, хонандагон то моҳи апрел таҳсил карданду май ва июн мактаб нарафтанд, лекин масъулини мактаби президентӣ талаб доранд, ки барои моҳи май ва июн 380 сомонӣ барои ҳар моҳ супорем. Боз 200 сомонии дигар барои таъмир талаб доранд. Ман аз Вазорати маориф ва илм пурсиданиам, ки дар кадом асос хонанда барои моҳе, ки таҳсил накардааст, бояд маблағ пардохт кунад? Ё ҳар моҳ 20 сомонӣ, дар умум 200 сомонӣ барои таъмири мактаб ягон асос дорад? Аз Вазорати маориф ва илм хоҳиш карда мешавад, ки ба саволи мо ҷавоб гардонанд.

Турдиназар Қурбонов, ш. Бохтар, тел: 919 318785

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:30

  

 - Салом ба СССР-и ниҳоят гиромӣ! Дур намеравем, 4-5 сол пеш дар аксарияти рӯзномаҳои даврӣ ва ҳафтаномаҳо сеткаи барномаҳои шабакаҳои ТВ пурра бо вақту соаташ нашр мешуду мо тамошобинон вобаста ба ҳамон вақти муайяншуда барномаи худро интизор мешудем. Бо мурури вақт ин сеткаи барномаҳо аз байн рафт ва имрӯз, дар ягон рӯзнома мо барномаи ҳафтаинаи ТВ-ро намебинем, Чаро? 

   Мегӯянд, ки сеткаи барномаҳои ТВ дар рӯзномаи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ нашр мешавад, вале ин рӯзномаро мо аз куҷо пайдо кунем? Шояд ин рӯзнома бо теъдоди кам чоп шуда, танҳо байни кормандони кумита паҳн мешавад, лек ин ҳам нофаҳмо: сеткаи барномаҳои ТВ фақат барои кормандони худи ТВ аст? Бигузор ин рӯзномаро бо теъдоди зиёд нашр карда, ба фурӯш гузоранд, то мо харида аз барномаҳои ҳафтаи баъдӣ ошно шавем, бояд ҳам ҳамин хел бошад-ку!

   Умедворам мухбирони газетаи СССР ин мавзӯро пайгирӣ хоҳанд кард, чунки Метавонанд! Ва бигузор Нуриддин Саид, раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ низ сари ин масъала андешад.

Ҷумъабой Нодиров, н.Деваштич

 

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter