ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Феврал 2021 13:04

Чанд моҳ пеш Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус қароре қабул намуд, ки дар асоси он маъракаҳои тӯи арӯсу домодӣ бояд бо иштироки то 40 нафар  гузаронида шавад. Пешгирии беморӣ албатта хуб аст, лекин на ба ин  тарз.  

Ҳамон мансабдороне, ки ин тавсияро доданд, хуб мешуд, 1 бор дар бораи тӯйҳои арӯсию домодии фарзандонашон фикр мекарданд. Охир ин хурсандӣ дар ҳаёти 2  навҷавон 1 маротиба гузаронида мешавад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки  бештар аз 70% аҳолии кишварамонро деҳотиён ташкил менамоянд. Ва ҳама медонад, ки дар  деҳот оилаҳои серфарзанд зиёданд. Пас онҳо бояд чӣ кор кунанд? Дар тӯи фарзанди худро дигар фарзандону навесагонро даъват накунанд? Ва ё ба қонуншиканӣ даст зананд? 3-4 бор пинҳонӣ дег монанд? 

Аз ин лиҳоз, ман бо назардошти он, ки касе кафолат дода наметавонад, ки ин вабои аср боз чӣ қадар вақт ва ё чанд соли дигар давом мекунад, пешниҳод менамоям, ки ба ин тавсия тағйирот бояд ворид кард. Бигузор тӯйҳои арӯсию домодӣ бо иштироки то 150 нафар аз 2 тараф ва бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ гузаронида шуда, шахсони бениқоб ва дигар вайронкунандагони  беҳдошти солимӣ саривақт ва дар ҷояш ҷарима карда шаванд.

Ҷаббор Раҷабов, 

ш. Кӯлоб,

Аз СССР: Мо пешниҳод ва дархост дорем, ки сар аз раиси Кумитаи дин то корманди оддияш феҳристи хешу табори наздики худро ба мо фиристанд ва гӯянд, ки дар маъракаҳои Танзимии худ, кадоме аз ин пайвандонро даъват мекунанду кадомашро хат мезананд. «Просто, интересно», то мо ба гуфта неву ба кардаи муллоҳои ҳукуматӣ амал кунем. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:59

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:57

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:41

 

Вайсиддин Шамсов, муаллиф ва хонандаи мо аз ш.Роғун меҳмони редаксия шуда, гуфт:

     - Рӯзи 21.01.2021, ман чун ҳарвақта ба дӯкони газетфурӯшии бозори Зарафшон, барои хариди рӯзнома муроҷиат кардам. Ман одатан аз ин дӯкон 3 рӯзнома, СССР, “Дунё” ва “Тоҷикистон” мехарам. Рӯзномафурӯш ба ман пешакӣ фаҳмонд, ки рӯзномаҳо аз ҳамин рӯз 50 дирам қимат шудаанд. Дар гӯшаи дӯконаш ҳам бо қалами сурх навишта шуда буд: СССР-3с.50 д. СССР рӯзномаи дӯстдоштании ман аст ва маҷбур шудам онро бо нархи нав хиридорӣ намоям. Аммо дар айни ҳол кунҷковиам боло гирифту гуфтам, ки 1 ба редаксия муроҷиат кунам. Маро меҳмон карданд ва имкон доданд, дарди дили худро дар саҳифаи рӯзномаи дӯстдоштаниам иброз намоям. Соли 2021 соли COVID-19 соли қимматӣ ва болоравии нархҳо ба рӯзномаҳо ҳам асар кардааст!

Аз СССР: Гароншавии нархи газит ба мо ҳич алоқамандӣ надорад. Зеро таври маълум, коронавируси лаъин тамомии мавод, минҷумла маводи чопиро низ қимат карду нархи тамомии газетаҳо боло рафт. Мо гунаҳкори бе гуноҳем ва хонанда бояд “ин гуноҳи моро” бахшад. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:38

 

Фидел Кастро, ки дар тамоми дунё бо тахаллуси “Коменданте” маъруф аст, зиёда аз 50 сол зимоми қудратро дар Куба дар даст дошт. Бобати зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии ӯ зиёд навиштаанд, вале ба Кастро баҳои воқеъӣ додан бисёр душвор аст, чаро ки як қисмати ҷомеаи башарӣ ӯро қаҳрамон ва як қисмати дигар-хунхортарин диктатори башарият меҳисобанд. Аммо 1 нукта побарҷост: мисли Сталини “диктатор” ӯ бо кисаи тиҳӣ ва сурат-ҳисобҳои хориҷӣ дунёро тарк гуфт...

Адвокати халқӣ

Фидел Кастро 13 августи соли 1926 дар шаҳраки Бирани Куба дар оилаи заминдори хурд ба дунё омадааст. Волидайни Кастро, ки худ одамони дарснохонда буданд, мекӯшиданд, ки фарзандонашон омӯзиши шоиста бигиранд. Фидел ва бародаронаш омӯзиши худро дар интернати католикии шаҳри Сантяго шуруъ карданд. Баъди чанде Фидел ба коллеҷи иезуитӣ-мазҳабии Белен дар Гавана шомил шуда, дар ин ҷо бо истеъдод ва ҳуши фавқуллодааш шӯҳрати ҳамагонӣ касб кард. Кастрои ҷавон ба варзиш низ рағбат дошт ва соли 1944 ӯро беҳтарин варзишгарӣ коллеҷ эътироф карданд. Фидел Кастро баъди хатми коллеҷ ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Гавана дохил шуда, соли 1950 онро бо муваффақият хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ, Фидел ба аспирантура шомил гардид ва сипас рисолаи илмиашро дифоъ намуда, доктори ҳуқуқ шуд. Роҳбари ояндаи Куба маҳз дар даврони донишҷӯяш бо адабиёти инқилобӣ ошно гардида,  мутолиаи ин китобҳо дар ӯ рӯҳияи инқилобгароиро бедор намуд. 

Мегӯянд, ки он замон Фидели ҷавон ба коммунистон алоқае надошт, аммо тайёр буд ба сафи онҳо бипайвандад, агар ӯро “Сталини худ” кунанд. Фидел Кастро баъди хатми таҳсил бюрои адвокатии худашро таъсис дода, бештар ба мардуми фақир ва камбизот хизмати ҳуқуқӣ мерасонд. Комендантеи оянда аксар вақт ба мардуми камбизоат ройгон хизмати ҳуқуқӣ мерасонид ва миёни мардум бо лақаби “адвокати халқӣ” маъруф буд. 

Ифротӣ ва Инқилоб

Фаъолияти сиёсии Фидел Кастро баъди хатми таҳсилаш оғоз гардид. Дар аввали солҳои 50-ум Фидели ҷавон ба Ҳизби халқии Куба (Ортодоксҳо) пайваст ва фаъолияти сиёсиашро оғоз кард. Соли 1952 дар Куба интихоботи парлумонӣ баргузор шуда, Ҳизби халқии Куба ҳам дар ин интихобот ширкат варзид. Номзадии Кастро аз ҷониби ҳизби Ортодоксҳо барои вуруд ба парлумон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аммо роҳбарияти олии ҳизбӣ номзадии ӯро ба хотири ифротгароиаш тасвиб накард. 

Моҳи марти соли соли 1952 генерал Фулхесио Батиста қудрати сиёсиро ғасб кард. Табадуллоти ҳарбиён, Кастрои ҷавонро ба миёни майдони муқбориза кашид ва ӯ гурӯҳи хурдеро созмон дода, ба казармаҳои Артиши Батиста ҳамла кард. Ин воқеа, 26 июли соли 1953 рух дод. Дар ин рӯз гурӯҳи Кастро ба казармаҳои Монкадои артиш дар шаҳри Сантяго де Кубо ҳамла кард. Аммо ҳамлаи инқилобиён ба нокомӣ дучор шуд ва ҳукуматдорон гурӯҳи Кастроро торумор карданд. Худи Фидел асир гирифта шуда, ӯро дар додгоҳи трибунали ҳарбӣ ба 15 соли зиндон маҳкум намуданд. Кастро дар додгоҳ баромади оташине карда, гуфт “Таърих маро сафед хоҳад кард”. Бо вуҷуди ин, Кастро танҳо 3 сол дар зиндон монд. Ҳукумати Батиста маҷбур шуд моҳи майи соли 1956 зери фишори мардумӣ ӯро озод кунад ва Фидел ба Мексика ҳиҷрат кард.

Фидел ва Че

Дар Мексика Фидел ва бародараш Раул гурӯҳи нави инқилобиро бо номи “Ҳаракати 26 июл” таъсис доданд. Дар Мексика Раул бо инқилобчии аргентинатабор Эрнесто Че Гевара ошно шуда, баъди чанде Гевараро ба Фидел муаррифӣ кард.

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:33

28.01.1918. Раиси ШКХ РСФСР Владимир Ленин декрети таъсиси Артиши Сурхи Коргарӣ-Деҳқониро (РККА) ба имзо расонид.

28.01.1959. Дастаи мунтахаби баскетболи СССР барои аввалин бор дастаи мунтахаби баскетболи ИМА-ро мағлуб кард.

28.01.1939. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Сталинобод ноҳияҳои Марказӣ, Роҳи оҳан ва Душанбе таъсис дода шуданд.

29.01.1956. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод аввалин кинотеатри намоиши филмҳои мустанад “Хроника” ифтитоҳ ёфт. 

29.01.1932. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ, ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд.  

30.01.1933. Дар Олмон Адолф Гитлер рейхсканслери кишвар таъин карда шуд.

30.01.1938. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод машварати илмӣ бобати истилоҳот ва имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он олимони варзидаи Маскав, Ленинград, Тошканд ва Самарқанд ширкат варзиданд.

31.01.1924. Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои СССР Сарқонуни аввали СССР ба тасвиб расид.

31.01.1927. Дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ ноҳияи Исфара таъсис дода шуд.

31.01.1957. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ ноҳия Хуҷанд таъсис дода шуд. 

1.02.1923. Дар шаҳри Ленинград аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ба фаъолият шурӯ намуд.

1.02.1992. Президенти Россия Борис Елтсин ва президенти ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ, дар шари Кэмп-Дэвиди ИМА эъломияи якҷояро бобати анҷоми Ҷанги сард ба имзо расониданд. 

2.02.1918. Дар Россияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ калисо аз давлат ва макотиб аз калисо ҷудо карда шуданд. 

2.02.1936. Шӯрои Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон Қарори таъсиси театри давлатии сайёри колхозиро ба тасвиб расонид.

2.02.1943. Торумори артиши олмонӣ дар муҳориба Сталинград. Ин рӯз дар Россия чун Рӯзи шӯҳрати ҳарбӣ ҳамасола васеъ ҷашн гирифта мешавад.

2.02.1969. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин телефон-автомати байнишаҳрӣ насб карда шуд. Ин телефон Душанберо бо Тошканд пайваст мекард.

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:30

Дар порсух ба мақолаи Мусабия Наимова дар рӯзномаи СССР №50 аз санаи 24.12.2020  таҳти унвони  «Бобоҷон Ғафуров: Беморхона дар интизори таъмир», метавон гуфт, ки солҳои охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ 1 қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ бо суръат дар беморхонаи марказии ноҳия ба анҷом расида, ҳоло ҳам идома доранд. Дар мақола омадааст, ки гӯё бинои 3-ошёна ва шуъбаҳое, ки дар ин бино ҷойгиранд ҳоли табоҳ доранд. Ҳол он ки дар ин мавзеъҳои номбаршуда бо дастгирии раиси ноҳия ва маъмурияти беморхона якчанд ҷойҳои дамгирӣ, хоначаҳои баҳорӣ ва зимистонӣ барои аёдаткунандагон, майдончаҳои варзишӣ, сафолаккунии саҳни беморхона сохта ба истифода дода шуд, ки намуди берунаи беморхонаро хеле зебо ва форам гардонид. 

Ногуфта намонад, ки ба беморхонаи маркази  н.Бобоҷон Ғафуров нисбат ба дигар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таҷҳизоти муосир зиёдтар ворид гаштанд. Танҳо дар 1 соли охир дастгоҳи эндоҷарроҳӣ ба шӯъбаи урология, осебшиносӣ, дастгоҳи рентгени рақамии сайёр, дастгоҳи нафаси сунъии замонавӣ 3- адад, дефибрилятор, катҳои функсионалӣ ва  ғайра дастрас гардиданд. 

Тӯли 5 соли охир аз буҷҷаи ноҳия суратҳисоби  махсус ва бо дастгирии саховатмандон барои таъмир, ободонӣ ва харидории таҷҳизот  5.993,346 сомонӣ ҷудо карда истифода бурда шуд. 

Зафарбек Давлатзода, 

И.в. раиси н.Бобоҷон Ғафуров 

 

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 12:26

Ҷаббор Раҷабов, хонанда ва муаллифи доимии газета аз ш. Кӯлоб ба мо занг зада гуфт: 

   - Ин ширкатҳои телефонии мобилӣ ҳамасола ба мардум зарарҳои моддӣ ва маънавӣ расонида истодаанд. Барои мисол ширкати телефонии мобилии «Билайн»- ро мегирем. Ин ширкат қариб 10 соли аввали фаъолияташ ба   муштариён хизматрасонии хуб дошт. Дар 10 соли аввал аз муштариён андоз ситонида намешуд. Ва агар шаҳрванд мабодо телефон ва ё симкартаашро гум мекард, метавонист дар  дилхоҳ нуқтаи хизматрасонии ширкат, бо пешниҳоди шиносномааш, рақамҳои пешинаашро барқарор кунад. Ин амал андаке бошад ҳам аз маърифатнокии хуби хизматрасонии ширкат гувоҳӣ медод. Ҳоло чӣ? Ман моҳи июни соли 2020  телефонамро гум кардам ва хостам рақами пешинаамро дар симкорти нав  барқарор кунам. Ин амал чуноне, ки дар боло зикр шуда буд, бояд бе пул анҷом мегирифт. Ба ширкати “Билайн”, ки дар назди бозори «Деҳқон»-и шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст муроҷиат кардам. Аммо маълум шуд, ки ин амал пулакӣ шудааст ва барояш бояд 5 сомонӣ пардохт кард. 10 сол мешавад, ки ин ширкат ҳар моҳ аз ҳар муштарӣ 0,80 сомонӣ (80 дирам) ҳамчун андоз меситонад. 

 

саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter