ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 14:09

 

Дар Кӯлоби даврони советӣ, ки кӯдакиям гузаштааст, 2 гадои «расмӣ» буд, ки андаке нуқс дар ақл доштанду «ҳокими мутлақ»-и бозори марказӣ буданд: 

-Сафар хороший ва Девнай Абдурасул.

Девонаи Сафар барои он «хороший» буд, ки бо мулоиматӣ садақа мепурсиду  Девнай Абдурасул агрессор буду бо зӯр пул меситонид. Ба Сафар гоҳ-гаҳ пул намедоданд. Вале қандата зану ба Абдурасул пул нате!!!....

 Имрӯз, ба назар мерасад, ки аксарияти хадамоти хизматрасонӣ, ки аз ҳисоби пулу пайсаи пардохтаи ману ту-хонандаи ин сутур, арзи ҳастӣ доранд, аз усули Абдурасул кор мегиранд. Бо таҳдид пул меситонанд. Ҳарчанд, тибқи талаботи маъмурӣ ва маъмулӣ бояд «хороший» бошанд….

Аҳамият додаӣ, хонанда, ки дар кишвари азизи мо, ҳама кор бо таҳдид шуруъ шудаву бо таҳдид хатм меёбад. Фарзи мисол, агар шумо 100 сол муштарии корхонаи обу корезии шаҳреду ҳазорон-ҳазор сомонӣ, дар тӯли 50-70 соли умри пурбаракотатон, ба ин ниҳод пардохт карда бошед ҳам, ҳатман ба шумо расид-квитансияе бо таҳдид мерасад, ки дар сурати напардохти маблағ шуморо ба суд мекашанд, обатонро мебурранд, ҷавобгариву штраф шуморо интизор аст ва ғ. ва ҳ. Андоз аз замин чӣ? Нархи пиёзу сабзиро насанҷида, квитансияе чун тароша аз бом саратон меафтад бо таҳдид, ки агар то фалон соату фалон рӯз бо фулон қадар пул ҳозир нашудед, каппачаатон дуд кард!

Барқ аз ин ҳам батар аст. Расид ҳатман таҳдиди қатъсозӣ ё ҳадди ниҳоӣ судбозӣ дорад ва ба ҳамин тартиб дилхоҳ расиду чеку пек. Ҳама таҳдид!!!

Кор то ҷоест, ки бархе мақомот агар шуморо ба ҳайси шоҳид низ даъват карданӣ бошанд, ҳатман мактубе бо таҳдид мерасад, ки агар фалон соат ба фалон кабинет ҳозир нашудед …беҳатараш худкушӣ кунед (типа того).

Ва ана акнун, тавре халқ мегӯяд, «Калам заду кӯрам зад, пасмонда кулӯхам зад». Ширкатҳои хадамоти интернетӣ низ ба усули а ля Абдурасул гузаштаанд:

-Ба таҳдид ва ба забони маъмули олами ҷиноӣ ба «храп».

 Ҳафтаи равон 1 номаи электронӣ аз ширкати ВАВИЛОН гирифтем ва ба ин мазмун (орфография ва грамматика сахт риоят шудааст):

Салом алейкум,Ширкати ЧДММ «Вавилон-Т» бо арзи эхтиром барои хамкорихои самаранок изхори миннатдори баён менамояд.

Ба Шумо ёдрасон мекунем, ки мухлати пардохти хакки хизматрасонихо

барои домени cccp.tj ва хостинг дар хачми 2000 мб ба итмом расидааст.

Бо максади озод нагардидани номи домени ба Шумо тааллук дошта ва барои давом додани хизматрасонихои мазкур аз Шумо хохиш карда мешавад, ки ба Шуъбаи муштариён дар шахри Душанбе ва ё ба наздиктарин намояндагии ширкати ЧДММ «Вавилон-Т» мурочиат намоед. Дар холати пардохт накардани хаки хизматрасони, дар мухлати 10 рузи таквими номи домении ба шумо таалук дошта аз фехристи Бакайдгиранда озод карда мешавад.

Суратхисобхои шумо - 28529

Маблаг барои домен - 236 сомони

Маблаг барои хостинг - 1062 сомони

Менечер:44-600-07-04

С уважением,

 Domain mailto: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

(Аҳамият деҳ, хонанда, дар матни русӣ ва англисӣ ин ширкат мисли дигар ширкатҳои интернетӣ ва мобилӣ ЯГОН ғалат надорад, ки сари он низ баҳс хоҳем кард)

Ин дар ҳолест, ки мо муштарием, на туфайлихор ва бо ин ширкат кам не-ғам не, сар аз соли 2001 сару кор дорему интернет мехарему истифода мекунем. Ақаллан барои ҳамкории 20-сола набояд бо чунин мазмун ва ингуна таҳдид ВАВИЛОН ба мо, ман, ту, вай, онҳо ва дар ҷамъ сокинони Тоҷикистон, ки зери ҳимояти Сарқонун қарор доранд, нома нависад, паёмак фиристад. Ва ин дар ҳолест, ки воқеан ҳам ману мо 1 соат дер кунем, онҳо на танҳо домену хостинг, ки худамонро низ мефурӯшанд. Метавонанд! Зеро ин сохтор тамоман бе назорат мондааст. Шояд баъди оне, ки шаҳрдори Душанбе литсензияи сохтусозро аз дасти ширкати муталлиқ ба сардори идораи алоқа гирифт, ин ниҳод бештар ба кори ҷонии хеш, назорат ва контроли ширкатҳои мобилӣ бармегардад? Шояд! Вале то он дам, мо таҳдидҳо хоҳем диду шуниду хонду гӯш кард!

 Воқеан ҳам, таҳдидҳои Вавилон, ТСЕЛ, Индиго ва дигар ширкатҳои, гӯё ватанӣ, вале дар асл хориҷии мобилӣ, забони давлатиро низ хору зор ва қалилу залил кардаанд. Шумо 1 бор ба ин навишта таваҷҷӯҳ кунед, даҳҳо хато меёбед. Ба куҷо менигаранд, масъулини забон ва мӯҳтарам депутатҳо? Магар мунтазиранд, ки Сайидҷаъфар Усмонов-ягона депутати ба таъбири Бобои Ғулом «тухмӣ», аз ҳизби демократ, ин масъаларо ба баҳс мекашад? О, дигарон барои чӣ нишастаанд дар ин боргоҳи олитарини давлатӣ, агар озу ниёзи мардумро намебардоранд, ба вежа вақте сухан сари Забони ин Миллат меравад?! Чаро ба ВАВИЛОН ва боқӣ ширкатҳои мобилӣ дастури Таҳдидомез-мисли худашон равон намекунанд, ки бо забони давлатӣ чунин густохиву чунон номаъқулиро раво набинед, ба шумо 10 рӯз вақт, ки тамомии паёмакҳои таҳдидомези худро сирф тоҷикӣ ва бе хато нависед, дар сурати акс, шуморо мебандем!!!

Ва ана акнун бармегардем сари мушкили №1 барои хатари овезон чун Шамшери Домокл (Домоклов мечь) болои сари забони Тоҷикии давлатии худамон. Оё медонед, ки мо, Тоҷикон шояд ЯГОНА миллат бошем, ки дар олами интернет забони худро надорем. Зеро сарфу наҳв, грамматика, услуб, забони адабӣ надорем. Ҳоло дар саҳфаи интернет, масалан Фейсбук, агар чизе тоҷикӣ нависем, зераш хатти сурх мебарояд. Яъне хатост! Зеро грамматикаи урусӣ, ки мо аз алифбояш баҳраварем, даҳсолаҳост, ин ҷо ҳоким аст. Ӯзбекиву қирғизиву қазоқиву ҳатто туркманӣ низ дар феҳристи забони интернетӣ ҳаст. Тоҷикӣ, забони 7000 сола ҷои худро надорад!

Имрӯз фурсате расида, ки сарфу наҳви забони давлатӣ бо ҷаҳони интернет пайваст шавад. Айб аст шарм аст, ай-яй-яй ва «позор» аст, ки 1 давлати бузург бо тамомии атрибутҳои Истиқлолияти давлатӣ, маъмултарин талаботи асри муосири давлатдорӣ-грамматикаи ягонаи интернетӣ надошта бошад!

Таҳдид кунам? Забон ва хатт дар олами виртуолӣ расман вуҷуд надошта бошад, мавҷудияти мо низ зери суол меравад. Сари ин хатар имрӯз бояд андешид, ки дер нашавад…

Мо Метавонем!

 

Душанбе, 22 Феврал 2021 10:11

   Терминали байнишаҳрии н.Ёвон дар ояндаи наздик ба дигар макон кӯч баста, аз сари нав таҷдид хоҳад гашт. Бо назардошти талаботи мардум МИҲД н.Ёвон ният дорад боз 1 терминали нақлиётии дигарро бо шароити муосир иловатан бунёд намояд. 

   - Пас аз нашри чанд матлаби интиқодӣ дар рӯзномаҳои кишвар, аз он ҷумла газетаи СССР мо ба ширкати «33 33» иҷозат додем, ки фаъолияти хешро дар ҳудуди н.Ёвон оғоз намояд. Илова бар ин масъалаи кӯчонидани терминали нақлиётӣ ба мавзеи дигар имрӯз баррасӣ шуда истодааст. Инчунин, мо талаботи сокинони ноҳияро дар робита ба бунёди боз 1 терминали нав мавриди омӯзиш қарор додаем ва дар сурати зиёд шудани талабот ҳатман боз 1 терминали наву замонавиро месозем, - таъкид дошт Ҷамшед Саидзода, раиси н.Ёвон зимни нишасти матбуотӣ.

Баҳодур Уроқов, СССР

 

Ҷумъа, 19 Феврал 2021 15:01

   

Корхонаи бузурги коркарди орди н. Хуросон, ки 10-солаҳо аз фаъолият монда буд, дар ояндаи наздик дубора эҳё хоҳад гашт. Ин нуктаро раиси тозатаини ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

   - Ҳамин ҳоло дар бораи эҳё намудани ин корхонаи саноатӣ-истеҳсолӣ бо соҳибкорони ватанӣ суҳбат намуда, ба мувофиқа омадаем. Соҳибкорон омодаанд, ки корхонаро бо таъҷизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намуда, онро дубора эҳё намояд, - афзуд Илҳом Аҳмадзода. 

Баҳодур Уроқов

 

Ҷумъа, 19 Феврал 2021 14:51

 Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси н. А.Ҷомӣ мегӯяд, ки дар соли сипарӣ гашта ҷинояткорӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳия рӯ ба афзоиш ниҳодааст

   - Дар соли 2020, дар ноҳияи А.Ҷомӣ 239 ҷиноят ба қайд гирифта ва ошкор карда шудааст. Бояд гуфт, ки назар ба соли 2019 дар соли 2020 48 ҷиноят зиёд ба вуқуъ пайвастааст. Дар самти дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар соли сипаришуда 2059 маърака гузаронида шуда, дар ин бахш 10 қонуншиканӣ ошкор шудааст ва аз рӯи тобеъият барои баррасӣ ба суди ноҳия пешниҳод гардидааст. Бо ҳукми суд вайрокунандагони маъракаороӣ дар умум ба 19910 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд, иброз дошт мавсуф зимни нишасти матбуотӣ. 

Баҳодури Абдусалом, СССР

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 13:44

   Бино ба иттилои Амирхон Қурбонзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе 7659 га ҳудуди заминҳое, ки аз тобеияти н.Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди маъмуриву марзии пойтахт ҳамроҳ карда шудаанд, дар ояндаи наздик ба 3 ноҳияи ш.Душанбе-Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур тобеъ карда мешаванд.

   - Тибқи Нақшаи генералии ш.Душанбе ҳудуди пойтахт бояд васеъ гардида, дар ҳудуди аз ҳисоби н.Рӯдакӣ ба пойтахт гузаронидашуда инфрасохтори нав амсоли мактабу муассисаҳои томактабӣ, марказҳои нави саломативу хизматрасонӣ, хатҳои нави муҳандисӣ, хатҳои обу барқу системаи обу коррез бояд бунёд ёбанд. Бо назардошти ин аҳолии пойтахт то ба 1,5-2 миллион хоҳад расид ва барои ин теъдоди сокинон шароити лозимаи кору зиндагӣ бояд фароҳам оварем, - афзуд Амирхон Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 18.02.2021.

   Чуноне ки муовини аввали раиси ш.Душанбе зикр намуд, масъалаи ба таври расмӣ вогузор шудани ин ҳудуди заминҳо дар сессияи наздиктарини Маҷлиси намояндагони халқӣ ш.Душанбе баррасӣ гашта, аз ҷониби комиссия босалоҳият алакай ҳисобу китоби инфрасохтори мавҷуда, бекорхобида ва тахрибшудаву эҳтиёҷоти аҳолӣ нисбати муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ дар ин 7659 га ҳудуд арзи вуҷуд дошта, мавриди омӯзиш қарор дорад. 

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

   PS. Бояд гуфт, ки  нишасти навбатии матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ин маротиб дар Қасри нави теннис ва ҳавзи шиноварие, ки ба тозагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст, баргузор гашт. Воқеан ҳам ин комплекс Маҷмааи муосир ва беҳамто дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, вижагиҳои хоси худро дорост.

   Боз ҳам ин, ки нишасти мазкур дар муқоиса бо нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва сохторҳои дигари давлатӣ ба маротиб фарқ карда, дар сатҳи олӣ баргузор гашт. Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар муддати расо 1 соат тавонистанд ба тамоми суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, пас аз нишаст аз Маҷмааи нав боздид намоянд.

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 13:41

   Баъзе аз муассисаҳои томактабии кишвар-боғчаҳои бачагона тӯли 25-30 соли охир аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд. 

    Тавре аз Маълумот оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми ҶТ дар соли 2020 бармеояд, чунин муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Вахш, Ҷ,Балхӣ, Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Н.Хусрав, Хуросон, Панҷ, А.Ҷомӣ, Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Зафаробод, Б.Ғафуров, Деваштич, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Лахш ва Сангвор мавҷуданд.

   Мушкилоти асосии дигари имрӯза ин нокифоя будани маблағгузории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ аст. Яъне, таъмиру таҷдиди муассисаҳои томактабӣ аз мадди назари раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дур мондааст ва ё маблағгузорӣ кам аст…

 

СССР

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 12:47

   15.02.2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи «Хундай-Солярис», рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд дарёфт гардид. Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе хабар медиҳад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

   Тавре гуфт мешавад, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 1 қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.

   Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли н.Ҷайҳун содир намудааст. Дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш н.Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи ш.Душанбе дастрас карда шуд. Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Коддекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дора

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 12:40

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аз моҳи марти соли 2020 бар асари авҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан баста шуданд, корбарӣ рафта истодааст. 

   - Алалхусус, барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия, ки  ҳудуди 70 фоизи  парвозҳоро дар бар мегирад, вазифаи аввалиндараҷаи мост ва мо рӯи он корбарӣ карда истодаем. Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намудааст. Мо омодагии худро ҳанӯз тобистони соли гузашта эълон намуда будем, интизори тасмими ҷониби рус ҳастем, - афзуд Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 15.02.2021.

   Бояд гуфт, ки айни замон байни Тоҷикистон ва Россия танҳо парвозҳои таҳлиявӣ-чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон  ва ширкатҳои ҳавопаймоии  Россия амалӣ ёфта, онҳо  танҳо ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Россия ва Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар назар аст, ки ҳамон комиссияи вежае, ки бояд аз ҷониби «Роспотребнадзор»-и ФР ба ҶТ биёяд, дар масоили боз шудани марзи ҳавоии байни 2 кишвар тасмими охиринро бигирад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» бошад бо сабаби дар таъмир будани ҳавопаймоҳо дар ин муддат парвозе анҷом надод.

СССР

 

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter