ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:48

Президенти Беларус Александр Лукашенко ворид кардани сензура ё маҳдудиятро ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар сар то сари ҷаҳон як амри зарурӣ қаламдод карда, гуфт: “Шояд касе, ки ин морро сохт ва аз кӯза берун кард, худаш ин равандро оғоз кунад. Мо ин корро, аслан карда наметавонем. Агар 1 ҷо масдуд кардем, инҳо аз ҷои дигар сар мебароранд”.  Лукашенко, шадидан муқобили дахолат ба ҳарими хусусӣ ва зиндагии шахсии афрод ва тахриби сохти иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳо баромад карда, гуфт: “Бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенджерҳо, ҳоло мешавад инқилобӣ сайёравиро роҳандозӣ кард”.

Батко дақиқан Амрико ва тазоҳуроти азхирӣ дар ин давлатро дар назар дошт, ки Кохи Сафед харобкорони вашингтониро “Террористи худӣ” муаррифӣ кардасту хулиганҳои  беларусиро “демократ”.                                                                                                                                                    

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:41

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:35

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:27

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:24

Раҳмат Шералиев омӯзгор, сокини ш.Душанбе меҳмони редаксияи мо шуд ва гуфт: 

   - Дар шумораи 4-уми СССР хондам, ки лӯлиён тамоми заҳамоти Ҳукумати марказиро сирф мекунанд. Ин тоифа аз қадим бо заргариву оҳангарӣ машғул буданд, ҳоло бошад фақат талабандагиро касб кардаанд. Нанговар аст, ки лӯлиёни Ӯзбекистону Қирғизистон дар шиносномаҳояшон Тоҷик муаррифӣ шаванд, ки ин бисёр кори ғалат аст. Дар Россия низ сари ҳар вақт суол мекунанд, ки «ты из каких Таджиков?». Сабаби афзоиши сафи лӯлиён дар он аст, ки дар ин қавм 1 мард ҳаққи аз 2 то 4-5 зан доштанро дорад, ки ин аз тарафи давлат назора карда намешавад. Яъне, онҳо гӯё шаҳрвандони давлат ба шумор намераванд ва қонуну қоидаи худро доранд. Дигар ин ки писарону духтаронашон аз синни 13-15-солагӣ издивоҷ мекунанд. Аксари корҳои 2-юминдараҷаро ба танзим даровардем, пас чаро ин раванди муҳими ҷамъиятиву сиёсиро ба танзим надарорему зиндагонии ҷӯгиҳоро тибқи қонун ба роҳ намонем?

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:18

 

 Ҳайдар Қосимов 7 марти соли 1922 дар деҳаи Полезаки ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Ҳайдари ҷавон дар қатори ҳамдеҳагонаш, миёнаи солҳои 30-юми қарни ХХ ба водии Вахш муҳоҷир гардид. Оилаи онҳо дар колхози Севахши ҷамоати деҳоти Туғай Саройи ноҳияи Октябр (н.Вахши кунунӣ) сокин шуд. 

 Ҳайдар мактаби ибтидоиро дар ҳамин колхоз хатм карда, соли 1938 ба ҳайси ҳисобдори (бухгалтер) бригадаи тракторӣ ба МТС-и ноҳияи Октябр ба кор даромад. Баъди чанде фаъолияти меҳнатиашро дар Артели хоҷагии қишлоқи “Сохтмони Вахш”-и ноҳияи Октябри (н.Вахши кунунӣ) вилояти Сталинобод идома дод. Маҳз аз ҳамин артел моҳи декабри соли 1941 Ҳайдарро ба сафи Артиши Сурх даъват карданд. Ҳайдар Қосимов аз оғози ҶБВ ба фронт рафт ва дар муҳорибаи Сталинград ширкат варзид. Баъди Сталинград Ҳайдар Қосимов ба сафи Ҳизби коммунист шомил гардида, рутбаи сержантӣ гирифт. Ин шермарди тоҷик дар ротаи 2-юми миномётии полки тирандозии 229-уми дивизияи тирандозии 8-уми корпуси тирандозии 15-ум хизмат кард. Корпуси 15-уми тирандозӣ бошад дар Фронти Марказӣ амал мекард. Баъди Сталинград корпуси 15-уми тирандозӣ дар амалиёти озодсозии Украина ширкат варзида, қаҳрамони мо маҳз дар ҳамин амалиёт мардонагӣ ба харҷ дода, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. 

Ҳайдар ва Рокассовский

  Қисми низомии Ҳайдар Қосимов дар самти Киев амал мекард ва дар ин самт 1  садди табиии бузург-дарёи Днепр вуҷуд дошта, кори Артиши ҳуҷумкунандаро бисёр мушкил мекард. Аз тарафи дигар, Артиши олмонӣ ба ин садди табиӣ умеди зиёд дошт ва онро чун гавҳараки чашм мудофиа мекард. Взводи миномётчиҳо, ки Қосимов ҳам шомили он буд, зери оташи сахти душман бо 2 заврақ аз дарё гузашта, дар соҳили ғарбии Десна мавқеъ гирифтанд. Немисҳо мебоист ба ҳар василае ин платсдармро бартараф мекарданд. Командири взвод кушта шуд ва Қосимов фармондеҳии ҷанговарони боқимондаро ба ӯҳда гирифт. Билохира баъди задухӯрди шадид Қосимов бо 1 ҷанговар зинда монд, вале муқовиматро қатъ накард. Он ҷанговар тири миномёт меовард ва Ҳайдар онро ба нишон мефиристод. Баъди чанде ҷанговари боқимонда ҳам ба ҳалокат расид ва Қосимов танҳо монд. Аммо баъди ин ҳам, ин диловари тоҷик майдони размро тарк накарда, ҳангоми овардани тири миномёт тири душман миномоёти ӯро аз кор баровард. Ҳайдар бо автомату норинҷакҳояш муҳорибаро идома дода, билохира захмӣ гардида, аз ҳуш рафт. 

   Қосимов баъди табобат дубора ба майдони ҷанг баргашт ва дар наздикиҳои дарёи Припят бори дигар марди майдон будани худро ба ҳама собит кард. Дар характеристикаи ҷангии ин қаҳрамони тоҷик гуфта мешавад: 

“Рафиқ Қосимов, дар задухурдҳои дарёи Припят бо миномёти худ анбори силоҳ ва теъдоди зиёди сарбозони душманро нобуд кард. Фармондеҳи полки тирандозии 229-ум, подполковник Шишков ва фармондеҳи кулли нерӯҳо, генерали армия Рокассовский сержант Ҳайдар Қосимовро барои қаҳрамонӣ ва мардонагӣ, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд”.  

Ин характеристика ба Маскав фиристода шуд ва 16 октябри соли 1943 Раёсати Шӯрои Олии СССР онро муҳокима карда, ба Ҳайдар Қосимов унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ато кард. 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:14

5.02.1925. Дар Бухорои шарқӣ Кумитаи Марказии Иҷроя (КМИ) барҳам дода мешавад.

5.02.1947. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО-и кишвар унвони “Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон” таъсис дода шуд. 

6.02.1925. Аввалин дастаи милиса бо сардории Абдулло Ёрмуҳаммадов, аз Бухоро вориди Душанбе гардид.  

6.02.1930. Дар РСС Тоҷикистон рӯзномаи “Деҳқони камбағал” таъсис дода шуд.

7.02.1936. Дар шаҳри Хуҷанд аввалин Анҷумани ҷумҳуриявии ордендорон ва пешқадамони соҳаи пахтакорӣ доир гардид. Дар ин Анҷуман пахтакорони беҳтарин аз сар то сари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 

7.02.1952. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав мурофиаи пӯшида нисбати аъзоёни маҳфили адабӣ-сиёсии зиддишӯравии мактаббачагони Маскав баргузор гардид. Аъзоёни ин маҳфил дар гектограф варақаҳоеро чоп карда буданд, ки дар онҳо системи интихоботии шӯравӣ ғайридемократӣ унвон гардида буд. Дар рафти мурофиа, аъзоёни ин гурӯҳ 3 нафарашон ба қатл, 10 нафарашон ба 25 сол зиндон ва 3 нафари дигар ба 10 сол зиндон маҳкум шуданд. 

7.02.1964. Дар рӯзномаи “Правда” мақолае рӯи чоп омад, ки бори аввал дар СССР расман даст доштани Сталинро дар қатли Киров ҳадс мезад. 

8.02.1919. Дар Русияи Шӯравӣ декрети “Ҷорӣ кардани системаи байналмилалии ҳисобкунии вақт” ба нашр расид. 

8.02.1955. Тағйироти ҷиддии кадрӣ дар СССР. Раиси Шӯрои Вазирон Георгий Маленков аз мансаб сабукдӯш ва вазири нерӯгоҳҳои барқӣ таъин карда шуд. Раиси Шӯрои Вазирон бошад, маршалл Николай Булганин таъин гардид. Маршал Георгий Жуков бошад, ба ҷои Булганин, вазири мудофиаи СССР таъин гашт.  Ҳамин тариқ, Хрушев бо кумаки ҳарбиён қудратро аз дасти ҳаммаслакони Сталин берун кашид, аммо баъди чанде ҳамин ҳарбиёнро ҳам пушти киштӣ гузошт. 

8.02.1987. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-ш.Душанбе даҳаи Рӯзҳои Тошканд баргузор гардида, фарҳангиёни зиёд ба Душанбе ташриф оварданд. 

9.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ КМИ “Қонуни асосии иҷтимоисозии замин”-ро ба тасвиб расонид. 

9.02.1918. Имзои сулҳи 1-уми Брест. Ин сулҳ миёни Украина ва Олмон баста шуд ва тибқи ин сулҳ, нерӯҳои олмонӣ чун кафили амният мебоист Украинаро ишғол мекарданд. 

9.02.1934. Имзои Антантаи Балканӣ. Ба Антантаи Балканӣ ё Антантаи хурд, Юнон, Руминия, Туркия ва Югославия шомил гардиданд. Ин 4 кишварро Фаронса пуштибонӣ мекард ва фаъолияти ташкилот зидди СССР равона гардида буд.  

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:07

Мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии н.Ҷайҳун мақолаи «Ҷайҳун Ғасби заминаҳои кишт»-ро, ки дар рӯзномаи СССР нашр шудааст, дида баромада, мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд қайд намуд, ки масъалаи мазкур айни ҳол таҳти  баррасии судӣ, қарор дорад ва бо дастрасии модаҳои  84 ва 87-и Конститутсияи ҶТ «Ҳокимияти  судӣ мустақил  буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодӣ, инсону шаҳрванд, манфияти давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат кардан ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Бинобар гуфтаҳои боло ва таҳти баҳс қарор доштани масъалаи мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Ҷайҳун ҳуқуқи дахолат кардан ба фаъолияти онҳоро надорад.

Абдулҳафиз Одиназода, раиси н.Ҷайҳун

 

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter