ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 05 Феврал 2021 12:23

 

04.02.2021. Соат дар Душанбе 11:00 дақиқа. Нишасти хабарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода ширкат доштанд. Умед Бобозода кӯтоҳ фаъолияти ниҳодашро дар соли 2020 ба самъи хабарнигорон расонд. 

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар соли 2020 дар мақомоти зертобеъаш 1946 адад муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. 436 нафар ба таври хаттӣ ва 1510 нафар ба таври шифоҳӣ ба ваколатдор муроҷиат кардаанд. 

Баъди ӯ муовинаш Раҷабмо Ҳабибулозода, Ваколатдори оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон аз фаъолияти ниҳодаш ҳисобот дод. Раҷабмо Ҳабибуллозода гуфт, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ тибқи Стратегияи мушахасс амал мекунад. Ӯ гуфт, ки ниҳоди зертобеъаш дар соли 2020, 298 муроҷиатро ба қайд гирифтааст. Сабаби камтар муроҷиат кардани шаҳрвандонро Ҳабибулозода, дар пандемияи вирсуи карона медонад.  

Ба гуфти Ҳабибулозода, асоси фаъолияти Ваколатдориро, пешгирии ҷинояти кӯдакон, гузаронидани санҷишу мониторинг, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакон ва ғ. ташкил медиҳанд.

Ваколатдор ва кӯдакони талбанда

Раҷабмо Ҳабибулозода ба саволи хабарнигори СССР, ки “чаро Ваколатдорӣ аз ҳуқуқӣ кӯдаконе, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекунанд ва инчунин кӯдакони ҷӯгӣ ҳимоят намекунад ва оё ниҳоди зертобеъаш барои ин атфол барнома ё нақшае дорад?”, гуфт: 

-Бале мо аз мушкил огоҳем, вале нақшаи мушаххасе айни ҳол надорем. Ин атфол дар гурӯҳи риск қарор доранд ва мо дар ин самт ҳамроҳ бо ВКД кор мекунем. Албатта, ҳалии ин мушкил бештар ба ВКД марбут мегардад. Падару модар низ нақши зиёд доранд ва дар ин самт низ кор кардан лозим меояд. 

Ваколатдор ва ҷӯгибаччаҳо

-Аммо қазияи ҷӯгиҳо фарқ мекунад-гуфт хонум Ҳабибуллозода ва афзуд-Ин тоифа бо суннатҳои хоси худашон зиндагӣ мекунанд. Мо чандин бор ба масъалаи дарс нахондани фарзандони ҷӯгиҳо сару кор доштем. Ман худам дар Колхозобод маҷлис доир карда, ба ҷӯгиҳо тавсия додам, фарзандонашонро аз ҳаққи таҳсил маҳрум накунанд. Аммо ин мардум бо қавоиди худашон зиндагӣ мекунанд ва дар фарҳангашон ба таълим аҳамияте қойил нестанд. Ин масъала бояд ба таври ҷиддӣ дар ниҳодҳои марбутаи ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардад ва мо низ дар навбати худ, ҳар кӯмаке аз дастамон меомадаро мекунем... 

Зӯри давлат ба ҷӯгӣ намерасад?

Ин иддаои омбудсменро чи ҳел фаҳмем? Яъне зӯри 1 давлат бо тамомии ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва мақомоти қудратияш ба 5-6 қабилачаи лӯлӣ намерасад? Воқеан ҳам, тавре дар 1 матлаб дар СССР навишта будем, ҳатто зӯри Сталин ба ҷӯгиҳо нарасида буд. Вале гап сари ин аст, ки бо ин қавм дар даврони советӣ бархӯрд ҳасана набуд ва онҳоро чун қавми кӯчиву талбанда, лӯлӣ ва сиган расман шинохта буданд. Рӯиҳамрафта, дар он даврон нуфузи аҳолӣ аз 200 млн гузаштаву ба 300 млн такя мезад. СССР шашяки кӯраи Заминро фаро мегирифт. Ҳоло бошад чунин нест!!!

Дар шароити кунунӣ, метавон 5-6 деҳаи ҷӯгинишинро танзим кард (Кумитаи дин 9 млн нафарро тонисту 900 ҷӯгиро наметавонад?). Кӯдак ҷӯгӣ аст, папуас аст, ҳинду аст, тоҷик аст, ӯзбек аст...бояд дар Тоҷикистон мактаб равад ва илм омӯзад!

Яъне то рӯзе, ки ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳифзи манофеи ҷӯгибаччаҳоро ба зимма намегиранду баҳона меҷӯянд, ин мушкил муаллақ мемонад.

Никоҳи ғайриқонунӣ

Дар ҳамин маврид, 1 нафари бо урфу одати лӯлиҳо аз наздик ошно гуфт, никоҳи моногаммӣ-бисёрзанӣ дар миёни ин қавм хеле зиёд асту 1 мард метавонад то 4-5 зан бигирад. Аз сӯи дигар ҷӯгиҳо духтарчаҳои 12-13 соларо ба никоҳ медароранд ва ин кӯдакон дар бисёр маврид дар синни 13-14 солагӣ аллакай кӯдакдор мешаванд-афзуд манбаъ.

Агар вазъ чунин аст (мо бовар дорем, ки маҳз чунин аст!), пас мақомот бояд бо қавми ҷӯгӣ аз қонуну қавоиди роиҷ кор бигаранд ва муттаҳамонро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар сурати акс бояд расман Қонуне қабул карду Қабилаи Ҷӯгиро қавми вежа ва берун аз доираи қонунҳои роиҷи ҶТ унвонгузорӣ намуд ва ба паспортҳояшон тамғаи ҶӮГӢ ё ЛӮЛӢ гузошт.

Онҳо зидд нестанд. ЗАГС ва мақомоти дахлдор дар ин самт коҳилӣ доранд. Парлумон низ бояд ба ин мавзуъ ҷалб гардад, агар дар андешаи ҳифзи номус ва шарафи миллист. Мо метавонем!

М. Салимшоев

СССР

 

Ҷумъа, 05 Феврал 2021 11:35

Доварони Тоҷикистон дар Мадина бозии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон-двизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ карданд. 

Ҳалолашон бод! Ватанро ана ин хел бояд мураррифӣ намуд!

Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии даври навбатии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон-дизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ намуд.

Дар даври нуздаҳуми двизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бо сардории рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов бозӣ байни дастаҳои “Уҳуд” (Мадина) ва “Ал-Наҷран”-ро хизматрасонӣ намуд. Бозӣ дар шаҳри Мадина баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.

Сайёдҷонро дар ин бозӣ, дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Акмал Буриев аз Турсунзода ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак намуданд. Вазифаи довари захираро Насрулло Кабиров иҷро дошт.

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

Панҷшанбе, 04 Феврал 2021 17:13

   Эраҷ Рауфзода, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз зимни нишасти матбуотии худ роҷеъ ба фаъолияти 1 солаи Раёсат иттилоъ дод.  

   Ӯ иброз дошт, ки дар соли 2020 ҳангоми санҷишҳои гузаронидашуда дар ҳудуди вилоят 15291 дона тухм, 5074 кг шир ва маҳсулоти ширӣ, 21180 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1278 кг равған, 817 кг моҳӣ, 543 кг асал, 65040 кг меваю сабзавот ва 17381 кг полезиҳо бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи бойторию санитарӣ аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шудаанд.

 

Баҳодур Уроқов,  СССР

 

Панҷшанбе, 04 Феврал 2021 17:08

Бино ба иттилои Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати давлатии сармуягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ҳудуди вилоят 2152 адад биною иншоот ва корхонаю коргоҳҳои истиҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

   Маблағи умумии барои сохтмон харҷшуда 537.000.000 сомониро ташкил дода, дар баробари ин 2113 ҷойи нави корӣ муҳаё гардидааст.

Баҳодури Абдусаломзода, СССР

 

Панҷшанбе, 04 Феврал 2021 15:08

 

Донишгоҳи милли Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, минбаъд баробари донишгоҳҳои машҳури олам нуфуз дорад. Аз ин ба баъд, дипломи ДМТ дар дигар давлатҳо низ қурб пайдо хоҳад кард, қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода.

    Мавсуф сабаби қатъ шудани стипендиягирии донишҷӯёни магистри донишгоҳро маҳз фаъолияти хунукназаронаи худи донишҷӯён арзёбӣ кард. Зеро аксарияти онҳо дар дарсҳо ҳузур надоштанд ва фаъол набуданд. Аз ин лиҳоз Шӯрои донишгоҳ ба хулосае омад, ки якчанд муддат додани стипендияро қатъ кунад. 

   - Лекин бино бо талабу дархости хеле зиёди донишҷӯён ҳайати Раёсат ба хулосае омад, ки додани стипендияро дубора ба роҳ монад. Магистроне, ки сессияи гузаштаро бо баҳои хуб ҷамъбаст намуда буданд, метавонанд аз 1-уми январи соли 2021 соҳиби стипендия гарданд, афзуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 13:14

23 январи соли равон варзишгари ҷавони тоҷики зодаи Исфара Баҳодур Яқубов дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, дар мусобиқоти байналхалқӣ аз намуди бокси ҳирфаӣ RCC Boxing Promotions бар ҳарифи худ Виктор Вежливцев пирӯзӣ ба даст овард. Ҷоизи зикр аст, ки ин нахустин пирӯзии Баҳодур дар чунин мусобиқоти сатҳи баланд асту ӯ додари варзишгари маъруф Муҳаммадхӯҷа Яқубов аст, ки шукрона бохт надорад (16:0).

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!

ВА БОЗ ЯК ПАЙКИ ПИРӮЗИИ ҶАҲОНПАҲЛАВОНИ ТОҶИК. 23 январи соли равон боз 1 варзишгари маъруфи тоҷики зодаи Исфара, Чемпиони ҷаҳон Асрор Воҳидов дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, дар мусобиқоти байналхалқӣ аз намуди бокси касбӣ RCC Boxing Promotions бар ҳарифи африкоии худ Тото Бонокоане пирӯз гардид!

Пирӯзӣ, Камарбанди Қаҳрамонӣ муборак, додари гиромиқадри мо!

Номбардори Тоҷикистони азиз бошед!

 

Иқбол Тешаев

Махсус барои СССР

Дар акс Муҳаммадхӯҷа Яқубов, Баҳодур Яқубов ва Шарифҷон Тошматов

 

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 13:11

Президенти Украина Владимир Зеленский мардуми кишварашро бо Рӯзи ваҳдат табрик кард ва орзуи ҳамаи украиниҳоро ошкор сохт. Ба гуфти Зеленский, орзуи асосӣ ин ваҳдати миллат мебошад, на ваҳдати заминҳо ва ҳудуд. Зеленский гуфт: “Ин Рӯзи ифтихори мост. Рӯзест, ки аҷдододони мо ба ҳам пайвастанд ва мубориза барои Украинаи мустақил оғоз гардид. Мутаасифона, он ҳангом ба ходимони давлатӣ ҳикмат ва фаҳмиши комил нарасид, то кишвари мустақили худро нигаҳ доранд. Ва ин Рӯз барои мо дардовар ҳам ҳаст. Чун 100 сол баъд аз он, Қрим ва қисмате аз Донбас ҳам аз Украина канда шуд”.                        

 

Чоршанбе, 03 Феврал 2021 13:08

Гузаштаро ёд надоред?

Ҳамаамон медонем, ки 27 сол пеш ва ҳоло ҳам исломиҳои гузаро, ваҳҳобиҳо, наҳзатиҳо, ансориҳо, салафиҳою палафиҳою калафиҳо давлати исломӣ сохтанӣ шуда, зиёда аз 100 ҳазор Тоҷикро куштанду ҳоло ҳам дар ҳамон фикранд. Аз мақсади зишташон даст накашидаанд. Магар фаромӯш кардаед он рӯзи наҳси моҳи сентябри соли 1992-ро, ки рӯҳониён ба қафои Президенти кишвар Раҳмон Набиев чор шатта зада, аризаи аз мансаб рафтанашро гирифта буданд? Ё ёд надоред, ки чи тавр ваҳҳобиҳо бо дастони худи баъзе коммунистони манфуру лаъин фаъолияти партияи Коммунистиро манъ карда, молу мулкашонро мусодира намуданд?

Куруши Кабир ва яҳудиён

   Ман аз Каюмарсу Ҳушанг, Таҳмурасу Ҷамшед, Фаридуну Манучеҳр, Таҳмоси пешдодиён, Кайқубоду Кайковус, Кайхусрави Каёниён, Куруши Кабиру Камбуҷияю Дорои 1, Ардашери 1, 2 ва 3, Ҳахоманишинҳо-аҷдодони пешгузаштаи тоҷикон фахру ифтихор дораму меболам, ки чунин аҷдодони кишваркушою боғуруру далер доштем. Вақте китоби «Таврот»-и яҳудиёнро хонда мебинӣ, ки парвардигори онҳо ба Куруши Кабир пайравӣ кардааст, магар метавонӣ хурсанду болидахотир нашавиву ифтихор накунӣ? Мавриде, ки адабиётҳои таърихию илмӣ, адабию бадеиро хонда, фаҳмида мегирӣ, ки мусулмонҳои араб бо мақсади куштану ғорат кардан тоҷиконро нобуд карданд, оё метавонӣ ғамгин набошӣ ва ба чунин мусулмонҳо нафрат нахонӣ?!

Чаро азону намозро тоҷикӣ нахонем?

Чӣ тавре, ки аз китоби Қуръон бармеояд, Аллоҳ ба мусулмонҳои араб амру фармони ба дигар кишварҳою мамлакатҳо лашкар кашидану ҳамла овардан ва куштану ғорат кардани мардумонро надодааст, бо зӯрию маҷбурӣ ба мусалмонӣ гаравидани онҳоро нафармудааст, вале мусулмонҳои араб паҳн кардани динро баҳона карда, бо мақсади ҷамъоварии пулу молу чорво ва ғанимат гирифтани занону духтарон лашкаркашӣ карданд. Вақте, ки арабҳои мусалмон ба Хуталон ҳамла оварда, шаҳри Ҳулбукро ба хок яксон кардаанд, оё бетараф буда метавонам, ки то имрӯзҳо алфавиту хатту забону динашонро ҳифз намоям? Магар вақте нарасидааст, ки аз ин ҳама даст кашида, азону намозамонро бо забони тоҷикӣ хонем!? 

Намегӯям аз ислом бадар равем(д), мегӯям тоҷикӣ ва бо забони фаҳмо намоз хонему даъват ба намоз созем. Мисле, ки тамомии динҳои дигар ба забонҳои миллати ҳукмрони ин ё он давлат намоз мегузоранду китоби Худоро мехонанд.

Комрони Далер, ш.Бохтар

 

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter