ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:47

 

12.02.1921. Вуруди Артиши Сурх ба хоки Гурҷистон.

12.02.1921. Дар назди фармондеҳии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина комиссияи мубориза бо авбошӣ таъсис дода шуд. 

12.02.1958. Фуруди аввалин чархбол (МИ-1) дар фурудгоҳи Сталинобод

12.02.1990. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба хотири  

тазоҳуроти мардумӣ вазъияти фавқулодда ва соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Ин воқеа “Баҳманмоҳ” ном гирифта, дар ВАО-и Тоҷикистон васеъ инъикос карда шудааст. 

13.02.1918. ШКХ РСФСР декрети таъсиси “биржаҳои меҳнатӣ”-ро қабул кард. Ин “биржаҳо” муассисаҳои давлатӣ буда, дар бозори меҳнат фаъолияти миёнаравиро анҷом медоданд. “Биржаҳои меҳнатӣ” дар СССР то авохири соли 1930 фаъолият карданд ва бо барҳам додани бекорӣ дар ин кишвар, аз миён бардошта шуданд.   

13.02.1921. Дар Маскав княз Куропаткин-роҳбари анархистони рус фавтид. Барои ширкат дар маросими ҷанозаи ӯ анархистонро аз тамоми зиндонҳои Маскав, танҳо бо ваъдаи баргаштан озод карданд. Маросими дафни роҳбари анархистон дар қабристони Новодевичии Маскав баргузор шуд. Баъди маросими дафн тамоми анархистони зиндонӣ бо шиори “Анархия модари тартиб” ба зиндонҳояшон баргаштанд. 

13.02.1923. Дар Петроград кормандони ГПУ яке аз авбошони маъруфи рус Леонид Пантелкинро, ки бештар бо номи Лёнка Пантелеев маъруф аст, ба қатл расониданд.

14.02.1918. Болшевикон бо қабули як декрет тамоми заминҳои Россияро моликияти давлатӣ карданд. 

14.02.1922. Артиши муттаҳидаи Иброҳимбек ва Анварпошшо Душанберо ишғол намуданд. 

15.02.1918. Таъини Вячеслав Менжинский ба вазифаи Комиссари халқии молияи РСФСР.  

15.02.1989. Артиши СССР ба пуррагӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи ёдбуди ҷанговарони интернатсионалист ҷашн мегиранд. Баъди пошхурии Иттиҳод ҳам Рӯзи ёдбуд аз байн нарафта, онро дар бештари ҷумҳуриҳои собиқи то ба ҳол СССР ҷашн мегиранд.

16.02.1932. Ирсоли аввалин кӯмаки башардӯстона аз Тоҷикистон ба Арманистон. Ин кӯмак ба бошандагони шаҳри Зангезури РСС Арманистон, ки аз заминларза осеб дида буданд, расонида шуд.

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:43

 

. Наҷмиддин Худоиев,сокини ш.Душанбе ва корманди МБТ-и пойтахт меҳмони идораи газетаи мо гардида, зимни суҳбат аз шаҳрвандони азиз хост, ба ҳуҷҷатгузориҳои амволашон, аз қабили хонаву замин, диққати ҷиддӣ диҳанд, то ба доми фиребгару ҳаннотон наафтанд: 

   - Ман худам дар МБТ-и шаҳр кор карда, ҳар рӯз чандин корафтодаеро мебинам, ки бо сабаби беэътиноӣ ба асноди амволаш имрӯз гирифтори мушкил гардидааст. Шаҳрвандонро зарур аст, ки хонаву замини худро ба таври дуруст ҳуҷҷатгузорӣ кунанд, то дар оянда ба дарди сар наафтанд. Ҳастанд афроде, ки хонаи меросиро бо дуои акаву додар гирифтаанду имрӯз онҳо хонаро кашида тақсим карданиянд ва ғ. ва ҳ. Бовар кунед, дар ҳуҷҷатгузории хонаву даратон ҳатто ба фарзанди падар бовар накунед, чӣ расад ба бегона...

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:40

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ҳафтаномаи СССР ҷиҳати ҳамкориҳои назаррас ва мутақобилан судманд, ҷиҳати инъикоси васеи равандҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, ки ба рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ замина мегузорад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба мақолаи Шералӣ Давлатов «Масҷид, шаҳраки донишҷӯён, чароғак ва таксиҳо, ки дар рӯзномаи СССР №50 (639) аз 24.12.2020 ба нашр расидааст, чунин иттилоъ медиҳад.

Доир ба тамбашавии воситаҳои  нақлиёт ба хусус воситаҳои нақлиёти кироякаши (такси) ширкатҳои нақлиётӣ дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ метавон ҳаминро қайд намуд, ки воситаҳои нақлиёти мансуб ба ин ё он ширкатҳои нақлиётӣ, ки бо намуди зоҳирии ягона муҷҷаҳаз гардонида шудаанд, тариқи фармоишӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд ва ҳамин аст, ки ҷамъшавии чунин воситаҳои нақлиёт дар назди шаҳраки донишҷӯён дар асоси дархости муштариён бахусус устодону донишҷӯёни ин даргоҳи олӣ ба миён омада мунтазири қабули мусофири худ мешаванд, ки ин ҳолат боис ба тамбашавии роҳу нақлиёт гардида, ба дигар иштирокдорони  ҳаракат дар роҳ монеъа эҷод менамоянд.

Доир ба фаъолияти хатсайрҳои автобус ва троллейбус  дар  бастаи дуюм ҳаминро бояд қайд намуд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Муассиса фаъолияти хатсайрҳои автобус ва троллейбус дар бастаи дуюм то соати 22 шаб ба роҳ монда шуда, раванди фаъолияти онҳо зери назорати ҳамешагии кормандони муассиса қарор дорад.

Ҷ.Давлатзода, 

директори 

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:39

Бахтиёри Ҷабборзода, хонандаи фаъоли ҳафтаномаи СССР аз н.Хуросон занг зада (тел: 92 914 14 81) гуфт, ки Хӯҷа-командир ҳеҷ вақт хоин набуд. 

   - Ҳафтаи гузашта, дар саҳифаи газетаи СССР оиди кирдорҳои бади Хуҷа-командир маводе нашр шуд. Мо мефаҳмем газетаи СССР минбари гуногунадешист. Аммо гуфтҳои муалифи матн Х.Воҳидов аз н. Данғара на ҳамааш ҳақиқат дорад. Ман ҳамчун сокини ин ноҳия ва нафаре, ки Хуҷа-командирро бо аҳли оилааш мешиносам, гуфтаниам, ки ин шахсият ҳеҷ вақт хоин набуд ва барои мардуми ин минтақа қаҳрамон аст. Дар баробари ин, барои сохти констутсионии кишвар хело корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Айни замон метавон бунгоҳи тиббие, ки дар вақташ ин шахсият барои мардум сохта ва туҳфа карда буд мушоҳида кард, зеро то ҳол фаъолият мекунанд. Барои худ ва оилаашон бошад ягон хонаи баландошиёна ё мошини хориҷӣ муҳаё накард. Баръакс, ҳамаи хизматаш барои мардум буд. Аз ин сабаб гуфтаниам, ки надониста аз рӯйи шунидаатон мавод таҳия накунед. 

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:36

 Фаррухи Наимҷон, яке аз хонандагонии фаъоли ҳафтаномаи СССР аз н.Қубодиён занг зада (тел: 919 03 94 82) гуфт, ки дучархаамро дуздиданд. 

   - Салом ба аҳли қалами газетаи СССР. Қариб 1 моҳ мешавад дар ноҳияи мо, яъне Қубодиён ғайб задани дучархаҳо мушоҳида мегардад. Аз ҷумла рӯзи гузашта дучархаи худам яку якбора нопадид гардид. ҳар қадаре, ки кӯшиш кардам ягон нишонаашро пайдо карда натавонистам. Сипас бароям маълум гардид, ки чунин ҳолат вақтҳои охир дар ноҳияи мо зиёд рух дода истодааст. Ман аз номи худу дигар ҷабрдидагон аз ШВКД дар н.Қубодиён дархост мекунам, ки барои рафъи ин мушкилӣ ва дастгирии дуздон кор кунанд. 

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:33

 Салом СССР! Вобаста ба он, ки муаллимонро маҷбур мекунанд, барои аттестатсия гузаштан мақола нависанд, 1  воқеаро мегӯям шояд истифода баред: “Нозири роҳ Лоиқ Шералиро медорад ва ӯ ба нозир китоби тозанашрашро пешкаш мекунад. – Ин чист?- мепурсад нозир. – Китоб мегӯяд шоир. - Хуб гаранг будаӣ, - ҳайрон мешавад нозир. – Ман китоб мехондам милиса мешудам?”. 

Сайёфҷон агар муаллим навишта метавонист, журналист ё олим ё мисли баъзеҳо академик мешуд. 

            Бо салом Гурез Сафар

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:28

   

Салом ба аҳли эҷоди газетаи СССР! Соли 1959 Институти педагогии ш. Душанберо бо ихтисоси физикаю математика тамом ва 50 сол кор карда, садҳо шогирдонро соҳибмаълумот намудам. Имрӯз бошад бо 450 сомонӣ нафақа зиндагӣ мекунам. Одамонеро медонам, ки меҳнат накарда, 700-800 сомонӣ нафақа мегиранд. Ҳақиқати Шӯравӣ куҷо шуд?

   Аз номи Ҷаноби Олӣ ба сағираҳо 1000 сомонӣ пул доданд. Келинам  Матлуба Ҳамроева бо 3 фарзанди ятимаш барои ин кӯмак рафт. Номаш дар рӯйхат ҳаст, аммо маблағро ба ӯ дар аввал намедиҳанд. Пас аз ҷангу ҷанҷол ва таъкиди он, ки ба шикоят ба пойтахт меравад, кӯмаки пулиро мегирад. Ин рафтор нишон медиҳад, ки дар ш.Панҷакент дар самти иҷтимоӣ назорат нест. Наход кӯмаки Президенти кишварро бо даъво гирем!?

Ҷӯрақул Тӯраев, д.Филмандар,

ш.Панҷакент

 

Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 08:24

Медонед, кай Муҳаммадиқболи Садриддин номӣ шуд? Вақте, ки бо иддаои ӯ ва «дастгирии иттилоотӣ»-и Ҷунайдулло Худоёров ном блогнавис аз ноҳияи Рашт, кадри тилоии даврони истиқлолият аз ин водӣ, раиси н. Ғарм-Қаноатшоҳ Лоиқовро аз кор гирифтанд. Дальше больше!!! 

Ҳамон замон овоза шуд, ки евро-наҳзатиён «дастони дароз доранд!». Ман Лоиқовро намешиносам, Худоёровро низ. Воқеан ҳам ин Худоёров баъдан бо ҷурми ҳамкорӣ бо сайту сомонаҳои экстремистӣ ҳабс ва баъдан амнистия шуд. Ва аммо гап сари Лоиқов буд, ки мегуфтанд, хеле кадри пухта ва сарсупурдаи ҳукумати марказист ва қурбони сиёсати наҳзатиён шуд. 

Баъд навбат расид ба кадри дигари раштӣ-Маҳмудхон Шоев-олими саршинос, ректори Донишгоҳи Давлатии Ғарм. Ин кас танҳо ба ин хотир, ки чанд студент ҷангу хархаша кардааст (кадом донишҷӯ дар умраш ақаллан боре муштзанӣ накарда бошад?) ва таваҷҷӯҳ кун, хонанда, баъди расонаӣ шудани ин хархаша дар сомонаҳои аврупоӣ, ки мақомот онҳоро ба феҳристи террористӣ шомил кардааст (!!!) низ маъзул гардид. Аҷиб наменамояд, ки сомонаҳо ва корбарони интернетиро экстремисту террорист эълон кунему ҳар чизе, ки мегӯянд, дар дохили кишвар қабул? Муаммоест, ки ба таъбири шоир:

-Ҳайрате дорам, ки дар ҳайрат биорад мурдаро!!!

Дальше боз ҳам больше!!! Имрӯз мақомот домани сарсупурдатарин фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ, метавон гуфт, ЯГОНА сарбози ҷонфидои Давлати Тоҷикон ва Миллати Тоҷик-Саъдӣ Маҳдиро гирифтаст. Ва ҳамааш пас аз шикояти 1 студент аз хориҷа, ки аз факултаи журналистика бо далелҳои раднопазир хориҷ шудааст!!! Ҳафтае беш, декани 1 факултаи калидӣ, олим, журналист ва такрор мекунам, ЯГОНА сарбози ҷонфидои Давлати Тоҷиконро, ки шарафмандона бо имзои худ аз манофеи миллат пуштибонӣ мекунад, тафтиш мекунанд! 

Бе ину ун унвону хизмати шоиста, ки Саъдӣ дар пеши миллату давлаташ кардааст, пурсида мешавад, боз дар кадом кишвари олам, бо шикваи 1 студенти муҷрим, прогулчӣ, дарсгурез ва тӯҳматчӣ парвандаи 1 олимро варақ мезананд? 

Ба мақомот умуман кӣ ҳуқуқ додааст, ки матолиби фейсбукиву ютуб, твиттеру тик-ток, вотсапу имову вайберу ОК-ро далели шайъӣ қарор диҳанд? Бекор мондаанд ё касбият заъиф шудааст?!

Дигар мардум метарсад, бо имзои худ аз Давлату Миллат ва Ҳукумати Марказӣ ҳифз кунад. Зеро ҳар нафар медонад, ки аз он сӯи кордон, аз Аврупо, Амрико ва ё Русия борони тӯҳмату иғво сараш мерезад ва мақомот метавонад чун Саъдӣ Маҳдӣ, чун Шоев, ҳамчун Лоиқов парвандаашро варақгардон кунад. 

Ин гирудор дар ҳолест, ки ягон қонунгузории ҶТ ин сомонаҳоро ба расмият нашинохтааст! Агар мисли Россия дар ҶТ низ қонуне қабул мекарданд, то саҳифаҳои интернетии фейсу ютуб ва ғ. агар 2-3 ҳазор хонанда доранд, расона хонда шаванд, ин амалашонро метавон дарк кард. Воқеан ҳам ФР бо ин амал садди роҳи табоҳкорӣ ва иғвову бӯҳтон гардид. Зеро расона, ки шудӣ, ту Сайёфӣ, ту Раҷабӣ, ту Хуршедӣ, ту иқболӣ, ту Салимпурӣ ва ғ. ва ҳ. барои ҳар ҳарфат дар назди қонун ҷавоб мегӯӣ, мисле, ки дар газета хато рафт, сардабир ва коллективи кор посух мегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти мо дар баробари матлабҳои танқидии газетаҳо ва ё гузоришоти радиоӣ (ТВ мутаассуф ягон матлаби интиқодӣ надорад!) парвандаву тафтиш 1 сӯ, хасеро рӯи хасе намегузорад! Газетаҳоро писанд намекунанд, вале студенти ранҷидае деканашро танқид кард, Худо мақомотро дод! Маҳз ана ҳамин гуна «расидагӣ ба арзу шикояти донишҷӯён» сабаб шудааст, ки муаллим аз студент метарсад! Деканро, ки ғам додем, муаллими оддӣ, конечно, ба донишҷӯ сару кор намегирад. Дальше боз ҳам больше! 

 Муаллим, ки худро аз тарси рӯзи мабодои муроҷиати фейсу ютубии студент канор гирифт, декани бечора мисли Тӯйчӣ Эрҷигитов-қаҳрамони ҶБВ, худро ба амбразураи душман мепартояд ва қурбон мешавад. Кордзанӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ёд доред? Айниддин Давлатов ном ҷавони авбоше декани факултаи менеҷмент-Музаффар Имомназаровро танҳо ба ин хотир, ки падари ахириро даъват кардаву бо ӯ аз прогулҳои писараш сӯҳбат кардааст, теғ зад!!! Декан дар болниса асту студент дар маҳбас. Куҷо равонаем?

Имрӯз, ҷои пӯшиш нест, ҳама аз журналистикаи аноним, яъне сафсаттанависони интернетӣ дар тарсу ҳаросанд, ки мабодо… Натарсед! Ин мабодо ҳатман фаро мерасад ва агар шумо кадри боқувват, сарсупурдаи миллату давлати худ ҳастед, борони тӯҳмату маломат саратон ҳатман мерезад ва ҳатман мақомот дар пайи ҷустуҷӯӣ далели шайъӣ-улика бар зидди шумо мешаванд…

Ман муроҷеъ ба дастгоҳи идеологии Ҳукумати марказӣ, муроҷеъ ба масъулини баландпояи амнияти давлатӣ ва вазоратҳои калидии кишвар мегӯям:

-Кайҳо фурсате расидааст, ки масъулин байни Журналист ва сафсаттанависи интернетӣ фосила гузоранд. Журналист, агар дар расонае матлаби танқидӣ менигорад, ҷои баррасист. Вале агар ҳатто журналист низ танҳо дар саҳифаи худ чизе менависаду ба намоиш мегузорад, қобили пайгирӣ ва ифтитоҳи санҷишу парванда нест! Зеро фарқияти журналистика аз сайтҳои иҷтимоӣ ин ҳам ҳаст, ки расонаҳои касбӣ муҳаррир, котиби масъул, коллективи кор ва конса да консов-гуфти бобой Ғулом, адрес ва редаксия доранду ҳар мақола таҳрир, баррасӣ ва матраҳ мешаваду сипас нашр. А, оне, ки худ менависаду худ «таҳрир» дораду худ нашр мекунад, инро ба забони авомуннос «хабаргузории занакой лави ов» меноманд ва дар ягон давлати дунё, ба вежа дар Тоҷикистони азиз, ки пайгирии номаву арзҳои аноним қатъан манъ аст, навиштаҳои ин зумра мардум набояд вокуниш бор оваранд. 

Шумо бошед, баракс бо вокунишот, пайгирии тӯҳматномаҳо, санҷишҳои бемаънӣ, мақолаҳои «чёрный пиар» (дилхоҳ сайти ҳукумати маҳаллиро кушоед бо Муҳаммадиқбол беш аз ҳама касу чиз вомехӯред!) ба осиёби душман об мерезеду бар оташи ғурури давлатдӯстдорон (С. Маҳдӣ, Қ.Лоиқов, М. Шоев ва ҳ.) хок. Зеро агар чунин намешуд, ин миллат бо имзои худ, шарафмандона, аз манофеи давлаташ ҳимоят мекард.

Сахт гуфтам? Хуб кардам. Дарди патриотҳоро навиштам! Мо Метавонем!!!

 

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter