ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Феврал 2021 12:04

 Нодирхон Алихонов аз ш. Турсунзода ба мо занг зада  (тел 98 522 38 54) гуфт:

   - Ман ҳам яке аз зодагону парвардагони даврони СССР ҳастам. Ман дар соле ба дунё омадам, ки роҳбари СССР Иосиф Сталин аз дунё даргузашта буду қариб 1 ҳафта халқи Шӯравӣ мотам гирифт. Бузургтар шуда, боре бо писари амакам ба хонаашон рафтаму портрети калони Сталинро дида, тагпурсӣ кардам, амакам гуфт, ин одами бузург Сталин мебошад, ки халқи Шӯравиро аз чанголи фашистони хунхор наҷот дод. Ман ҳайрон, ки ин афроди СССРбадбин чаро фақат ба Ленину Сталин мечаспанд? Барои чи аз рафиқ М. Горбачев, ки СССР-ро ба боди фано дод, интиқод намекунед?

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 11:55

Ҳаким Ғуломов, хонанда ва муаллифи доимии газета, сокини н.Дӯстӣ ба мо занг зада гуфт: 

   - Баъди он, ки бародар Сафват Бурҳонов 2 мақолаи зидди гуфтаҳои пешинаашро навишт, бисёр бародарон наандешида, ӯро айбдор намуданд. Мо ҳам баъди хондани мақолаҳояш дар ҳайрат монда будем. Фикр карда, ба ҳамин хулоса омадем, ки ӯро ё ба зӯрӣ ё ба зар фирефта кардаанд. Аз бародарон хоҳиш менамоям, ки бо ягон роҳ бо Сафват мулоқот кунанд. Агар ӯ ин фикрҳояшро бе таъсири беруна навишта бошад, Сафват хатои бузурге кардааст, ки бахшиданӣ нест. Агар не, ҳақиқати ҳолро нависед, то хонандагон фаҳманд. Чунки мо метавонем!

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 11:53

 Салом СССР-и гиромӣ. Бисёр хурсанд шудам, ки қонуни нав дар бораи “ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”- ро қабул карданд ва ҷавонон метавонанд бо пардохти маблағ аз хизмат озод шаванд. Аммо андеша дорам, ки агар маблағи он бисёр қимат шавад, барои пулдорон, соҳибони вазифаҳои баланд ҳеҷ гапе нест, баъзеашон билети ҳарбӣ ҳам мехаранд, рутба ҳам мехаранд ва вазифа ҳам мегиранд. Аммо миёни коргару деҳқони камбағал хам мезанад ва дар умум бим дорам, ки моро ба 2 табақа, яъне ба бою камбағал ҷудо накунанд.

Ҷ.Шарифзода, тел: 98 714 90 96

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 11:51

Чанде пеш ҳангоми воридшавӣ ба бозори «Корвон»-и ш.Душанбе 1 ҳолатеро мушоҳида намудам, ки басо ҷолиб буд. Корманди  милитсия ниқобдориро назорат мекарду ба шаҳвандон маслиҳат медод, ки бе ниқоб надароянд. Дар тарафи муқобил 1 нафари дигар дар даст бастаи ниқоб аз ин лаҳза истифода бурда, ниқоб мефурӯхт. 

Ин ҷо гап сари савдои 1 ниқоб  намеравад. Ман худам дидаму мушоҳида намудам, ки аз гардиши бозори «Корвон» сар карда, то даромадгоҳи он қариб дар 20 ҷой ниқобфурӯшони сину сол ва касбу корашон гуногун ба фурӯши ниқобҳои шакл, ранг ва нархашон ҳархела машғуланд. 1 тоҷики дур аз кишвар 8000 ниқобро ройгон хайр мекунаду 1 тоҷики худӣ онро фурӯхта истодааст?!…

Ягон нозир ё дигар сохторҳо аз фурӯшандаи ниқоб намепурсанд, ки ин аз куҷост, ҳуҷҷат дорад ё не, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй ҳаст ё не? Дар урфият мегӯянд, ки бетарафӣ бадтар аз гуноҳ аст. Ва гумон мекунам, ки  ин тоифа ашхос ё  одам нестанд ва ё аз ин олам  нестанд. 

Ҷаббор Раҷабов, хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб.

Аз СССР: Мушоҳидаи олӣ. Бозор як тараф, ки одам зиёд медарояду мебарояд. Ҳолати аҷибе дар супермаркети Пайкар роҳандозӣ шудааст, ки онро метавон бо 1 сухан «корчаллонӣ» хонд. Посбонони Пайкар одамро маҷбур мекунанд, 1 ниқоб гирад, фикр мекунед ройгон аст ва мегиред, вале!!! Ҳини ҳисобу китоб дар касса аз шумо пули ниқобро меситонанд. Яъне ҳам ғариву ҳам пешхезӣ. Супермаркет ба мизоҷоне, ки бо 100-200 сомонӣ харид мекунанд, ҳатто 1 ниқоб дода наметавонад?

 

Чоршанбе, 10 Феврал 2021 11:42

Аз кӯҳнагадое, ки ба давлат бирасад,

100 сол гузарад, бӯи гадоӣ наравад!!!

Хонандаи доимии мо, узви Ихвон ал СССР медонад, ки ман сари 1 мавзуъ 2 бор ва он ҳам пайиҳам ист намекунам. Зеро мавзуъ, матлаб, мушкили бикр дар ҷамъияти мо барзиёд аст. Вале ман сари мавзуъи Ҷӯгӣ, авто-ҷугиизм ва ҷугиобод шудани шаҳру навоҳии кишвар бармегардам. Бовар кун, хонанда, мавзуъ такрор, вале мушкил нав аст. Даҳшат аст!!! Мо Метавонем!

01.02.2021. Соат ба вақти СССР 16:23 дақиқа. Сабаби навиштани ин матлаб, фурӯшандаи умдаи газетаи СССР дар водии Кӯлоб-Камолиддин Достиев гардид, ки занг задаву гуфт:

-Матлабатонро хондам, вале чаро дар бораи Кӯлоб ва ба ҷӯгӣ-град табдил ёфтани ин шаҳри бостонӣ наменависед? Бовар кунед, духтарам дар Донишгоҳ мехонад, бечора аз ҷаври ҷӯгиҳо дарс рафта наметавонад ва агар равад ҳатман пои пиёда меояд. Сабаб? Ҷӯгибаччаҳо методи нав, усули муосири талбандагӣ кашф кардаанд: онҳо худро пеши пои мардум, ба вежа духтарон партофта, пойҳои онҳоро оғӯш кашида, гиряву фиғон сар медиҳанд, ки пул ту-пул те. Духтарони бечора, аз шарми атрофиён, охирон пайсаашонро ба ҷӯгибаччаҳо медиҳанду пиёда хона меоянд… Ва ин ҳама «фаолияти пурсамар»-и кӯдаконро ҷӯгиҳои калонсол наззора ва контрол мекунанд. Ҳамин ки пулро додӣ, ҷӯгибачча давида пеши падар ё модараш мераваду маблағро ба дасташон қаппонда, бозпас сӯи ҷода мешавад, то пойи дигареро оғӯш кашидаву лесидаву бӯсида, фиғон сар диҳад. Магар Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ба ҷӯгиҳои калонсол дахл надорад, ё  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (Раҷабгул Ҳабибуллозода) ҷӯгибаччаҳоро одам ҳисоб намекунад, ки аз манофеи онҳо, ки аз сӯи волидайн ҳамарӯза поймол мешаванд, ҳифз намесозад?

…Воқеан ҳам чаро дар ҶТ аз ҳуқуқи ҷӯгибаччаҳо касе дифоъ намекунад? Онҳо ҳам шаҳрванди Тоҷикистонанд-ку?! Зеро агар хоҳем, ки талбандагизм, ҷӯгигарӣ, лӯлипарвардагӣ аз ҷамъияти мо нест шавад, бояд ин корро аз кӯдакони ишон сар кунем! Бигзор ҷӯгиҳои калонсол, ки тифлонашонро ба талбандагӣ мебароранд, муҷозот шаванд. Ҷарима шаванд, ислоҳ нашуданд, зиндонӣ гарданд. Зиндонҳо зиёданд. 30 ҷӯгиро шиноне(м)д, ин расвоиро бас мекунанд. Дар сурати акс, мо боз чандин садсолаи дигар ба паспорти ҷӯгӣ тамғаи миллаташ ТОҶИК зада, обрӯи миллату давлати хешро хоҳем рехт. Дигар, барои хориҷӣ ун тараф, барои ӯзбеку лақайу қарлӯқу русу немиси дохилӣ мо боиси хандаву танз қарор мегирем. Фарзи мисол (фарзи мисол мегӯям-натарсед!), дар паспорти ҷӯгие тамғаи ӯзбек ё қирғиз гузоред… фардо эътирозро бинед, дар сартосари олам!  Вале чаро бо мӯҳри Тоҷик гузоштан дар паспорти ҷӯгӣ обрӯи миллати ориёии 6 ҳазорсоларо дар ЗАГС ва Мизи Шиносномадиҳӣ мерезанду касеро парвое нест? Ин мазҳакаи миллат кай хатм мешавад?

Ва акнун баргардем сари мавзуъи нео-ҷӯгиизм дар ҶТ, ки ба номи матлаб дахли бевосита дорад. 

31.01.2021. Соат ба вақти Душанбе 18:12 дақиқа. Бо фарзандон аз пеши ошхонаи нави туркии воқеъ дар чорроҳаи пушти автовокзал-собиқ Химчистка мегузаштам, ки манзараи мудҳише дидам;

-Чанд кӯдаки ҷӯгӣ, дар даст латтаву чуткаву лок пойҳои 1 хориҷиро (онҳо чунон зираканд, ки хориҷиёнро мешносанд!) мешакиданду МЕЛЕСИДАНД!!! Маҳз  мелесиданд, бӯса мезаданд, кафшашро ба рӯй мемолиданд ва пул мехостанд. Чунин бешарафиро ҳатто дар Ҳиндустон намебинед! Бечора турк-дақиқан турк буд, аз тарсу ҳаяҷон ва изтироб, намедонист, чигуна ҳамён кушодаву ба 4-5 ҷӯгибачча (стоп, ҷӯгибачча? Неъ! Тоҷикбачча! Зеро барои 1 хориҷӣ инҳо ҳама ТОҶИК буданд!) маблағ пардозад. Ин даҳшати пирӯз аст! Даҳшате, ки БОЯД садди роҳаш дар долонҳои баландтарини ҳукумати марказӣ, парлумон, ВКД ва мақомоти дахлдор шаванд!!!

Такрор ҳам шавад, мегӯям, менависам ва боз хоҳам гуфту навишт:

-Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон риоят намешавад. Зеро ҷӯгиҳои калонсол атфолро ба тариқи зӯр ба кӯчаҳо рехта, онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз амалҳои ношоиста ба 1 Инсон кор бигиранд, то соҳиби маблағи ночизе гарданд! Ин атфол БОЯД мактаб хонанд, ҳунар омӯзанд ва Одам шаванд. Дар сурати акс, ҳатман калонсолтарак шудаву фарзандони худро низ ба кӯча мекашанд.

Милиса ба куҷо менигарад? Чаро онҳоро боздошт ва кӯчаҳоро аз ин бешарафӣ поккорӣ намекунад?

Ва боз 1 қиссаи воқеии дигар, ки худ шоҳид будам. 

29.01.2021. Соат ба вақти СССР 13:01 дақиқа. Ноҳияи Восеъ. Таври маълум дар ин ноҳия чанд қишлоқест, ки комилан ҷӯгиҳо ба сар мебаранд. Бо гурӯҳи дӯстон хостем қабл аз сафар ба пойтахт тановул кунем ва тарабхонаеро дар шафати «Пивзавод»-и маъруф интихоб кардем. Рӯ ба рӯи ин мавзеъ деҳаи бузурги ҷӯгиҳо ҷойгир аст. Ин дам дидем, ки ҷӯгии солхӯрдае, 2 гови фарбеҳро мебарад. Яке аз мо суолаш кард, ки «бобо, шумо-ҷӯгиҳо ку алафу ем ҷамъ намекунед, зеро кор намекунед, пас ин говҳоро чи медиҳед, ки ин қадар фарбеҳанд?». Посухи ҷӯгӣ моро шокӣ кард, ки гуфт:

-Шукронаи нони қоқи Тоҷикон!

Яъне вақте Тоҷики бечора охирин нонашро аз тарси дуои бади ҷӯгӣ ба онҳо медиҳад, лӯлӣ бо он гову гӯсфанд тарбият карда, бозпас ба қассобони Тоҷик мефурӯшад, то Тоҷикон гӯшт харанду хӯранд…

Даст аз тамаъ бишӯй, ки аз шумии тамаъ,

Дар ҳаққи худ дуои гадо нест мустаҷоб!

Деҳқонча карда, байтро тафсир кунам? Гуфти Бобой Ғулом аз дуои ҷӯгӣ наҳаросед ва ба онҳо чизе надиҳед, бо ҳамин гум мешаванд. Хайр карданиед? Ятимхона, касалхона, хонаҳои пиронсолон равед ё ҳадди ақалл ба хешу табору ҳамсояи барҷомондаи хеш кӯмак кунед, ки «Беҳтарин хайр-хайр бар наздикон аст!» ва инро мо нагуфтаем. Пайғомбари Ислом (с.) гуфтааст. Классика!

 

Ҷумъа, 05 Феврал 2021 15:54

   Ширкати «Комил-2010», ки ба хонаводаи Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ марбут аст, ба «рӯйхати сиёҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ворид шуда, ба ин ширкат барои бунёди иншооти истиқомативу маъмурӣ дигар иҷозатнома ва қитъаи замин дода намешавад. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Президенти ҶТ рӯзи 5.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

   Бино ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, 3 бинои истиқоматии ин ширкат, ки 2- тоаш дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ҳанӯз 8 сол пеш сохта, ҳоло мардум дар он зиндагӣ мекунанд, айни замон барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ омодагӣ мебинанд.

   - 3 бинои баландошёнаи истиқоматии ин ширкатро барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ тайёр карда истодаем, яъне барои ислоҳи камбудиҳо вақт додаем ва бояд барои мардуме, ки дар ин биноҳо зиндагӣ мекунанд, барои гирифтани паспорти техникии манзил шароит фароҳам оварем. 1 бинои дигари ин ширкат, ки дар назди Беморхонаи сироятии ш.Душанбе бардошта шудааст, камбудиҳои хеле зиёд дорад. Мо наметавонем иҷозатномаи «Комил 2010» бозпас бигирем, чун мардум хона харидаву пул додаанд, бояд фикри онҳоро ҳам кунем. Ба хотири роҳ додан ба камбудиҳо ширкати «Комил 2010» ба «рӯйхати сиёҳ»-и шаҳрдории Душанбе ворид карда шуда, МИҲД ш.Душанбе минбаъд барои бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна бо ин ширкат қарордод намебандад. Инчунин барои ин ширкат қитъаи замин низ дигар дар ҳудуди пойтахт ҷудо карда намешавад, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

   Бояд гуфт, ки ширкати «Комил 2010» ба писари Бег Сабур-Сиёвуш Зуҳуров дахл дошта, он 11 сол пеш бо мақсади истеҳсоли қум, шағал ва корҳои сохтмонӣ бунёд шуда буд. Ин ширкат дар баробари ш.Душанбе дар дигар минтақаҳои кишвар, алалхусус ш.Кӯлобу н.Восеъ объектҳои зиёд дошта, бино ба иттилои СССР ширкати дигаре, ки ба феҳристи «сиёҳ»-и шаҳрдории Душанбе дохил карда шудааст-«Ниагара» (пудратчӣ) низ ба ин хонавода марбут мебошад.  

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

Ҷумъа, 05 Феврал 2021 15:49

   Соли гузашта бо сабаби хуруҷи пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо наздики 3000 донишҷӯёни тоҷик натавонистанд барои идомаи таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои дигар бираванд. 

   Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми ҶТ рӯзи 5.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ дар ин маврид гуфт, ки бештари донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой қабул шуда буданд, вале ин 2 кишвар онҳоро қабул накарданд. 

   - Мо танҳо тавонистем 1 гуруҳи донишҷӯёнро ба Ҷумҳурии Беларус фиристонему халос, боқӣ ё тариқи онлайн таҳсили хешро идома доданд ё ин, ки аз таҳсил дар хориҷа даст кашида, ба макотиби олии кишвари худамон гузаштанд. Новобаста аз ин, мо бо ҳамкорони хеш дар ФР ва дигар кишварҳо пайваста дар робита ҳастем, аммо бо шароити ба ҳамаатон маълум рафтуомад миёни кишварҳо бисёр маҳдуд шудааст. Аз тарафи мо ҳеҷ мушкиле нест. Мо омодаем бачаҳоро фиристем, вале кишвари дигар қабул намекунад - таъкид дошт Маҳмадюсуф Имомзода.

 

Ҷ.Мақсуд, СССР

 

Ҷумъа, 05 Феврал 2021 15:44

   Айни замон теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97 ҳазору 164 кӯдак расида, ин танҳо каме беш аз 15% кӯдакони кишварро ташкил мекунаду халос. 84% -и кӯдакони то сини томактабии мамлакат ба боғчаҳои кӯдакона фаро гирифта намешаванд. Дар ин бора Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми ҶТ рӯзи 5.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

   Чуноне ки мавсуф афзуд, имрӯз дар ВМБК 26 муассисаи томактабӣ, дар вилояти Хатлон-156 муассисаи томактабӣ, дар вилояти Суғд-276 муассисаи томактабӣ, дар ноҳияҳои тобеи марказ-84 ва дар ш.Душанбе 136 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд.

   - Солҳои 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 944 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард, вале бо мурури замон аксарияти онҳо, ки ба колхозу корхонаҳои азим тааллуқ доштанд, таҷдид гашта, самти фаъолияти худро иваз намуданд. Аҳолии мамлакат рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва норасоии боғчаҳои кӯдакона бараъло ҳис карда мешавад. Муттаассифона, танҳо каме беш аз 15% кӯдакони сини то мактабӣ, ба боғчаҳо фаро гирифта шуда, наздики 84% дигар ба боғча намераванд - гуфт муовини вазири маориф ва илми мамлакат.

 

М.Аминзода, СССР

 

 

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter