ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 17:36


Омӯзгори собиқадор, Зулфия Саидоваи 70-сола, сокини ноҳияи Сино, аз маҳаллаи 112 бо телефони 237 72 92 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 2 савол дорам. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон» қабул кард. Дар илова, кӯдакони ятими кулл ва атфоли бесаробонмонда ҳуқуқи гирифтани манзил аз давлат ва таҳсили ройгонро доранд. Акнун зан-модар бо 2 фарзанди ноболиғ аз шавҳараш расман ҷудо шудааст, бо сабаби ба бемории рӯҳӣ гирифтор будани шавҳар. Ва ҳоло модар барои нарасидани зарари ҷисмониву маънавӣ ба фарзандонаш дар хонаи волидайн зиндагӣ дорад. Шавҳар маъюби гурӯҳи 2 ҳисобида шуда, касалии ӯ табобатнашаванда аст. Нафақаи шавҳараш 89 сомонист ва ӯ ҳам дар хонаи падару модараш зиндагӣ дорад.
1.Пас дар ин ҳолат зан аз тарафи давлат чӣ имтиёз дорад?
2.Оё ин 2 фарзанди ноболиғ дар категорияи фарзандони бесаробонмонда дохил мешавад, ё не? Ва ҳам аз ҳуқуқҳои мазкур бархурдор буда метавонанд, ё на? Дар охир зан-модари онҳо бо ин масъала ба куҷо бояд муроҷиат кунад???
Ба ин суоли ман кӣ ҷавоб дода метавонад?

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 17:34


Майори дар нафақаи ВКД ҶТ Абдуссамад Саломов, аз ноҳияи Файзобод бо телефони 93 404 78 55 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки ман нисбати автобусҳои хатсайри №8 шикоят дорам. Ҳамин ҳозир вақте бо 1 бемор вориди автобус шудам, роҳбаладу ронандаи он на танҳо ман, ки кулли мусофиронро асабӣ намуд!!! Гап сари он аст, ки автобус сари ҳар қадам мисли Старексу Мерседес-спринтер истода мусофир мечинад. Болои ин, бо суръати сахт мошинро ронда, дар сурати манъ фармудан, якбора меистад. Дар натиҷа чандин мусофир болои ҳам афтиданд. Чун дар хусуси одобу фаросат гап задем, ҳам ронанда ва ҳам контролёри ӯ бо дашному ҳақорат посухат медиҳанд! Фикр мекунам, онҳо дар болои худ ягон роҳбар, нозир ва калон надоранд. Худашон шоҳу табъашон вазир!!!

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 17:28


Дуруд, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Банда дӯстдори театр ҳастаму сар аз Марям Исоеваю Комил Ёрматов, то навроҳтарин ҳунармандони соҳаи театрро дӯст медорам. Лек мехоҳам дар бораи марги шодравон-Ато Муҳаммадҷонов газетаи СССР таҳқиқоти махсусе гузаронад ва дар ин хусус беҳтараш Меҳрубон Салимшоев-таърихнигори СССР бинависад. Тибқи овозаҳо, марги Муҳаммадҷонов андак рамзӣ, ва ё печида будааст. Ҳар кас дар хусуси ӯ ҳар чӣ мегӯяд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки СССР дар байни ҳамкорону ҳамкасбони мавсуф пурсише мегузаронд, ки чӣ тавр номбурда аз саҳнаи Тоҷик абадан ғайб зад?

Собир Ҳасанов,
муаллими варзиш, н.Шаҳринав

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 17:21


Барои воқеан ҳам бечуну чаро решакансозии фасод Парлумони моро мебояд ҳар чӣ зудтар дар масъалаи паст кардани коррупсия қарори нави махсус қабул кунад, ки аз порагир дида, бештар порадеҳ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Зеро то он рӯзе, ки порадеҳ ҳаст, порахӯр ҳам боқӣ мемонад. Мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки ба хотири ришва додану ришва ситонидан кулли қонуншиканиву зиёдаравиҳо рӯйпуш карда мешаванд. Яъне, қонуни танзим ва дигар қонунҳо дигар дар коғаз мемонанд! Мутаассифона, сол ба сол роҳбарони идораю муассисаҳо 1 иқдоми «нек»-ро ба роҳ мондаанд, ки ҳар моҳ бо ҳар баҳона баҳудаву беҳуда аз зердастон иҷборан пул меситонанд, ки он ба фоидаи роҳбарону зарар ба кисаи зердастон, хоса, коргарони қаториву камбизоатон мешавад. Масалан, идораи сӯхторхомӯшкунӣ муассисаро ҷарима мебандад, вале роҳбари муассиса парвое надорад. Зеро пули ҷаримаро аз ҳисоби зердастонаш барзиёд ҷамъ карда, бо сари «баланд» месупорад. Ҳамин тавр зердастон аз тарси таҳдиду таҳқир ва фишоровариҳо, ба хотири маҳрум нашудан аз маоши ночиз дам фурӯ мебаранду халос.

Табаралӣ Авсақолов,
ноҳияи Фархор

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 16:58


Сафари ман ба маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа ғайричашмдошт сурат гирифт. Бояд барои аниқ намудани 1 факти ба редаксия ирсолшуда, субҳи барвақт рафта, то нисфирӯзӣ гашта меомадам. Аммо мулоқоти ғайриинтизор бо раиси шаҳр-Абдуалим Исмоилзода маро водор сохт, сафарамро тамдид намуда, бо ҳамкорам Баҳодур Уроқов-мухбири вилоятии СССР 1 рӯзамро дар Қӯрғонтеппа гузаронам. Он чизе, ки тӯли 1 рӯз дар ин шаҳр дидему шунидему гуфтем ҳатман бароятон дар поён хоҳем навишт, хоса, дар бораи қабули А.Исмоилзода, сӯҳбат бо эшон дар бораи шаҳру шаҳрдорӣ ва ташаббусҳои созандаи мақомоту мардум дар 1 соли охир, нақшаҳои бузурги дарпешистода барои дигаргун намудани симои зоҳирии Қӯрғонтеппа ва… Хулоса, рафтем!

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 16:54


БИДУНИ  ҒАРАЗ-9

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 16:37

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 16:21


27.12.1929. ГенСек Иосиф Сталин эълон намуд, ки СССР ба коллективикунонии сартосарӣ мегузарад ва сиёсати "барҳам додани кулакҳо чун синф"-ро пеш мегирад.

22.12.1943. Шӯрои Комиссарони Халқии СССР бо қарори худ матни суруди давлати (гимн)-и аввалин кишвари Шӯроҳоро ба тасвиб расонд. Акнун “чу дасти рус мадад намуд” ба тамоми забонҳои халқҳои СССР тарҷума гардид ва азёд карданаш ҳатмӣ буд.
22.12.1989. Дар Руминия низоми коммунистии Николай Чаушеску барандозӣ ва худи Чаушеску бо ҳамроҳии ҳамсараш ба қатл расонида шуд.
23.12.1947. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР рӯзи 1 январ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи Ид ва истироҳат эълон карда шуд.
24.12.1905. Дар шаҳри Лейпциги Олмон аввалин шумораи рӯзномаи марксистии "Искра" (“Шарора”) рӯи чоп омад. Он поярези матбуоти РСДРП ва яке аз аносури таъсиргузор дар ғалабаи баъдии болшевикон шуд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 13

Китобҳо

Flag Counter