ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 31 Январ 2018 15:16


Давлатзода Қудрат Қамбар, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки ҷомеа бояд дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ фаъол бошад ва аз ҳамин лиҳоз Агентии “Тоҷикстандарт” дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро роҳандозӣ кардааст.
Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи ичтимоии Фейсбук, дар шабакаҳои Инстаграм, Вайбер таҳти рақами 988 50 22 22 фаъол гардида, истеъмолкунандагон ва харидорон дар ҳолати ошкор шудани маҳсулоти пастфисат ва мӯҳлати истифодааш гузашта бо суроғаҳои расмӣ метавонанда Агентӣ муроҷиат намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1314 қуттӣ чой, 1030 кг. хамиртуруш, 370 кг. ранги сохтмонӣ, 42 тонна ғуррагач ва ширеши сохтмонӣ бо тамғаи қалбакӣ ошкор ва аз муомила гирифта, нисбати соҳибкорон чораҳои маъмурӣ андешида шудааст.

СССР

Чоршанбе, 31 Январ 2018 15:03


Имрӯз барои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ба саломатӣ хатарнок ва дар ин замина боз ҳам пурқувват кардани пояи техникии озмоишгоҳҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҳукумати ҶТ ба маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ таҷҳизоти гуногун харидорӣ гардида, қисми зиёди он алакай ба кишвар ворид ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин робита дар охири соли 2017 3 озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентӣ-дастгоҳи марказӣ, Суғд ва Хатлон барои гирифтани аккредитатсияи байналмилаллӣ аз тарафи коршиносони хориҷӣ баҳогузорӣ шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуоти директори Агентии мазкур Давлатзода Қудрат Қамбар ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Чуноне ки мавсуф иброз дошт, дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар алоҳидагӣ аз тарафи нозирони андоз ва якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2017 ба миқдори 3058,7 тонна маҳсулоти гуногуни хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда ба қайд гирифта шуд, ки аз он 1089,5 тонна аз ҷиҳати бехатарӣ ва 1969,2 тонна аз рӯи тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шуданд.
- Дар натиҷаи амалӣ намудани назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ аз тарафи нозироти савдо маҳсулоти ғайрихӯрока, аз қабили 1316 қуттӣ тамоку, 45,5 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 10899 дона фурӯзонакҳои тафсон, 2938 адад фурӯзонакҳои каммасраф, 3400 метр ноқил ошкор гардиданд, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ набуданд,-афзуд Давлатзода Қудрат Қамбар.

СССР

Чоршанбе, 31 Январ 2018 14:34



Дахма
Дар авохири моҳи октябр ва аввали ноябри с.1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ аён шуд, ки Владимир Ленин-поярези инқилоби Октябрӣ нафасҳои охиринро сипарӣ мекунад. Баъди дарёфти ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизби болшевикӣ бо ташаббуси Иосиф Сталин дидори махфие сурат гирифт. Дар он Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат варзиданд.

Чоршанбе, 31 Январ 2018 14:24


26.01.1953. Дар шаҳри Брюссел конфронси нахустини Шӯрои ҳамкории гумрукӣ баргузор гардид. Дар ин конфронс Ташкилоти байналмилалии гумрук созмон дода шуд. Имрӯз ин ташкилот зиёда аз 150 кишварро дар бар мегирад. Аз соли 1983 бошад рӯзи таъсиси ин ташкилот чун рӯзи байналмилалии гумрукчиён қайд карда мешавад.

26.01.1968. Дар баҳри Миёназамин киштии зериобии исроилии "Даккар" ва киштии зериобии фаронсавии "Минерва" ҳамзамон нопадид гаштанд. Ҷолиб ин аст, ки ин 2 киштии зериобӣ дар масофаи 1000 мил аз ҳам дур қарор доштанд.
26.01.1997. Дар Ичкерияи мустақил интихоботи президентӣ баргузор ва Аслан Масхадов дуввумин президенти Чеченистон интихоб гардид.

Чоршанбе, 31 Январ 2018 14:20


Сооронбой Жээнбеков, президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон пагоҳ 1.02.2018 бо сафари нахустини расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад омад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар назар аст Сооронбой Жээнбеков зимни сафари худ бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масъалаҳои мубрами байни 2 кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Чоршанбе, 31 Январ 2018 12:10


Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ш.Истаравшан 858 млн. 040,6 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳамаи нишондиҳандаҳои кишоварзӣ беҳбудиҳо дида мешаванд. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо 35598,7 тонна, картошка 35986 тонна, сабзавот 72282 тонна, мевагиҳо 9559 тонна, ангур 26059 тонна, полезиҳо 10344 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 3153 тонна, полезӣ 1129 тонна, мева 2440 тонна ва ангур 548 тонна зиёд мебошад. Мувофиқи шаҳру деҳоти Истаравшан дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 2114 гектар майдони боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, аз он 143 гектар боғи меваи донакдор ва 1971 гектар боғи меваи тухмдор мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли мевагиҳо дар ин давра 9 ҳазору 559 тоннаро ташкил медиҳад, ки он 134,3 фоизро дарбар гирифт. Дар ин бора Баҳром Иноятзода, раиси ш.Истаравшан зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 29.01.2018 доир ба ҷамбъасти натиҷаҳои иҷтисодӣ-ичтимоиӣ шаҳр баргузор гашт, иттилоъ дод.
Дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, буҷети давлатӣ ба андозаи 144 млн. 111 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 5 мил. 593 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ низ барзиёд иҷро гардида, 95 млн. 235 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Саноатчиёни шаҳр дар соли 2017 иҷрои нақшаро ба маблағи 355 млн. 907 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки он 116, 6 %-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ташкил намудани 9 корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи иқтидорҳои бозистода яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шумор рафта, дар натиҷа зиёда аз 2 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Дар ин давра гӯшт – 4 ҳазору 872 тонна, тухм – 16 млн. 592 ҳазор дона истеҳсол гардидааст, ки он мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 113 тонна, тухм 2 млн. 508 ҳазор дона зиёд гаштааст.
Дар ин давра сохтмончиён пурсамар меҳнат намуда, иҷрои корҳои сохтмониро дар ҳаҷми 29 млн. 542,7 ҳазор сомонӣ иҷро карданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан зиёда аз 30 иншоотҳои гуногун таҳти сохтмон қарор дошта, онҳо тибқи нақша-чорабинӣ мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин давра бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорон дар шаҳр сохтмони иншоотҳои азиму калонҳаҷм оғоз гардида, биноҳои 12 ва 16 ошёнадор ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.

СССР

Чоршанбе, 31 Январ 2018 12:06


30.01.2018, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас”, Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини н.Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо к.Борбад аз самти к.Ҷомӣ ба самти к.Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галинҷон Минярович, соли таваллудаш 1973, рӯзноманигори ТВ “Спутник”, сокини кӯчаи Борбадро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Фастҳуддинов Г.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои аз ВКД ҶТ расида, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР аз марги нобаҳангоми дӯст, ҳампеша ва журналисти шинохта Галим Фастҳуддинов сахт андӯҳгин буда, ба кулли дӯстон ва наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди мутъаол сабри ҷамил хоҳон аст.

Сешанбе, 30 Январ 2018 10:51

Агар Ҳурматзода бо 1 журналист чунин рафтор кунад, пас бо сокинони оддӣ чӣ гуна бархӯрд дорад!? Шояд барои ҳамин ба қабули раис 3-4 нафар беш намеоянд???

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter