ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 28 Июн 2018 17:41

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 17:24

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 17:05

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:59


Вақте Барбаросса бармехезад дунё дам фурӯ мебандад ва сукут мекунад.

Адолф Гитлер


Амалиёти «Барбаросса» (ба хотири императори олмониҳо-Фридрих Барбаросса) номгузорӣ шудааст. Ин амалиёт маҳз чунин унвонро гирифт, ки бо он Германияи фашистӣ чун одати ҳамешагӣ бе эълони ҷанг ба СССР дарафтод. Ба нақшагирии амалиёт 21.07.1940 оғоз шуд. Нақшаи амалиёт, ки зери роҳбарии генерал-Ф.Паулюс кашида шуда буд, 18.12.1940 бо дерективаи №21-и Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт) тасдиқ шуд. Умуман, қарори ҳамла ба СССР ва нақшаи умумии амалиёти ояндаро Гитлер баъд аз ғалаба бар Фаронса 31.07.1940 ба генералҳои худ гуфт: «Умеди Англия танҳо Россия ва Америка аст. Агар умед ба Россия барбод биравад Америка низ аз Англия даст мекашад чун торумори Россия ба пурзӯршавии Япония дар Шарқи дур меоварад. Агар Россия торумор гардад Англия охирин умеди худро аз даст медиҳад. Он вақт дар Аврупо ва дар Балкан мо ҳукмронӣ хоҳем кард. Пас Россия бояд аз байн бурда шавад. Вақти амалиёт-баҳори соли 1941. Ҳар чӣ зудтар мо Россияро торумор кунем беҳтар аст.

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:52


Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ мақолаи журналист Нурулло Ҳасановро бо номи «Оши 1х1-и пластики Хитоӣ!» (СССР, 12.04.2018) мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дод. Дар давоми с.2017 ва 3 моҳи аввали с.2018 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии биринҷи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миқдори 14 449 кг ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Тибқи қарорҳои суд ба маблағи 28818 сомонӣ ҷарима ва ба маблағи 2635 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида, ба маблағи 27076 сомонӣ мол мусодира карда шудааст… Дар сурати пешниҳод кардани далелҳои мушаххас оид ба қонуншиканӣ дар соҳаи гумрук Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ омодааст чораҳои заруриро саривақт роҳандозӣ намояд.

А.Турсунзода, муовини якуми Сардори хадамот

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:32


Хонанда, „дӯст „ва „мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Зебо Муродова-муаллимаи собиқадор аз ноҳияи Фирдавсӣ бо газетаи мардумии СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки дар бораи исрофкорӣ ва дастурхони идонаи мардум „чанд „ҷумла „гуфтаниям. „Ҳамаи „мо „шоҳидем, „ки 1 рӯз пеш нарху навои маҳсулоти хӯрока ва қаннодиҳо дар пойтахт хело боло рафт. Иллати аслии ҷаҳиши „нархи „маҳсулот „худи „мо-шаҳрвандон „ҳастем. Инаш ба хайр, агар бозориҳои дар дастурхон гузоштаи „худро „пурра „ва „бе „исроф „истеъмол „кунем. „Аммо намекунем! Ороиши идонаи мо аз тарс ва баҳсҳои „ҳамсоядорист! „Дар „охир „чӣ „мешавад? „Ҳама „бо чашми сар мебинем, ки 2-3 рӯз пас аз ид мардум нозу неъматҳои идонаи худро, аз қабили, тарбузу харбузаву ангур, банану киви…, аз рӯи дастурхон гирифта, ба мусор мепартоянд. Зеро дигар чӣ ҳам мекунанд? „Яхдони „он „қадар „ҳам „калон „надоранд, „ки „то 1-2 ҳафта нигоҳ доранду ба оҳистагӣ истифода баранд. „Магар „ин „убол „нест? „Ҳамчун „мусулмон „медонем, ки исрофкорӣ ҳаром аст, аммо боз ҳам баднафсӣ ва исрофкорӣ мекунем! Охир, ин мусалмонӣ нест-ку!

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Шерзоди „Муҳаммадназар „аз „ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар сӯҳбати те¬лефонӣ „бо „СССР „гуфт, „ки „роҷеъ „ба „кору „фаъолияти „пост-терминалҳо 2 гуфтанӣ дорам:
1.Чаро „пост-терминалҳое, „ки „барои „телефонҳои „мобилии „худ „маблағ „мегузаронем, „купюраҳои „10-20-сомонаеро, ки баромадашон соли 2017 аст, қабул намекунанд? Борҳо бо ин мушкил рӯ ба рӯ шудаам. Дар сурати қабул накардан маҷбурем, ки 10-сомонаи „соли „2017-ро „бо „10-сомонаи „с.1999 „дар „ягон „дӯкону „мағозаи „хӯрокворӣ „иваз „карда, „баъд „ҳисоби телефони худро пур кунем…
2.Тавре „ёд „дорем, „2 „сол „пеш „соҳибони „пост-тер¬миналҳо тибқи супориши Ҳукумати шаҳри Душанбе зери „танқиди „сахт „қарор „гирифта, „бидуни „фоиз „маблағи „гузоштаамонро „ба „телефонҳои „мобилӣ „мегузарониданд. Ҳоло ин ҳолат дида намешавад. Ва дар сурати ҳисоб-баланси телефонро бо 10 со¬монӣ пур кардан, ҳатман чанд дирам меситонанд… Илова бар ин, аксарияти пост-терминалҳо ҳангоми ҳисобпуркунӣ чек-квитансия намедиҳанд.

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:18


Воқеан тайи солҳои охир футболи Тоҷик аз ҷиҳати моддию техникӣ рушд намуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дастаҳои футбол аз сари нав эҳё гашта, инчунин дар муассисаву ташкилотҳои давлатӣ дастаҳои хурди футбол ташкил шуда истодааст, ки ин аз оммавияти ин навъи варзиш дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамаи комёбиҳои беназири варзишӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст. Моҳе қабл аз ҷониби ФФТ ба дастаи «Ҳосилот»-и н.Фархор барои машқу тамрини футболбозони ҷавон 10 адад тӯб, 1 адад сару либоси варзишӣ кӯмак расонида шуд, ки мо-сокинони ноҳия ва мухлисони ин дастаи шуҳратёр миннатдории хешро ба роҳбарияти олии ФФТ мерасонем. Хотирнишон бояд сохт, ки ин маротибаи аввал нест, ФФТ ба даста кумак мекунад. 2 сол қабл низ ҳангоми ба мушкилоти молиявӣ дучор гаштани даста ФФТ ягона кӯмакрасони даста буд. Ба ҷавони донишманди ғайюру тавоно Рустами Эмомалӣ муваффақияти беназир орзумандем.

Акбари Абдусамад,
мухлиси Ҳосилот, н.Фархор

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 11

Китобҳо

Flag Counter