17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет ба кор шурӯ кард. Ин аввалин оператори мобилӣ дар ҳудуди СССР буд, ки кишварро ба шабакаи Интернет мепайваст.
18.10.1920. Дар бинои Хонаи матбуоти Маскав Анҷумани I-уми Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ баргузор, низомномаи иттиҳоди нависандагони пролетарӣ қабул ва Ассотсиатсияи Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ (ВАПП) таъсис дода шуд.
18.10.1921. Дар РСФСР декрети таъсиси мухторияти Қрим қабул ва Қрим чун мухторият вориди Русияи шӯравӣ шуд. С.1945 ба вилоят табдил дода шуд ва с.1954 Никити Хрушев онро ба РСС Украина ҳадя кард. Аммо Русия с.2014 дубора Қримро ба тасарруфи худ даровард.
18.10.1929. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари «К-5». Он якумин тайёраи мусофирбарии СССР буда, бо теъдоди зиёд истеҳсол мешуд ва то с.1940 тайёраи асосии ширкати Аэрофлот будӣ.
19.10.1918. Дар РСФСР Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволже таъсис дода шуд. Он баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳои Поволже табдил ёфт ва с.1941 аз ҷониби Сталин пароканда карда шуд.
19.10.1956. СССР бо Япония эъломияи муштаракеро қабул карданд, ки дар он гуфта мешуд, миёни 2 кишвар ҳолати ҷангӣ қатъ шуда, 2 тараф муносибатҳои дипломатиро барқарор мекарданд. Инчунин тибқи ин эъломия СССР баъди имзои созишномаи сулҳ, мебоист ҷазираҳои Хаобами ва Шикотанро ба Япония медод, аммо он имзо нагардид.
20.10.1929. Дар СССР КМ ВКП(б) расман коллективикунонии сартосарии хоҷагии қишлоқро эълон намуд.
21.10.1917.Дар пойтахти Русия-ш.Петроград гарнизони ҳарбии шаҳр ба сӯи Кумитаи Муваққатии Инқилобӣ (ВРК) гузашт ва ин кори инқилоби болшевикиро осонтар намуд.
21.10.1937. Дар СССР авиаконструктор-Андрей Николаевич Туполев ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро ба ҷосусӣ ба фоидаи Олмон муттаҳам карданд ва равонаи зиндон шуд.
21.10.1948.СССР ба СММ пешниҳод кард, ки тамоми силоҳи атомӣ дар дунё аз байн бурда шавад. Аммо кишварҳои узви СММ пешниҳои СССРро сарфи назар карданд.
Ба андешаи ағлаби муаррихони садаи бисти тоҷик Инқилоби буржуазию демократии солҳои 1905 – 1907 ва Инқилоби феврали соли 1917 дар Россия шууру синфи заҳматкаши тоҷикро бедор кард ва он ба болоравии ҳаракати инқилобӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.
Соли 1916 дар шаҳри бостонии Хуҷанд шӯриши халқии зиддифеодалӣ ва зиддимустамликадорӣ оғоз ёфта, ба зудӣ дар тамоми Осиёи Миёна ва Қазоқистон паҳн гардид. Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия такони пурқуввате буд ба ҳаракати инқилобии заҳматкашони Туркистон.
ИНҚИЛОБ
Дар охири соли 1917 – ибтидои соли 1918 Ҳокимияти Советӣ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон дастболо шуд. Соли 1918 дар Помир ревком (кумитаи инқилобӣ) ба вуҷуд омад. Дар охири моҳи августи соли 1920 Ҳизби Коммунисти Бухоро (РХСБ) ташкил шуд.
Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди ҳозираи ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) Ҳокимияти Советӣ танҳо моҳи майи соли 1921 музаффарият ёфт.
Бо барпо шудани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна бо дастгирии империалистони хориҷӣ дастаҳои босмачиён амалиёт сар карданд. Онҳо болшевикон, комсомолон, фаъолон ва ҳар як шахсеро, ки Ҳокимияти Советиро дастгирӣ мекард, ваҳшиёна мекуштанд. Тамоми халқ ба муборизаи зидди босмачиён бархост ва дар миёнаи соли 1926 дар ҳудуди кишвар то ҷое ба ҳаракати босмачигарӣ хотима дода шуд.
РАСС ТОҶИКИСТОН
Қурултойи 5-уми Умумибухороии Советҳо (18-20 сентябри 1924) 4 соли мавҷудияти РХСБ-ро ҷамъбаст намуда, 19 сентябри соли 1924 РХСБ-ро Республикаи Советии Сотсиалистӣ эълон кард. Дар натиҷаи гузарондани таъиноти миллии давлатии Осиёи Миёна ва ташкил ёфтани ҷумҳуриҳои миллӣ 27 октябри соли 1924 РХСБ барҳам дода шуда, ҳудуди он ба таркиби ҷумҳуриҳои навбунёди РСС Ӯзбекистон, РСС Туркманистон ва РАСС Тоҷикистон (аз соли 1929 РСС Тоҷикистон) ҳамроҳ гардид.
Вилояти Махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати РАСС Туркистон шомил буд, ба Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ табдил ёфта мувофиқи қарори Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии СССР аз 2 январи соли 1925 ба ҳайси РАСС Тоҷикистон дохил гардид.
Ба ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон, ки вориси иқтисодиёт ва маданияти қафомондаи давраи собиқа шуда буд, муяссар гардид, ки марҳалаи капиталистии тараққиётро аз сар нагузаронда, ба роҳи дигаргунсозии сотсиалистии ҷамъият қадам ниҳад.
Съезди 1 – уми муассисони Советҳои Тоҷикистон (декабри 1926) дар бораи миллӣ кунондани замин ва об, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарорҳо қабул кард.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар