ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Октябр 2022 13:13

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 13:06

 

Омодагии ҳарбӣ

Дар аҳди шуравӣ ба масъалаи омодагии ҳарбӣ, чи дар мактабҳои миёна, чи дар ташкилоту муассисаҳо ва умуман аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Дар барномаи мактабҳои миёна, синфҳои 9-10 дарсҳои тайёрии ҳарбӣ мавқеи муайянро касб карда буд. Дар Университету институтҳои бонуфуз, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекард. Ҳамчунон дар давраи муайян барои афсарони эҳтиётӣ курсҳо – ҷамъомадҳои ҳарбии 65-рӯза (сбор) гузаронда мешуд. Ҳукумати вақт ба донишҳои сиёсӣ ва ҳарбии ҷавонон авлавият медод.

Ин навбат қиссаи диловезро аз чунин 1 ҷамъомади ҳарбӣ дар он овон, аз рӯзгори афсарони эҳтиётии тоҷик ёд хоҳем кард.

 «Сбор»

Журналисти шинохта Тиллои Некқадам ин қиссаро дар маҷмуаи хеш «Ҳаёти ибратбахш», аз рӯзгори ходими намоёни ҳизбӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Ғуломшо Ватаншоев дар риштаи тасвир кашидааст.

Комиссариати ҳарбии Тоҷикистон соли 1976 се тан аз афсарони эҳтиётиро ба «сбор» - ҷамъомади ҳарбӣ даъват намуда, ба округи ҳарбии Сибир, ба шаҳри Новосибирск раҳнамун месозад. Ғуломшо Ватаншоев, корманди комитети партиявии ноҳияи Ванҷ, Инъом Тоҳиров, муовини мудири шуъбаи саноати сабуки КМ ПК Тоҷикистон ва Сафар Сафаров, котиби идеологии комитети партиявии ноҳияи Данғара дар ин ҳайати бонуфуз шомил буданд. Ба ин курс аз гӯшаву канори СССР 101 нафар кормандони роҳбарикунандаи партиявӣ – комсомолии шаҳру вилоятҳо, комитетҳои марказии ПК ва ЛКСМ-и 15 ҷумҳурии бародарӣ дар шаҳри Новосибирск ҷамъ омаданд.

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 12:59

 

11.10.1922. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ воҳиди нави пулӣ - червонетс роҳандозӣ гардид.

11.10.1931. Дар СССР бо қарори ҳукумат савдои хусусӣ комилан манъ карда шуд ва савдогарӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо як кори зишт таъбир мешуд.

11.10.1961. Дар полигони Семипалатинскийи РСС Қазоқистон аввалин озмоиши зеризаминии бомбаи атомӣ анҷом дода шуд.

12.10.1924. Дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Украина Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд. 

12.10.1958. Дар маҷаллаи «Ватандӯсти Шӯравӣ» (“Советский патриот”) бори аввал шиори «Нақшаҳои ҳизб - нақшаҳои халқ» роҳандозӣ шуд.

12.10.1960.Дар ассамблеяи 15-и СММ роҳбари СССР Н.Хрушёв бо кафши худ минбарро кӯфта, таҳдид кард, ки «модари Кузка»-ро ба «Ғарби пӯсида» нишон медиҳад.

13.10.1921. Имзои созишномаи Карск. Ин созишномаи дӯстӣ бо миёнаравии РСФСР миёни Ҷамоҳири Шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон бо Туркия ба имзо расид.

14.10.1962.Тайёраи ҷосусии ИМА дар ҳудуди Куба мушакҳои шӯравиро ошкор намуд. Маҳз бо ин ошкоршавӣ буҳрони Кариб оғоз гардид.

14.10.1964.Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии КМ ҲКИШ ва роҳбари кишвар интихоб гардид. Ӯ дар ин маснад Хрушёвро иваз кард. 

15.10.1964.Дар СССР бузургтарин хатти интиқоли нафт бо номи «Дӯстӣ» (“Дружба”) ифтитоҳ ёфт, ки нафти Сибири Ғарбиро ба Аврупо интиқол медод.

15.10.1970.Якумин ҳолати рабудани тайёра дар СССР, ки ба шакли густарда миёни ҷомеъа ошкор шуд. Падару писар Бразинскасҳо тайёраи «Аэрофлот» Ан-24 ро, ки дар хатсайри Сухумӣ-Батумӣ парвоз мекард, рабуданд. Ҷинояткорон ҳамроҳи парвоз (бортправодница) Надежна Курченкоро ба қатл расонида, тайёраро маҷбур карданд, ки дар ш.Трабзони Туркия ба замин фарояд.

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 12:54

 

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 12:50

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 12:41

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 12:32

Чоршанбе, 12 Октябр 2022 12:29

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter