16.03.1917.Дар Петроград князи бузург-Михаил Александрович Романов, бародари Николаи 2, ба фоидаи Маҷлиси муассисон аз тоҷу тахт даст кашид.
23.03.1982. ГенСеки ҲКИШ Леонид Брежнев ҳангоми сафараш ба Узбекистон аз заводи тайёрабарории Тошканд дидан кард. Ҳангоми ин вохурӣ, коргарони зиёде барои дидани Брежнев болои чӯббандиҳои сохтмонӣ баромаданд ва яке аз ин чӯббандиҳо шикаста, ба болои Брежнев ва Шароф Рашидов, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, фурӯ рехт. Дар натиҷа чанбараи гардани Брежнев осеби ҷиддӣ дид.
30.03.1934.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Мурманск аввалин Олимпиадаи Қутбӣ барпо шуд. Дар Олимпиадаи қутбӣ мусобиқаҳои варзишӣ оид ба варзишҳои зимистона доир мешуданд.
2.03.1917.Дар Петроград корпартоии коргарони заводи Путилов оғоз гардид. Ин корпартоӣ яке аз заминаҳои асосии инқилоби февралӣ шуд.
16.02.1918. Шӯрои Литва дар нишасти худ, дар шаҳри Вилнюс таъсиси Ҷумҳурии демократии Литваро эълон намуд. Ин рӯз дар Литва чун рӯзи барқарорсозии давлатдории он ҷашн гирифта мешавад.
9.02.1918. Ҳукумати Ҷумҳурии халқии Украина дар Брест-Литовск бо иттиҳоди “Давлатҳои марказӣ” (Олмон, Австро-Венгрия, Туркия ва Булғория) созишномаи сулҳи ҷудогонаро ба имзо расонид. Ин иттиҳод истиқлолияти ҶХУро ба расмият шинохтанд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар