3.02.1918. КМИ (Кумитаи Марказии Иҷроия) бо эъломияи худ тамоми қарзҳои хориҷӣ ва дохилии давлати собиқи Руссияро лағв кард. Дар маҷмӯъ ҳукумати Николайи II 60 миллиард рубл қарздор буд. (шарҳи бештар дар саҳ.4)
26.01.1968. "Даккар"-киштии зериобии исроилӣ (бо 65 сарнишин) ва "Мираж"-киштии зериобии фаронсавӣ яку якбора нопадид шуданд. Аз ҳама аҷиб ин 2 киштӣ дар Баҳри Миёназамин, дар масофаи 1000 мил аз ҳам дур қарор доштанд.
20.01.1939.КМ ВКП(б) ба тамоми шӯъбаҳои НКВДи СССР мактуби махфиеро ирсол карда, дар он ба милисаҳо иҷозат дода мешуд, ки барои дарёфти нишондодҳо ба "душманони халқ" усулҳои ҷисмониро истифода баранд.
5.01.1949.Оғози машварати иқтисодӣ миёни намояндагони СССР, Болгария, Венгрия, Полша ва Чехословакия. Дар машварат қарор дода шуд, ки миёни кишварҳо Шӯрои Кумаки Иқтисодӣ (СЭВ) созмон дода шавад. Ин ташкилот аз соли 1949 то соли 1991 фаъолият кард ва ситоди марказиаш дар Маскав қарор дошт.
29.12.1932.Кумитаи Марказии ОСОАВИАХИМ дар СССР рутба ва нишони фахрии "Тирандози Ворошиловӣ"-ро ҷорӣ кард. Бо ин рутба ва нишон моҳиртарин тирандозони шӯравӣ мукофотонида мешуданд. Сабаби чунин ном гирифтани рутбаро муаррихон чунин нақл мекунанд: "Боре, Климент Ефремович Ворошилов ба ҳайси Комиссари халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва раиси Шӯрои Инқилоби Ҳарбии СССР (Реввоенсовет) дар тирандозии имтиҳонии командирон ширкат намуд. Яке аз командирон ҳини тирандозӣ аз бадии таппончааш баҳона кард. Ӯ таппончаро аз дасти командир гирифта, бо 7 тир 59 хол ба даст овард. Ӯ таппончаро ба командир баргардонда гуфт: "Силоҳ бад на, тирандоз бад мешавад". Вақте ин гап ба гӯши Сталин расид, баъди чанде рутбаи Ворошиловӣ дар СССР ҷорӣ шуд.
22.12.1943. Шӯрои Коммисарони Халқ (ШКХ)-и СССР матни Гимни нави давлатии аввалин кишвари Шӯроҳоро тасдиқ кард. Ногуфта намонад, ки аз соли 1922 то с.1943 дар СССР ба ҳайси гимни давлати суруди фаронсавии "Интернатсионал", ки ба коммунаи Париж бахшида шуда буд, истифода мешуд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар