ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Дек 19 2016

15.12.1917. Бо қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва ШКХ РСФСР дар Русияи шӯравӣ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. Ин ниҳод то соли 1932 фаъолият кард ва ба идораи хоҷагии халқи Русия (СССР) машғул буд.

Чоршанбе, Нояб 09 2016

11.11.1970. Дар шаҳри Маскав Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон созмон дода шуд.

12.11.1919. Сарфармондеҳи Артиши сафед дар Сибир адмирал Колчак ҳини ақибнишинӣ аз Омск захираи тиллои Русиро, ки соли 1918 дар Қазон ба тасарруфи сафедҳо даромада буд, ҳамроҳи худ бурд. Қисмати азими тилло то ҳол пайдо нашудааст.

Панҷшанбе, Нояб 03 2016

6.11.1917. Дар пойтахти Русия-шаҳри Петроград дастаҳои гвардияи Сурх бо кӯмаки аскарони гарнизони шаҳрӣ, ки ба тарафи болшевикон гузашта буданд, аз номи Шӯрои Петроград пулҳои болои дарёи Нева, почта, телеграф ва вокзалҳои шаҳриро ишғол намуданд. Ин амалкард оғози шӯриши мусаллаҳона алайҳи Ҳукумати муваққатӣ маҳсуб меёбад.

Панҷшанбе, Окт 27 2016

30.10.1941. Аввалин ҳамлаи Артиши олмонӣ ба Севастопол. Ин шаҳр бандари асосии флоти Баҳри сиёҳии Артиши Сурх ба шумор мерафт ва гирифтани он барои немисҳо аҳамияти вежае дошт. Артиши Сурх низ ба ҳеҷ ваҷҳ намехост ин шаҳри муҳими бандариро аз даст диҳад. Дар Севастопол задухӯрдҳои шадид оғоз гардиданд ва билохира тобистони соли 1942 ба немисҳо муяссар гардид, ки Севастополро ишғол намоянд.

Панҷшанбе, Окт 20 2016

21.10.1917. Гарнизони ҳарбии Петроград ба Ҳукумати мувақатӣ хиёнат кард ва ба тарафи Кумитаи Ҳарбии Инқилобӣ гузашт. Инқилоби болшевикӣ рӯз ба рӯз наздик мешуд. Дар ин Кумита болшевикон нақши асосӣ доштанд ва бо тарафдории гарнизон ба осони қудратро дар пойтахти Русия ба даст гирифтанд.

Ҷумъа, Окт 14 2016

14.10.1924. Дар СССР Ҷумҳуриҳои автономии Тоҷикистон ва Қаро-қирғиз таъсис дода шуданд.

15.10.1985. Дар пленуми КМ ҲК котиби аввали ҳизб-Михаил Горбачёв нақшаи бозсозии иқтисодиро дар қаламрави СССР эълон намуд.

саҳ 55 аз 60

Китобҳо

Flag Counter