ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 07 2016

8.10.1967. Дар Боливия муборизи инқилобгаро-Че Гевара дастгир шуд. Ӯ, ки яке аз тарафдорони ашаддии ақидаи коммунистӣ дар Амрикои Лотин будӣ, дар ғалабаи инқилоби коммунистии Куба бо ҳамроҳии Фидел Кастро нақши ҳалкунанда бозид. Баъдан вай барои барпо кардани инқилоби нав бо дастаи мусаллаҳи худ вориди Боливия шуд, лек мутаассифона, дар ин кишвар тарафдорони зиёде пайдо накард ва оқибат аз ҷониби нерӯҳои низомии ин кишвар дастгир ва ба қатл расонда шуд.

Чоршанбе, Сен 28 2016

30.09.1928. Дар рӯзномаи «Правда», ки асоситарин нашрияи Ҳизби болшевикӣ ба шумор мерафт, мақолаи Николай Бухарин-«Қайдҳои иқтисодчӣ» рӯи чоп баромад. Бухарин дар ин мақолаи худ, сиёсати иқтисодии Сталинро сахт зери танқид гирифт. Сталин ба касе чунин густохиро намебахшид ва дере нагузашта Бухарин бо ҷурми хиёнат ба ватан кушта шуд.

Душанбе, Сен 26 2016

23.09.1980. Дар СССР дар шаҳри Северодвинск калонтарин киштии ҷангии зериобӣ «Акула» ба об фароварда шуд.

23.09.1991. Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори манъи фаъолияти Ҳизби Коммунистиро бекор намуд. Қадриддин Аслонов аз вазифа сабукдӯш гардид ва ба ҷои ӯ Раҳмон Набиевро рӯи кор овард.

Ҷумъа, Сен 02 2016

2.09.1918. Лев Давидович Тротский сарфармондеҳи олии Артиши Сурх таъйин шуд. Ӯ дар пирӯзии Артиши Сурх дар ҷанги шаҳрвандии Русия нақши аз ҳама воло дошт ва тавонист, бо сафарбар кардани мутахассисони артиши собиқи подшоҳӣ ба Артиши Сурх маҳорати ҷангии артишро боло барад ва маҳз ба шарофати ин болшевикон тавонистанд, дар ҷанги гражданӣ зидди артиши сафед пирӯз шаванд.

Ҷумъа, Авг 26 2016

27.08.1959. Дар СССР қарор дар бораи «Мукофотонидани беҳтарин хатмкунандагони макотиби миёна бо медалҳо» ба имзо расид.

28.08.1941. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарор дар бораи «Кӯчонидани немисҳои навоҳии Поволжье»-ро қабул намуд. Немисҳо ҳангоми таъсисёбии СССР дар соҳилҳои Волга ҷумҳурии автономии худро таъсис дода буданд. Аммо баъди ҳуҷуми Олмон ба СССР ин шаҳрвандони шӯравӣ якбора ба душманони СССР табдил ёфтанд ва ҳамагӣ ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон кӯчонида шуданд.

Ҷумъа, Авг 12 2016


13.08.1941. Артиши румину олмонӣ дар рафти ҶБВ дар шарқтари Одесса ба соҳилҳои Баҳри сиёҳ баромада, Одессаро аз тарафи хушкӣ пурра ба муҳосира гирифтанд.
13.08.1961. Ҷумҳурии демократии Олмон (ГДР) сарҳадро байни Берлини ғарбӣ ва шарқӣ маҳкам кард ва ба сохтани девори Берлин шурӯъ намуд.

саҳ 56 аз 60

Китобҳо

Flag Counter