ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 24 2016

27.06.1929.Ҳукумати шӯравӣ қарори махсусеро қабул кард, ки тибқи он тамоми маҳбусони мӯҳлати ҳабсашон аз 3 сол боло аз зиндонҳо ба лагерҳои меҳнатӣ гузаронида мешуданд. Системаи азими ГУЛАГ дар СССР тадриҷан роҳандозӣ мешуд.

Чоршанбе, Июн 15 2016

17.06.1991. Дар нишасти пӯшидаи Шӯрои Олии СССР раиси вақти КГБ-Владимир Крючков гуфт, ки қаламрави кишвар аз ҷосусони ЦРУ-и Амрико пур шудааст. 

20.06.1918. ШКХ (СНК), ки органи ҳукуматӣ дар Русияи шӯравӣ маҳсуб меёфт, бо қарори худ саноати нафтии кишварро миллӣ кунонид. Аз ин ба баъд истихроҷу фурӯши нафт пурра ба ихтиёри давлат гузашт.

20.06.1945. «Байрақи ғалаба» барои ширкат дар Паради ғалаба ба Маскав оварда шуд. Ин байрақро 9 май сержантҳо Кантария ва Егоров ба болои Рейхстаги Берлин ҳамчун рамзи Олмони фашистӣ барафрохта буданд.

21.06.1941. Ба Артиши олмонӣ фармони махфии амалиёти ҷангӣ зидди СССР дар рӯзи 22 июн дода шуд. Дар ҳудуди СССР дастаҳои диверсионии немисҳо ба амалиёти худ шурӯъ карданд. Флоти баҳрии Олмон бошад ба минагузории даромадгоҳи халиҷи Фин оғоз кард.

Панҷшанбе, Май 26 2016

27.05.1934. Дар СССР унвони «Устоди хизматнишондодаи спорт» ҷорӣ карда шуд. 

27.05.1945. Дар наздикиҳои шаҳри Лин (Австрия) англисҳо ба иттифоқчиёни шӯравиашон корпуси казакии русро таслим карданд. Ин корпус, ки аз 37 генерал, 2200 афсар ва 30.000 казак иборат буд, аз Италия барои пайвастан бо Артиши Озодихоҳи Рус (РОА, Армияи генерал Власов) ҳаракат мекард ва ба англисҳо таслим шуд. Дар СССР ҳамаи казакҳо раҳсипори ГУЛАГ гардиданд.

27.05.1977. Гимни давлати (Суруди миллӣ)-и СССР тасдиқ карда шуд. Ин гимн то пошхӯрии СССР, яъне то соли 1991 арзи вуҷуд дошт.

28.05.1918. Озарбойҷон худро соҳибистиқлол эълон кард ва Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон таъсис дода шуд. Аммо ин ҷумҳурӣ баъди чанде аз ҷониби болшевикони озарӣ аз миён бардошта шуд.

28.05.1958. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон «Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи СССР» (ВДНХ) таъсис дода шуд.

Ҷумъа, Июн 10 2016

11.06.1931.Дар СССР мурофиаи судии делоҳои роҳбарони олирутбаи Артиши Сурх, маъруф бо «парвандаи Тухачевский» оғоз ёфт. Шаби 12 июн бо ин дело маршал Тухачевский ва фармондеҳони олирутбаи дигар-Якир, Убаревич ва Корк парронда шуданд. Ба ақидаи аксарият маҳз баъди ин дело дар АС тозакуниҳо оғоз шуданд ва Артиш то оғози ҷанг аз бисёр кадрҳои болаёқати худ маҳрум шуд.

Чоршанбе, Май 18 2016

21.05.1919. Шӯрои Комиссарони Халқӣ (СНК) Декрети махсусеро қабул кард, ки тибқи он китобҳои нашргардида пешакӣ сензура мешуданд ва инчунин кушодани чопхонаҳои хусусӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.

Чоршанбе, Май 11 2016

14.05.1990. Президенти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ-Михаил Сергеевич Горбачёв бо қарори худ, декларатсияи соҳибистиқлолии Литва ва Эстонияро ғайриқонунӣ эълон кард. Ин 2 кишвар аввалин ҷумҳуриҳои собиқ СССР буданд, ки барои истиқлолияти хеш гом бардоштанд.

саҳ 58 аз 60

Китобҳо

Flag Counter