ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 03 2021

24.02.1919. Ҳизби Коммунисти Венгрия аз мардуми венгр даъват кард, то ҳукумати буржуазии ин кишварро сарнагун кунанд.

24.02.1931. Қабули аввалин Сарқонуни РСС Тоҷикистон.

25.02.1921. Дар Гурҷистон ҳокимияти советӣ барқарор гардида, РСС Гурҷистон таъсис дода шуд.  

25.02.1932.  Дар Сталинобод аввалин Анҷумани Иттифоқҳои касабаи РСС Тоҷикистон доир гардид. 

25.02.1935.  Дар Сталинобод Анҷумани I-уми колхозчиёни Тоҷикистон ба кори худ шурӯ кард.

25.02.1946.  Дар СССР Артиши Сурх ба Артиши Советӣ тағйири ном намуд.

26.02.1917. Подшоҳи рус Николайи 2-юм фармони пароканда кардани Думаи давлатӣ ва қатъи бесарусомониҳо дар пойтахтро содир кард. Соати 12-и рӯз гирдиҳамоиҳои нав оғоз гардида, бо истифодаи Артиш пароканда карда шуданд. Баъди ин, корпартоии умумӣ дар Петроград шурӯ шуда, нерӯҳои низомӣ ба тарафи шӯришгарон гузаштанд. Оғози инқилоби февралӣ дар Россия.

27.02.1917. Дар Петроград шӯришгарон Арсенал ва Қасри Зимистониро тассаруф намуданд. Ҳукумати подшоҳӣ сарнагун карда шуда, Кумитаи муваққатии Думаи давлатӣ ба фаъолият шурӯ кард. Дар баробари ин, нерӯҳои инқилобӣ Кумитаи Иҷроияи вакилони коргарон ва аскарони Петроградро таъсис доданд.

27.02.1936. Дар Донишкадаи театрии Маскав аввалин студияи тоҷикӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин студия 32 донишҷӯи тоҷик таҳсил карда, касби актёрӣ меомӯхтанд.

27.02.1972. Дар пойтахи РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин конкурси эстрадии “Торҳои офтобӣ-72” баргузор гардид.

28.02.1917. Оғози инқилоби февралӣ дар Маскав.

1.03.1937. Дар Сталинобод Анҷумани IV-и Шӯроҳои РСС Тоҷикистон, Сарқонуни 2-юми Тоҷикистонро қабул кард.

1.03.1953. Роҳбари СССР Иосиф Сталин дучори сактаи мағзӣ (инсулт) гардид, аммо Берия ва Маленков даъвати табибонро ба назди ӯ манъ карданд.

1.03.1981. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бори аввал Рӯзҳои ҷавонони мактабхони Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Панҷшанбе, Фев 25 2021

18.02.1930 Бригадаи фурӯши ашёи гаронбаҳо ба хориҷ аз Оружейная палатаи Кремли Маскав ба маблағи 1 миллиону 300 000 рубл ҷавоҳирот гирифт. Ин ҷавоҳирот баъди чанде, бо маблағи 680 000 рубл ба хориҷа фурӯхта шуд. 

 19.02.1918. Оғози амалиёти “Сафари яхин”. Ин амалиёт барои наҷоти Флоти Балтикии рус аз дасти немисҳо роҳандозӣ гардид. Амалиёт дар шароити бисёр душвор, ки ҳамаҷоро яхбандии шадид фаро гирифта буд, амалӣ шуд. Дар натиҷа ба болшевикон муяссар гардид, ки 236 киштиро наҷот диҳанд. 

19.02.1930. Артистони Маскав бори аввал ба Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ омаданд ва дар Хонаи деҳқон (бинои Театри собиқи Маяковский) чанд барномаи консертиву намоишномаи театрӣ иҷро карданд.

19.02.1949. СССР бо ҳамроҳии РСС Беларус ва РСС Украина аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ берун омад

19.02.1954. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР Вилояти Қрим аз ҳайати РСФСР ба ҳайати РСС Украина гузаронида шуд. 

20.02.1926. Дар Душанбе аввалин стансияи гидрометеорологӣ таъсис дода шуд, ки обу ҳаворо дар кишвар пешгӯӣ мекард. 

20.02.1932. Ҳукумати СССР Лев Тротскийро, ки он ҳангом дар Норвегия сукунат дошт, аз шаҳрвандии СССР маҳрум намуд.

21.02.1920. Дар РСФСР бо қарори Раёсати ВСНХ Комиссияи давлатии электрикунонии Россия (ГОЭЛРО) таъсис дода шуд. 

21.02.1921. Ишғоли Душанбе аз ҷониби Артиши Сурх. Нерӯҳои Артиши Сурх Бухорои шарқиро ишғол карданд ва дар ин сарзамин ҳокимияти шӯравӣ таъсис дода шуд.

22.02.1921. Дар РСФСР бо Декрети ШКХ дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии ба нақшагирии умумӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Соли 1948 ин комиссия ба Кумитаи давлатии банақшагирӣ тағйири ном кард ва ба Шӯрои Вазирони СССР итоат мекард.

23.02.1918. Дар РСФСР даъвати умумии ихтиёриён ба Артиши Сурх оғоз гардид. Сабаби ин даъват, ҳуҷуми артиши олмонӣ ва шикасти пурраи артиши собиқи подшоҳӣ гардид, ки роҳро барои немисҳо ба Петроград боз кард. Солҳои тӯлонӣ ин рӯз дар СССР чун Рӯзи Артиши Шӯравӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд. 

23.02.1925. Дар Душанбе аввалин бемористони ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт. 

Панҷшанбе, Фев 18 2021

 

12.02.1921. Вуруди Артиши Сурх ба хоки Гурҷистон.

12.02.1921. Дар назди фармондеҳии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина комиссияи мубориза бо авбошӣ таъсис дода шуд. 

12.02.1958. Фуруди аввалин чархбол (МИ-1) дар фурудгоҳи Сталинобод

12.02.1990. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба хотири  

тазоҳуроти мардумӣ вазъияти фавқулодда ва соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Ин воқеа “Баҳманмоҳ” ном гирифта, дар ВАО-и Тоҷикистон васеъ инъикос карда шудааст. 

13.02.1918. ШКХ РСФСР декрети таъсиси “биржаҳои меҳнатӣ”-ро қабул кард. Ин “биржаҳо” муассисаҳои давлатӣ буда, дар бозори меҳнат фаъолияти миёнаравиро анҷом медоданд. “Биржаҳои меҳнатӣ” дар СССР то авохири соли 1930 фаъолият карданд ва бо барҳам додани бекорӣ дар ин кишвар, аз миён бардошта шуданд.   

13.02.1921. Дар Маскав княз Куропаткин-роҳбари анархистони рус фавтид. Барои ширкат дар маросими ҷанозаи ӯ анархистонро аз тамоми зиндонҳои Маскав, танҳо бо ваъдаи баргаштан озод карданд. Маросими дафни роҳбари анархистон дар қабристони Новодевичии Маскав баргузор шуд. Баъди маросими дафн тамоми анархистони зиндонӣ бо шиори “Анархия модари тартиб” ба зиндонҳояшон баргаштанд. 

13.02.1923. Дар Петроград кормандони ГПУ яке аз авбошони маъруфи рус Леонид Пантелкинро, ки бештар бо номи Лёнка Пантелеев маъруф аст, ба қатл расониданд.

14.02.1918. Болшевикон бо қабули як декрет тамоми заминҳои Россияро моликияти давлатӣ карданд. 

14.02.1922. Артиши муттаҳидаи Иброҳимбек ва Анварпошшо Душанберо ишғол намуданд. 

15.02.1918. Таъини Вячеслав Менжинский ба вазифаи Комиссари халқии молияи РСФСР.  

15.02.1989. Артиши СССР ба пуррагӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи ёдбуди ҷанговарони интернатсионалист ҷашн мегиранд. Баъди пошхурии Иттиҳод ҳам Рӯзи ёдбуд аз байн нарафта, онро дар бештари ҷумҳуриҳои собиқи то ба ҳол СССР ҷашн мегиранд.

16.02.1932. Ирсоли аввалин кӯмаки башардӯстона аз Тоҷикистон ба Арманистон. Ин кӯмак ба бошандагони шаҳри Зангезури РСС Арманистон, ки аз заминларза осеб дида буданд, расонида шуд.

Чоршанбе, Фев 10 2021

5.02.1925. Дар Бухорои шарқӣ Кумитаи Марказии Иҷроя (КМИ) барҳам дода мешавад.

5.02.1947. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО-и кишвар унвони “Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон” таъсис дода шуд. 

6.02.1925. Аввалин дастаи милиса бо сардории Абдулло Ёрмуҳаммадов, аз Бухоро вориди Душанбе гардид.  

6.02.1930. Дар РСС Тоҷикистон рӯзномаи “Деҳқони камбағал” таъсис дода шуд.

7.02.1936. Дар шаҳри Хуҷанд аввалин Анҷумани ҷумҳуриявии ордендорон ва пешқадамони соҳаи пахтакорӣ доир гардид. Дар ин Анҷуман пахтакорони беҳтарин аз сар то сари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 

7.02.1952. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав мурофиаи пӯшида нисбати аъзоёни маҳфили адабӣ-сиёсии зиддишӯравии мактаббачагони Маскав баргузор гардид. Аъзоёни ин маҳфил дар гектограф варақаҳоеро чоп карда буданд, ки дар онҳо системи интихоботии шӯравӣ ғайридемократӣ унвон гардида буд. Дар рафти мурофиа, аъзоёни ин гурӯҳ 3 нафарашон ба қатл, 10 нафарашон ба 25 сол зиндон ва 3 нафари дигар ба 10 сол зиндон маҳкум шуданд. 

7.02.1964. Дар рӯзномаи “Правда” мақолае рӯи чоп омад, ки бори аввал дар СССР расман даст доштани Сталинро дар қатли Киров ҳадс мезад. 

8.02.1919. Дар Русияи Шӯравӣ декрети “Ҷорӣ кардани системаи байналмилалии ҳисобкунии вақт” ба нашр расид. 

8.02.1955. Тағйироти ҷиддии кадрӣ дар СССР. Раиси Шӯрои Вазирон Георгий Маленков аз мансаб сабукдӯш ва вазири нерӯгоҳҳои барқӣ таъин карда шуд. Раиси Шӯрои Вазирон бошад, маршалл Николай Булганин таъин гардид. Маршал Георгий Жуков бошад, ба ҷои Булганин, вазири мудофиаи СССР таъин гашт.  Ҳамин тариқ, Хрушев бо кумаки ҳарбиён қудратро аз дасти ҳаммаслакони Сталин берун кашид, аммо баъди чанде ҳамин ҳарбиёнро ҳам пушти киштӣ гузошт. 

8.02.1987. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-ш.Душанбе даҳаи Рӯзҳои Тошканд баргузор гардида, фарҳангиёни зиёд ба Душанбе ташриф оварданд. 

9.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ КМИ “Қонуни асосии иҷтимоисозии замин”-ро ба тасвиб расонид. 

9.02.1918. Имзои сулҳи 1-уми Брест. Ин сулҳ миёни Украина ва Олмон баста шуд ва тибқи ин сулҳ, нерӯҳои олмонӣ чун кафили амният мебоист Украинаро ишғол мекарданд. 

9.02.1934. Имзои Антантаи Балканӣ. Ба Антантаи Балканӣ ё Антантаи хурд, Юнон, Руминия, Туркия ва Югославия шомил гардиданд. Ин 4 кишварро Фаронса пуштибонӣ мекард ва фаъолияти ташкилот зидди СССР равона гардида буд.  

Чоршанбе, Фев 03 2021

28.01.1918. Раиси ШКХ РСФСР Владимир Ленин декрети таъсиси Артиши Сурхи Коргарӣ-Деҳқониро (РККА) ба имзо расонид.

28.01.1959. Дастаи мунтахаби баскетболи СССР барои аввалин бор дастаи мунтахаби баскетболи ИМА-ро мағлуб кард.

28.01.1939. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Сталинобод ноҳияҳои Марказӣ, Роҳи оҳан ва Душанбе таъсис дода шуданд.

29.01.1956. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод аввалин кинотеатри намоиши филмҳои мустанад “Хроника” ифтитоҳ ёфт. 

29.01.1932. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ, ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд.  

30.01.1933. Дар Олмон Адолф Гитлер рейхсканслери кишвар таъин карда шуд.

30.01.1938. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод машварати илмӣ бобати истилоҳот ва имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он олимони варзидаи Маскав, Ленинград, Тошканд ва Самарқанд ширкат варзиданд.

31.01.1924. Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои СССР Сарқонуни аввали СССР ба тасвиб расид.

31.01.1927. Дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ ноҳияи Исфара таъсис дода шуд.

31.01.1957. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ ноҳия Хуҷанд таъсис дода шуд. 

1.02.1923. Дар шаҳри Ленинград аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ба фаъолият шурӯ намуд.

1.02.1992. Президенти Россия Борис Елтсин ва президенти ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ, дар шари Кэмп-Дэвиди ИМА эъломияи якҷояро бобати анҷоми Ҷанги сард ба имзо расониданд. 

2.02.1918. Дар Россияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ калисо аз давлат ва макотиб аз калисо ҷудо карда шуданд. 

2.02.1936. Шӯрои Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон Қарори таъсиси театри давлатии сайёри колхозиро ба тасвиб расонид.

2.02.1943. Торумори артиши олмонӣ дар муҳориба Сталинград. Ин рӯз дар Россия чун Рӯзи шӯҳрати ҳарбӣ ҳамасола васеъ ҷашн гирифта мешавад.

2.02.1969. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин телефон-автомати байнишаҳрӣ насб карда шуд. Ин телефон Душанберо бо Тошканд пайваст мекард.

Панҷшанбе, Янв 28 2021

21.01.1919. Дар пойтахти Фаронса, дар кохи Версал, Конфронси сулҳи Париж ба анҷом расид. Ин конфронс натиҷаҳои ҷанги ҷаҳонии аввалро ҷамъбаст карда, заминасозӣ ҷанги ҷаҳонии дуввум гардид.

21.01.1924. Дар Маскав Владимир Ленин, доҳии ҳизби болшевикӣ аз олам чашм пӯшид.

21.01.1935. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КИМ, ноҳияҳои Ленин ва Пролетар таъсис дода шуданд.

21.01.1945. Дар СССР Иосиф Сталин “бузургтарин сарлашкари ҳамаи давру замонҳо” эълон карда шуд.

22.01.1966. Дар шаҳри Полтаваи РСС Украина бузургтарин корхонаи истеҳсоли алмосҳои сунъӣ дар СССР сохта, ба истифода дода шуд. 

22.01.1969. Хизматчии ҳарбӣ Виктор Илин ба ҷони роҳбари СССР Леонид Брежнев сӯиқасд кард. Илин бо 2 таппонча қатори мошинҳои ҳукуматиро дар назди дарвозаи Кремл тирборон кард, аммо мошинро иштибоҳ гирифта, кайҳонавардони шӯравиро маҷрӯҳ сохт.

22.01.1991. Рӯзи сиёҳи рубли шӯравӣ. Дар ин рӯз бо қарори президенти СССР Михаил Горбачев, дар зарфи 3 рӯз тамоми пулҳои 50 ва 100 сӯмаи истеҳсоли соли 1961 аз муомилот бароварда шуданд.

22.01.1992. Дар пойтахти Беларусия шаҳри Минск сарони кишварҳои ИДМ бо хоҳиши Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ба ин кишвар Нерӯҳои муттаҳидаи худро равона кунанд. 

23.01.1924. Ҳукумати СССР қарор дод, дар Маскав барои нигаҳдории ҷасади В. Ленин мавзолеи нав аз мармар бунёд намояд. 

24.01.1918. ШКХ РСФСР Декрет бобати гузаштани Русия ба тақвими аврупоиғарбиро ба тасвиб расонид. Одамони 31 январ хоб рафта, 14 феврал бедор шуданд. Ҳамин тариқ, соли 1918 метавон кӯтоҳтарин сол дар таърихи собиқ СССР номгузорӣ кард.

24.01.1922. КМИ бо қарори худ тамоми шиносномаҳоро лағв кард. Ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бе мамониат дар ҳудуди РСФСР рафтуо намоянд.

24.01.1970. Дар шаҳри Хоруғ аввалин фабрикаи дӯзандагӣ дар Бадахшон сохта, ба истифода дода шуд.

25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарори “Қатъи ҳолати ҷанги миёни СССР ва Олмон”-ро нашр кард.  

26.01.1963. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон фурудгоҳи нави “Душанбе” ба фаъолият шурӯ кард.

26.01.1980. Давлати Канада бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим кард.

27.01.1935. Дар РССС Тоҷикистон бо қарори Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон луғати комили русӣ-тоҷикӣ нашр карда шуд. Инчунин дар назди КМ ҲК Тоҷикистон Шӯрои илмии алфавити нави тоҷикӣ таъсис дода шуд. 

саҳ 20 аз 60

Китобҳо

Flag Counter