ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 28 2022


20.12.1917. Дар РСФСР Комиссияи фавқулъоддаи умумирусиягӣ (ВЧК) барои мубориза бо аксулинқилобиён ва коршиканӣ таъсис дода шуд. Сарварии ниҳоди навро Феликс Дзержинский ба ӯҳда гирифт, ки бо тахаллуси «Феликси оҳанин» маъруф аст.

20.12.1935. Дар пойтахти СССР меҳмонхонаи «Маскав» ифтитоҳ гардид. Ин меҳмонхона асоситарин макони буду бошӣ меҳмонони хориҷии СССР буд ва бештари хориҷиён дар ин меҳмонхона сукунат доштанд.

20.12.1938. Дар СССР бо қарори ШКХ дар ҳамаи корхонаҳо дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд.

20.12.1939. Дар СССР, бахшида ба 60 солагии Иосиф Сталин мукофотҳои сталинӣ ҷорӣ гардид. Ин мукофотҳо ҳамчун ҳавасмандкунии созандагони фаъоли коммунизм истифода мешуданд.

20.12.1991. Бонки давлатии СССР фаъолияти худро қатъ кард. Тамоми сармоя ва амволи ин Бонк ба Бонки Марказии Русия интиқол дода шуд.

21.12.1991. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Алма-Ато дар дидори сарони 9 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ Эъломияи қатъи мавҷудияти СССР ба имзо расид.

22.12.1943. ШКХ-и СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро ба тасвиб расонид.

22.12.1989. Дар Руминия низоми коммунистии Николай Чаушеску сарнагун карда шуд.

22.12.1994. Парлумони Ҷумҳурии худэълони Қарабоғи Кӯҳӣ қарор дод, дар ин ҷумҳурӣ мансаби президентиро таъсис диҳад. Аввалин президенти Қарабоғ Роберт Кочерян интихоб карда шуд.

23.12.1947. Дар СССР бо қарори Раёсати ШО 1 январ рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд.

24.12.1989. Анҷумани 2-юми вакилони мардумии СССР бо қарори худ вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравиро ба хоки Афғонистон дар моҳи декабри соли 1979 маҳкум кард.

25.12.1939. Дар матбуоти шӯравӣ телеграмҳои ҷавобии Сталин ба Гитлер ва рибентроп нашр гардиданд. Дар ин телеграм аз ҷумла омада буд, ки «Дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун мӯҳру мум шудааст, бояд дурдароз ва мустаҳкам бимонад.»

25.12.1989. Дар Руминия роҳбари ин кишвар Николай Чаушеску ва ҳамсараш Елена баъди як муҳокимаи сареъ ба қатл расонида шуданд.

25.12.1991. Соати 19:00 тариқи телевизиони марказии СССР Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев бори охирин расман баромад намуд.

Чоршанбе, Дек 21 2022

12.12.1937. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Намоишгоҳи ҷаҳонии Порис ширкат варзид. Ин намоишгоҳ бо шиори «Санъат ва техноложӣ ва ҳаёти муосир» баргузор гардида, СССР дастовардҳои назаррасе дар он ба намоиш гузошт.

12.12.1949. Иттиҳоди Шӯравӣ Конвенсияи Женеваро бобати муҳофизати қурбониёни ҷанг имзо кард.

12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарор дод, нерӯҳои низомии СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунад. Баъди чанде, аввалин воҳидҳои низомии Артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданду ҷанги хонумонсузе дар ин кишвар оғоз гардид. Нерӯҳои Шӯравӣ танҳо соли 1989 Афғонистонро тарк карданд.

12.12.1993. Дар Русия бо овозидиҳии умумимардумӣ Сарқонуни Русияи Федеративӣ қабул карда шуд. Ин рӯзро дар Русия аз соли 1994 чун Рӯзи Сарқонун ҷашн мегиранд.

13.12.1969. Дар шаҳри Нижне Камски Тотористон сохтмони заводи мошинсозии Камск оғоз карда шуд. КамАЗ соли 1976 аввалин мошинҳои боркашро истеҳсол намуда, имрӯз ҳам мошинҳои ин ширкат дар роҳҳои собиқ Иттиҳод зиёд дида мешаванд.

14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ тамоми бонкҳо давлатӣ гардонида шуданд.

15.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ва ШКХ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. ВСНХ олитарин ва марказитарини ниҳоди идораи хоҷагии халқи Русия ба шумор мерафт. 

15.12.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системи мушакии балистикии байниқорраӣ (межконтинентальный) Р-7 ба истифода дода шуд. Ин системаро С.Королев ихтироъ кард ва акнун мушакҳои шӯравӣ метавонистанд ИМА-ро ҳадаф қарор диҳанд.

15.12.1991. СММ қарори қаблии худро, бобати нажодпарастӣ будани сионизм, ки соли 1975 қабул карда буд, бекор кард. Акнун СММ сионизмро, ҳаракати миллии қавми яҳуд, ки мақсади он мутаҳидкардан ва эҳёи миллати яҳуд дар сарзамини таърихӣ мебошад, унвон кард.

17.12.1926. Дар СССР аввалин саршумории аҳолӣ гузаронида шуд. Тибқи ин саршуморӣ аҳолии СССР 147 027 915 нафарро ташкил намуд.

17.12.1959. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон ниҳоди навӣ Нерӯҳои Мусаллаҳ - Нерӯҳои Мушакии Таъиноти стратегӣ созмон дода шуданд.

Чоршанбе, Дек 14 2022


4.12.1918. Дар Латвия Ҳукумати муваққати Шӯравӣ бо сарварии Петр Стучко таъсис дода шуд.

4.12.1946. Дар корхонаи автомобилҳои хурдҳаҷми Маскав (ин корхона аз соли 1968 номи комсомоли лениниро гирифт ва АЗЛК номида шуд) аввалин автомобили «Москвич-400» ҷамъоварӣ гардид.

4.12.1948. Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони СССР бобати ворид кардани технологияҳои муосир дар хоҷагии халқ, ихтирооти И. С. Брук ва Б.И. Рамеевро таҳти №10475 ба қайд гирифт. Ин ихтироот аввалин мошини барқии ҳисобкунӣ ё роёна буда, ин рӯзро мешавад чун рӯзи таваллуди компютери шӯравӣ унвон кард.

5.12.1931. Дар шаҳри Маскав калисои Исои Наҷотбахш тарконда шуд. Ин калисо яке аз калисоҳои бузург ва бонуфузи проваславӣ буда, барои диндорони рус аҳамияти вежа дошт. Калисоро баъди пошхурии СССР дубора барқарор карданд.

5.12.1941. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав. Ин ҳуҷум немисҳоро аз остонаи пойтахти Шӯравӣ дур андохт ва достони шикастнопазирии артиши Гитлерро хотима бахшид.

6.12.1917. Финляндия соҳибистиқлолии худро аз Русия эълон кард.

6.12.1925. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳи барқии Шатурск ба кор андохта шуд. Ин нерӯгоҳ, ки номи доҳии боллшевикон Владимир Ленинро соҳиб буд, он шабу рӯз бузургтарин ва самараноктарин нерӯгоҳи торфӣ дар ҷаҳон ба шумор мерафт.

6.12.1936. Дар СССР Сарқонуни нав, ки сарқонуни сталинӣ ном гирифт, қабул гардид. Ин Сарқонун Шӯрои Олии кишварро (парлумони ду палатаӣ) ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон кард.

6.12.1991. Дар Украина қонун «Бобати Нерӯҳои мусаллаҳ» қабул карда шуд. Ин рӯз аз соли 1993 бо қарори Радаи Олии Украина, чун Рӯзи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ҳамасола  дар ин кишвар ҷашн гирифта мешавад.

7.12.1941. Артиши императории японӣ ба ба базаи ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар Перл-Харбор ҳамла кард. Амрикоиҳо талафоти сангин доданд ва ин амалкарди японҳо муҷиб шуд, ки ИМА ба ҷанги ҷаҳонии дуввум ворид гардад.

7.12.1988. Заминларзаи шадид дар Арманистон ба вуқӯъ пайваст. Шиддати заминларза 6,9 балл бо ченаки Рихтерро ташкил дод ва шаҳрҳои Спитак (пурра)ва Лениноканро (80%) хароб кард. Инчунин чанд шаҳру деҳоти дигар ҳам зарари ҷиддӣ диданд.

8.12.1938. Дар СССР Лаврентий Берия ба ҷои Николай Ежов, комиссари корҳои дохила таъин гардид. Берия дар ҳол ба тоза кардани сафҳои НКВД шурӯ кард ва то моҳи марти соли 1939 дар тамоми вазифаҳои калидии ин ниҳод аллакай одамони Берия фаъолият мекарданд.

Чоршанбе, Дек 07 2022


28.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ), Декрет бобати ташкили кори суғуртавӣ дар РСФСР ро қабул кард.

28.11.1941. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар Либӣ англисҳо генерали олмонӣ фон Равенштейнро ба асорат гирифтанд. Фон Равенштейн аввалин генерали омлонӣ буд, ки дар рафти ҷанг ба дасти душман асир гардид.

28.11.1943. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси сарони се кишвари иттифоқчӣ СССР, Англия ва ИМА доир гардид. Бори аввал Сталин, Черчил ва Рузвелт мустақиман бо ҳам дидор намуда, масоили доғи байни ҳамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

29.11.1920. Дар Русияи Шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди коргаронашон аз 10 нафар бештар буд, миллӣ кунонида шуданд.

29.11.1936. Прокурори генералии СССР Вишинский дастур дод, то тамоми парвандаҳо бобати ҳолатҳои тасодуфӣ ва садамаҳоро дар кишвар, чун парвандаҳои харобкорӣ баррасӣ кунанд.

29.11.1941. Дар рафти ҶБВ артиши олмонӣ, партизанзан Зоя Космодемянскаяро ба қатл расониданд.

29.11.1945. Югославия ба Ҷумҳурии Халқи Федеративии Югославия табдил дода шуд. Сарварии кишвари навро Броз Тито ба ӯҳда гирифт. Соли 1963 ин кишвар боз тағйири ном карда, ба Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Югославия табдил дода шуд.

30.11.1918. Дар РСФСР Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсиси дода шуд. Дар раисии ниҳодии нав, роҳбари РСФСР Владимир Ленин қарор гирифт.

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст ва заъфи Артиши Сурхро нишон додааст. Ба андешаи бархе, Фюрери олмонӣ маҳз баъди анҷоми ҳамин ҷанг қарор дод ба СССР ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад. Лигаи миллатҳо бошад, ки нақши СММ-ро ифо мекард, СССР-ро барои оғози ин ҷанг таҷовузгар хитоб кард ва аз ҳайъати худ хориҷ намуд.

30.11.1979. Дар СССР барои беҳтар намудани кори истеҳсолотӣ, кумитаҳои назорати халқӣ ҷорӣ карда шуданд.

1.12.1918. Дар натиҷаи мутаҳидшавии Трансилвания бо Руминия раванди таъсиси кишвари соҳибистиқлоли миллии румин ба анҷом расид. Ин рӯз дар Руминия чун ҷашни миллӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

2.12.1918. Дар РСФСР бо қарори ШКХ тамоми бонкҳои хориҷие, ки дар Русия амал мекарданд, аз байн бурда шуданд.

2.12.1956. Фидел Кастро бо як гурӯҳи ҳаммаслаконаш, бо нияти мутаҳҳид кардани гурӯҳҳои инқилобӣ  дар вилояти Оренти Куба фуруд омад. Ин рӯз дар Куба чун Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ ҷашн гирифта мешавад.

Чоршанбе, Нояб 30 2022

 

20.11.1937.Дар СССР яке аз пешвоёни мазҳабии калисои православӣ, митрополити собиқ-Кирилл ба қатл расонида шуд.

20.11.1940. Маҷористон (Венгрия) ба созишномаи сегонаи зиддикомментернии кишварҳои фашистӣ ҳамроҳ гардид.

20.11.1945. Дар шаҳри Нюрнберги Олмон мурофиаи сарони Рейхи саввум оғоз шуд. Дар ин мурофиа 24 роҳбари олирутбаи фашистӣ мурофиа шуда, бештарашон ҳукми қатл гирифтанд.

21.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ монополияи давлатӣ ба савдои дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Ин раванд боиси ҷоришавии сиёсати «коммунизми ҳарбӣ» дар аввалин кишвари Шӯроҳо гардид.

22.11.1934.КМИ ва ШКХ СССР дастуруламал бобати Комиссариати Халқии Мудофиаи СССРро ба тасвиб расониданд. Комиссариати нав бо роҳи якҷояшавии Наркомати корҳои баҳрӣ ва Наркомати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ роҳандозӣ гардид.

22.11.1941.Ифтитоҳи роҳи мошингард аз болои кӯли Ладога ба Ленинград. Ин роҳ, ки бо «Роҳи наҷот» маъруф аст, танҳо фасли зимистон фаъолият мекард ва боиси наҷот додани ҷони ҳазорон сокини шаҳри муҳосира шуда шуд. Бори аввал тавассути ин роҳ 60 мошин орд ба Ленинград расонида шуд. Дар роҳи бозгашт бошад, мошинҳо кӯдакон ва занонро бо худ мебурданд.

22.11.1960. Дар СССР корхонаи мошинбарории Коммунари шаҳри Запороже аввалин мошини «Запоржетс»-ро истеҳсол намуд.

23.11.1942.Дар рафти ҶБВ Артиши Сурх гурӯҳи 330.000 нафар артиши олмониро бо сарварии фелдмаршали маъруф Фридрих Паулюс дар шаҳри Сталинград ба муҳосира гирифт.

24.11.1969.Раёсати Шӯрои Олии СССР ва кунгураи ИМА созишнома бобати паҳн накардани силоҳи атомиро ба тасвиб расониданд.

25.11.1926. КМ ВКП(б) қарор бобати сохтмони нерӯгоҳи барқии Днепрогэсро ба тасвиб расонид.

26.11.1924. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Муғулистон ва худи ҳамин рӯз Хурали бузурги мардумӣ Сарқонуни Муғулистонро низ қабул кард. Бо таъсиси Муғулистон лагери сотсиалистӣ дуввумин аъзои худро пайдо кард.

26.11.1971.Дар СССР музди миёнаи меҳнати коргарон ва хизматчиён муқаррар карда шуд.

Чоршанбе, Нояб 23 2022


15.11.1920. Дар Женево-пойтахти Швейтсария аввалин нишасти Маҷлиси Лигаи Миллатҳо оғоз шуд. Он қариб 30 сол ҷойгузини СММ буд ва ҳамон замон ҳам эътибори чандоне надошт.

15.11.1923.Дар СССР ГПУ ба ОГПУ тағйири ном кард ва аз ҳайъати НКВД бароварда шуд. Бо ин кор чекистонро аз қудрати судӣ маҳрум карданд.

15.11.1923.Таварруми азим дар Олмон. Дар ин рӯз саррофиҳои Берлин 1 доллари амрикоиро бо нархи 4 триллион марка мехариданд.

15.11.1982. Маросифи дафни котиби генералии ҲКИШ, Леонид Брежнев дар Майдони Сурхи Маскав. Вақте ҷасадро ба қабр мегузоштанд, тобут аз бандҳо канда шуд ва якбора ба замин уфтод. Ӯ яке аз 10 нафар аз роҳбарияти олирутбаи шӯравӣ буд, ки номаш дар қатори санги хороии девори Кремлин дарҷ шуд.

16.11.1921.Дар Русияи Шӯравӣ Бонки давлатии РСФСР ба кор сар кард. Амалиёти пулӣ тариқи ҳамин бонк анҷом дода мешуданд.

16.11.1922.Ҳукумати болшевикӣ, албатта бо дархости мардум 1 идда аз намояндагони қишри зиёиро аз СССР табъид ва намояндагони ин қишрро бо киштии мусофирбари «Пруссия» аз Русияи шӯравӣ хориҷ карданд.

16.11.1933.СССР бо ИМА муносибати дипломатиро барқарор кард.

16.11.1938.Дар СССР Кумитаи умумииттиҳодии корҳои тарбияи ҷисмонӣ ва спорт бо фармони худ самборо “аз ҷиҳати гуногуншаклии усулҳо ва аҳамияти дифоӣ» навъи спорти бисёр боарзиш номида, ин рӯзро рӯзи таваллуди расмии ин навъи гӯштин меҳисобанд.

17.11.1919.Бо қарори Шӯрои Инқилобии РСФСР Корпуси саворавӣ унтер-афсари собиқ Семен Буденный ба Армияи якуми савора табдил дода шуд. Армияи якуми савора, ки бештар аз казакҳои болшевикшуда таркиб ёфта буд, дар ғалабаи болшевикон нақши муҳим гузошт.

17.11.1923.Дар ҳайъати НКВД хадамоти нозирони минтақавии милитсия таъсис ёфт. 

17.11.1938. Дар СССР ШКХ ва Бюрои сиёсӣ қарор «Бобати боздошт, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишот»-ро қабул кард. Тибқи он, тамоми гурӯҳҳои дугона ва сегонаи ғайрисудӣ дар кишвар барҳам дода шуда, боздошти афрод танҳо бо қарори суд ё иҷозаи прокурор меанҷомид.

саҳ 5 аз 60

Китобҳо

Flag Counter